РЕЗААХБОР

Нашр шуд korbar - пт, 10/09/2020 - 08:36

 Дар ҳафтаи сипаригардида кормандони Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросим комиссияҳои ҷамъиятии «Осорхонаи милии Тоҷикистон» ва Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъмориро мавриди санҷиш қарор доданд.

Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки агар чанде фаъолияти комиссияҳои мазкур тибқи талаботҳои қонунгузорӣ ба роҳ монда шуда бошад ҳам, дар фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ қисман камбудиҳо мушоҳида карда мешавад.

Аз ин рӯ, кормандони Раёсат ба аъзоёни комиссияи мазкур вохӯрда, оид ба ҷиддитар намудани фаъолият ба онҳо дастурҳои методӣ доданд.

Рӯзи 06.10.2020 кормандони Раёсати танзим дар барномаи «Маросими мардумӣ»-и радиои Фарҳанг иштирок намуда, перомуни аҳамияти амалишавии Қонун, фаъолияти комиссияҳои доимӣ, ҳадафҳои Қонун, қонуншиканиҳо, баргузории маъракаҳо дар айёми панденимия ковид 19 ақидаронӣ карда шуд.