МАСЪАЛАИ ТАЛОҚ ВА ПАЁМАДИ ОН

Нашр шуд korbar - пн, 04/08/2019 - 09:47

Яке аз муҳимтарин рукнҳои зиндагии инсонӣ оила ва оиладорист ва арҷгузорӣ аз он вазифаи муқаддас барои барои ҳар фарди ҷомеа мебошад.

Лаззат ва ширинии ҳаёти инсон дар эҳтироми ҳамдигарӣ ва ба қадри ҳамдигар расидани зану шавҳар аст. Оилае, ки дар он ҳуқуқи якдигар риоя мешавад, дар он оила меҳру вафо, садоқат, муҳаббат, эҳтироми миллат, ватандӯстӣ ва аз ҳама муҳим насли поку солим ба дунё меояд ва ба воя мерасад.

Қуръони карим ҳам дар мавзӯи оиладорӣ фармудааст: Ва аз нишонаҳои Худо он аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон занон офарид, то бо онҳо ором гиред ва дар миёни шумо дӯстию меҳрубонӣ пайдо кард...(сураи Рум, ояти 21) Яъне, издивоҷ ва оиладорӣ қонуни муҳаббат, садоқат ва вафодорист. Пайғомбари Худо (с) ҳам издивоҷро нисфи дин хондааст ва дар ҳадиси дигаре фармудааст: “Дунё ҳамааш матоъ аст ва беҳтарин матоъи дунё зани солеҳа аст. Яъне зан барои мард аз ҷониби Худованд неъматест, бебаҳо.

Дар ҳама давру замон ва дар ҳама адён барои издивоҷ ва ҷуфт шудан байни зану мард қонунест ба номи “никоҳ ва барои ҷудо шудан байни ҷуфтҳо қонунест ба истилоҳи “талоқ. Никоҳ дар луғат иборат аст аз “зам(м), яъне, ҷуфт сохтан. Аз нигоҳи аҳли суннат ва ҷамоат, бо дарназардошти ҳувияти зан аз лиҳози саломатӣ, беҳбудии ҳолати зан дар ҳама шууни зиндагӣ, никоҳи мутъа ва муваққат ҷоиз нест, то мард дар ҳама ҳол то охири ҳаёт мувозиби он зан бошад. Талоқ дар луғат ба маънои озод кардан, ҷудо кардан, бардоштани қайду аҳд, раҳо кардан ва дар истилоҳи шариат талоқ аз ҳукми шаръие иборат аст, ки қайди никоҳ ва ресмони ақд ва аҳдро ба гуфтани калимаҳои махсус бардошта месозад ва ба ҳаёти якҷояи заношавҳарӣ хотима мебахшад.

Бо таассуф, ҳаводис ва мушкилоти ғайричашмдошт дар зиндагӣ ба вуқуъ меояд, ки пойдорӣ ва улфату дӯстии хонаводагиро барҳам мезанад. Дар сурате, ки робитаи зан ва шавҳар ба сабаби бадрафториҳои зан ё мард дар оила вайрон мешавад ва бо ҳеҷ восита ва илоҷ ислоҳ кардан имкон надорад, пас дар он сурат шариати ислом ва ҳам мақомоти марбутаи давлатӣ иҷозат медиҳанд, то робитаи ин зану мард қатъ карда шавад ва аз ҳам ҷудо шаванд. Яъне, ки талоқ дар ҳолати ночорӣ ва изтирорӣ илоҷи воқеа мегардад.

Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон бо вуҷуди талошҳои зиёде аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои динӣ шумораи пошхӯрии оилаҳо дар миёни ҷавонон рӯ ба афзоиш аст, ки ин боиси ташвиши ҷомеаи шаҳрвандӣ гардида аст.

Вуқуъи талоқ ва вайрон намудани оила аз нигоҳи дини мубини ислом амали бад ва шанеъ маҳсуб мешавад. Пайғомбарамон Муҳаммад (с) дар ин маврид фармудаанд: Зишттарин кори мубоҳ дар назди Худованд талоқ аст. Инчунин дар ҳадиси дигар фармудаанд: Издивоҷ кунед ва талоқ надиҳед, пас ҳароина Арши боазамати Парвардигор аз вуқуъи талоқ ба ларза меояд. Яъне, шариати ислом аз ибтидо мухолифи вайроншавии оила ва вуқуъи талоқ аст, магар дар ҳолати истисноӣ ва изтирорӣ.

Абӯлайси Самарқандӣ (р.) дар шарҳ ва эзоҳи як ҳадиси шариф менигорад, ки шайтони мардуд  вақте ки аз амри Худо ба саҷдаи таъзим намудан барои Одам (а) кибр варзида, ибо мекунад ва мардуди даргоҳ мегардад, қасам ёд мекунад, ки ба насли одам душманӣ мекунад. Яке аз дасисаҳояш ин аст, ки ҳар пагоҳ барвақт курсияшро болои об гузорида, лашкарашро ба наздаш даъват менамояд ва барои фитна андохтан ва корҳои бад дар байни бандагони Худо муваззаф месозад ва ҷоиза низ ваъда менамояд. Пас, вақте ки шаб шуд, лашкарашро ҷамъ месозад ва аз якояки онҳо пурсон мешавад, ки чӣ кореро анҷом додаанд. Яке гузориш медиҳад, ки ман дар байни фулон бандагони хос ва ботақво даромадам ва гуноҳро чунон ҷилва додам, то зино накарданд, раҳояшон накардам. Шайтон мегӯяд: Хело кори хубе кардӣ, аммо ҳоло ҳам сазовори ҷоизаи ман нестӣ! Дигаре ҳисобот дода, мегӯяд: Ман дар байни ду бандаи Худо чунон душманӣ андохтам, то хун нарезонданд қафо нагаштам... Ҳамин тавр, ҳама гузориш медиҳанд, аммо сазовори ҷоиза намешаванд. Дар ин миён яке гузориш дода, мегӯяд: Ман дар байни зану шавҳар даромадам ва онҳоро чунон шӯронидам, ки то шавҳар занашро талоқ надод, раҳояшон накардам. Пас, шайтони малъун ӯро ба наздаш даъват карда, навозиш намуда, дар оғӯш мегирад ва мегӯяд: Сазовори ҷоизаи ман ту ҳастӣ. Яъне, ҷудоӣ андохтан байни зану шавҳар ва паёмаду вахомати талоқ аз ҳама корҳои бад бадтар аст. Ин аст, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мефармояд:

То тавонӣ по манеҳ андар фироқ,

“Абғазу-л-ашёи ъиндӣ ат-талоқ.

Пас, вақте ки вуқуъи як талоқ Худованди мутаъолро дар ғазаб меорад ва Арши боазамати Аллоҳ аз ғазаб меларзад, моро месазад, ки хеле амиқ андеша намоем. Вақте ки шайтони мардуд-душмани Худоро хурсанд месозем ва никоҳ, ки аҳду паймон аст, онро мешиканем ва бахти ҳамсари ҷавонро талх ва ҳаёти ӯро месӯзонем, агар фарзанд дошта бошем, онҳоро ятиму дарбадар мегардонем, чунки агар бо ту бошанд, ба дасти модарандар меафтанд ва ҳар куҷо, ки бошӣ ҳамеша парешону ташвиш ҳастӣ аз инки модарандар ба онҳо чӣ мекунад ва агар бо модар бошанд, дар куҷо, бо кӣ ва дар кадом ҳол ва... саволҳои зиёде ҳамеша домангири мост.

Яъне, аз падару модар ҷудо, ятиму дарбадар. Ин чӣ гуна зиндагист ва чӣ фарзанддорист!? Ҳамон фарзанд чӣ бигӯяд, ки ман падару модар дорам ва дар оянда чунин фарзандро чӣ зиндагие интизор аст?!

Мутаассифона, имрӯз талоқ дар ҷомеаи мо ба ҳукми одат саҳлу сабук ва оддӣ шуда аст, ки ин доғи ҷомеа, доғи оила аст, балки доғи миллат ва камоли ноҷавонмардист. Ҷавонмард шахсест, ки дар баробари каму кости зиндагӣ босабру ботаҳаммул бошад. Қуръони карим мефармояд: ...Ва бо занон бар ваҷҳи писандида зиндагӣ кунед, пас шояд шумо чизеро написандед, ки Худо дар он хайри бисёрро пайдо кунад. (Сураи Нисо, ояти 19).

Сабабҳои вуқуи талоқ дар ҷомеа

Иллати аввали пошхӯрии оилаҳои ҷавон ин камфаҳмӣ, бемаърифатӣ ва камсаводии динӣ ва дунявии ҷавонон аст. Инсони боақл ва бомаърифат ҳаргиз ба чунин коре даст намезанад; Иллати дигари ҷудошавии оилаҳои ҷавон омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона мебошад. Ҷавони боақл ва бомаърифат дар издивоҷ бояд саросема нашавад, чунки ин савдои умр аст, боақлона бояд рафтор кард, то пушаймон нашавад.

Дар оилае, ки ба қадри якдигар бирасанд, муҳаббат ва баракат дар молу зиндагӣ ҳосил мегардад. Аз ин ҷост, ки як иллати дигари пошхӯрии оилаҳои ҷавон ин риоя накардани зан ва мард аз ҳуқуқи якдигар, монанди бадзабонӣ, беэҳтиромӣ нисбати ҳамдигар ва фош кардани асрори хонавода мебошад. Махсусан, хоҳарони азиз бидонанд, ки шавҳар барои онҳо аз ҳама, ҳатто аз падару модар ҳуқуқи бештар дорад. Расули акрам (с.) фармуданд: Саҷда намудан ҳеҷ касеро ба ҷуз Худо иҷозат нест ва агар иҷозат мешуд, ҳар оина мефармудам, ки занҳо шавҳарҳояшонро саҷда намоянд. Дар ҳадиси дигар мефармояд: Ҳар зане, ки аз дунё гузарад ва ҳол он ки шавҳараш аз он розист, вориди ҷаннат шавад.

Ин ҳама баёнгари қадру манзалати шавҳар болои зан мебошад, ки албатта манфиаташ, чуноне дар боло ишора кардем, ба худи зан бозмегардад.

Бад макуну тухми накӯӣ бикор,

То нашавӣ вақти дарав шармсор.

Абдулҳайи Муҷахарфӣ

Инчунин, ҷавонмард дар навбати худ бояд бидонад, ки зан барои ӯ ғулом нест, ӯ ҳам инсон аст ва болои шавҳар ҳаққу ҳуқуқ дорад. Падару модараш ӯро бо чӣ заҳамот тарбият карда, ба воя расонд ва ба шумо ҳамчун амин бовар кард ва ҷигарбандашро ба воситаи ақди никоҳ- ин аҳдномаи мустаҳкам ба ту супорид, пас ту ҳам амин ва бовафо бош ва дар аҳду паймонат устувор бимон, зеро хушии зиндагӣ ва лаззати он ба муносибати ту вобастагии сахт дорад. Худованди мутаол мефармояд: Ва ъоширӯҳунна би-л-маъруф. Сураи Нисо, ояти 19. Яъне, бо занон ба таври шоиста муошират кунед. Ҷаноби Паёмбар (с.) мефармояд: Комилтарини муъминҳо аз рӯи имондорӣ беҳтарини онҳост аз рӯи ахлоқ ва беҳтарини шумо касест, ки барои занҳо беҳтар бошад. Пас бо камоли эҳтиром нисбати якдигар ва бо риояи ин дастурот лаззати зиндагиро дармеёбед.

Сабаби дигари пошхӯрии оилаҳои ҷавон ба инобат нагирифтани ризоияти худи ҷавонон аст. Баъзе падару модарон ҳастанд, ки бо ҳадафи манфиатҳои худ ризоият ва зиндагии ояндаи фарзандонашонро ба инобат нагирифта, писар ва ё духтарашонро маҷбуран ба шахси хостаи худашон ба ақди никоҳ медароранд, ки ин амал ҳам хилофи шариати ислом ва ҳам хилофи қонун аст. Аз нигоҳи шаръ номзадҳо бояд якдигарро бинанд, ақл, ҳусн ва ахлоқи ҳамдигарро биомӯзанд, пас бо ризогии якдигар бо эҳсоси меҳру муҳаббат оила барпо кунанд, то ки дигар барои вайроншавии оила иллат ва баҳонае боқӣ намонад ва бо оилаи солим ва насли солим дар солимии ҷомеа саҳмгузор бошанд. Пас барои падару модар зарур аст, ки масъулияти худро эҳсос кунанд ва фарзанди ҷигарбандашонро пеш аз гусел кардан ба хонаи шавҳар баҳри зиндагии хушу гуворо насиҳат намуда, бифармоянд: Духтари азизам, кафолати падару модарат ба анҷом расид, аз ин пас барои ту ҳукм ва қадри шавҳар аз ҳукму қадри падару модарат болотар аст ва падару модари шавҳарат барои ту падару модар аст, коре кун, ки ризоияти онҳоро ба даст ор. Паёмбари Худоро пурсиданд: Кадом зан беҳтарини занҳост? Фармуданд: Он зан, ки чун шавҳараш ба ӯ нигоҳ кунад хушҳолаш бигардонад ва чун ба ӯ чизе бигӯяд итоаташ бикунад ва чунон коре анҷом надиҳад, ки сабаби нохушии шавҳараш шавад. Инчунин, падару модари писар низ фарзандашонро баҳри риояи заношавҳарӣ ба тамкин ва сабру таҳаммул ва эҳтироми падару модари арӯсаш насиҳат намоянд.

Умеди он дорем, ки дар натиҷаи насиҳати падару модарон ва пазируфтани фарзандон ва масъулиятшиносӣ ва бетараф набудани ҳар фарди рӯшанфикр ва ғамхори миллат ин доғи рӯз пошхӯрии оилаҳои ҷавон ба маротиб кам шуда, аз байн равад.

Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,

Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.

                             Ҳофизи Шерозӣ

         

Изомуддин Абдулҳайев,

сархатиби ноҳияи Нуробод, узви Шурои уламо