«ХИЁНАТ» МАҚСАДҲОИ НОПОКИ НАҲЗАТИҲОРО ИФШО НАМУД

Нашр шуд korbar - ср, 10/14/2020 - 14:31

Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» дар асоси далелҳои раднопазир дар бораи фаъолияти тахрибкоронаи ТТЭ ҲНИ дар солҳои  90-уми асри ХХ таҳия шудааст.  Ба намоиш гузоштани чунин  филмҳо, албатта, як иқдоми саривақтӣ ва зарурӣ  мебошад, зеро  имрӯз ҳам ТТЭ ҲНИ фаъолияти бадномкунии миллати тоҷикро аз хориҷи кишвар идома дода истодааст.

Фаъолияти ТТЭ ҲНИ аз рӯзи таъсисаш мазмуну мундариҷаи зиддитоҷикӣ дошта, аъзои ин ташкилоти террористӣ барои ташкили давлати  исломӣ дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта даст ба ҷиноят ва амалҳои мудҳиш бар зидди ҳамватанони худ, бахусус ба  куштори олимон, рӯзноманигорон ва аҳли зиёи тоҷик задааст, зеро ин қишри солимфикр садди роҳи интихобкардаи мутаассибон буданд ва мебошанд.
Мардуми Тоҷикистон баъди тамошои филм, ки корҳои ғайрибашарии  аъзои террористию экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломро ифшо намуд, дарк карданд, ки маҳз таъсири  амалҳои ҷинояткоронаи аъзои ТТЭ ҲНИ  садди роҳи пешравиҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар мамлакат шуданд.
Дар филм дида мешавад, ки   аъзои ташкилоти террористию экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом, ки ҳоло дар маҳбас аз карда пушаймонанд, дигаронро  ҳушдор медиҳанд, ки фирефтаи дурӯғпардозиҳо ва найрангҳои аҳримании роҳбарияти ташкилоти террористии мазкур нагарданд. Илова бар ин, онҳо  аз  кирдорҳои ғайринсонии худ ва хиёнати кардаашон  сахт пушаймонанд ва худро қурбонии дасти гургони ташкилоти террористию экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом меҳисобанд.
Филми «Хиёнат», ки дар рӯҳияи баланди ватандорӣ ва тарбиявӣ  таҳия гардидааст, муборизаҳои мардуми тоҷикро бар зидди душманони миллат, яъне ифротгароёни динӣ, хеле хуб инъикос намудааст ва паёме ба насли навраси тоҷик фиристода, таъкид мекунад, ки мо - посдорони истиқлоли миллӣ бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Тавассути тамошои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» ба ҳамагон муяссар гардид, ки ба амалҳои хунин ва  чеҳраи аслӣ, яъне «гургон дар пӯсти гӯсфандон»-ро бо ин ҳама корҳои зиште, ки ба сари миллати тоҷик дар солҳои 90-ум оварданд ва имрӯзҳо низ кӯшиши бесубот намудани вазъи кишварро доранд, шиносоии амиқ пайдо намоянд, ки онҳо кистанд ва чӣ мақсадҳои нопокро барои миллати худ доранд?
Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ибратомӯз аст. Шахсоне, ки оромиву осоиштагии давлату миллатро халалдор менамоянд, ҳатман  рӯзе дар назди халқу Ватан ҷавоб медиҳанд.

Р. Раҳимзода