ЧАНД НУКТА АТРОФИ ФИЛМИ МУСТАНАДИ “ХИЁНАТ”

Нашр шуд korbar - вт, 10/13/2020 - 08:57

Қисматҳои 4 ва 5-уми филми мустанади “Хиёнат”-ро тамошо кардам. Ҳангоми тамошои ин филм нафрати кас меояд, ки рӯсиёҳии онҳоро бинад, ҳатто ному насаби онҳоро шунавад, аммо чунон сухан мегӯянд, ки аз ин амалҳояшон ифтихор ҳам менамудаанд. Барои ин ноҷавонмардон дигар номусу виҷдон ва Ватан арзише надорад.

Болотарин арзиш барояшон гуфтаҳои хоҷагони хориҷиашон, ки барои амалӣ шудани идея ва ақидаҳои дигар ба ҳар разолату хиёнат даст мезананд муҳимтараст.

Ин дасисакориҳо ва бозиҳои пасипардагӣ бо дасти роҳбарони даври ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ роҳандозӣ шуда, мутаассифона имрӯз ҳам идома дорад.

Саркардаҳои ТЭТ ҲНИ дар ҳақиқат нақшаҳои пасипардагии хоҷагони хориҷии худро бобати аз байн бурдани мазҳаби мардуми тоҷик, дар Тоҷикистон амалӣ мекардаанд.

Тӯли солҳо мардуми тоҷикро азият дода, то ҳол фаъолияти ин ташкилоти террористӣ дар зери ниқобҳои гуногун ҳазорон нафарро ба гумроҳӣ бурда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд мазҳаби дигарро ба мазҳаби ҳанафӣ дар Тоҷикистон иваз намоянд.  Ин динфурӯшону мазҳабфурӯшон, ки барояшон аслан дину мазҳаб арзише надорад, худу хешовандонашонро дар мадрасаҳои динии Ҷумҳурии исломии Эрон омӯзонида, тухми хиёнату кинаро миёни мардуми бегуноҳи кишвар коштанд.  Ин разилон аз сулҳу суботи  миллии мо истифода намуда, хоҷагони хориҷии худро дар маҳфилу анҷуманҳои худ пазируфта, аз онҳо дарси хиёнат ва разолатро омӯхтаанд.

         Ин мазҳабфурӯшони ТЭТ ҲНИ барои омода намудан ва амалӣ намудани хостаашон чӣ қадар “хуни ҷигар” хӯрда, маблағҳои зиёде ҳам харҷ намудаанд, дар баробари ин аз мардуми бегуноҳ бо гирифтани гаравгон аз наздиконашон маблағҳои зиёд талаб карда, рӯзи сафеди онҳоро сиёҳ карда, бераҳмона онҳоро ба қатл расонданд.

Дар хона ва ё ноҳия ё шаҳр қариб  дар тамоми ҷумҳурӣ рӯзе набуд, ки доду фиғони модарону хоҳаронро мо нашунавем, чӣ қадар бародарону модарони мо азият мекашиданд. Бо тамошои ин филм дарду ғуссаи мардум, нафраташон нисбат ба ТЭТ ҲНИ  дубора зиёд шуд.

Баъди шикасти барояшон ғайриинтизории ТЭТ ҲНИ ором нагирифта, бо ҳар роҳу восита бо хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд мавқеи аздастрафтаро дар Тоҷикистон то ҳол ба даст оваранд. Аммо мардуми шарифи Тоҷикистон дигар ба ин дасисаҳои «дӯстон»-и хиёнаткор роҳ нахоҳанд дод.

Намоиши филми мазкур тариқи шабакаҳои телевизионӣ хеле саривақтӣ ва бамаврид аст.

З. Раҳимова,

сармутахассис