САРХАТИБ БУНГОҲИ ТИББӢ БУНЁД НАМУД

Нашр шуд korbar - пн, 04/08/2019 - 09:20

Дар партави ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ ва анҷом додани корҳои хайру савоб сархатиби ноҳияи Хуросон Одилхон Муъминов тасмим гирифтааст, ки дар деҳаи Баҳористони ҳамин ноҳия як бунгоҳи тиббии ҳозиразамонро бо харҷи 60 ҳазор сомонӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад. Бунгоҳи тиббии мазкур аз 5 утоқ иборат буда, минбаъд дар он 4 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд.