ХУШКАНДЕШОНИ МАЗҲАБӢ – ОМИЛОНИ ТЕРРОРИ САЙФ РАҲИМЗОДИ АФАРДӢ

Нашр шуд korbar - ср, 04/10/2019 - 10:37

Қишри фарҳангӣ ва маърифатпарвари ҷомеа дар ҳама давру замон ба хотири ташаккул додан ва тавсеа бахшидани зеҳниёти мардум, махсусан насли наврасу ҷавон аз тамоми имконоти фикрию эҷодӣ истифода бурда, роҳи саодату хушбахтиро ҷӯё мешаванд. Паймудани ин роҳ ва ба он ҳидоят намудани ҷомеа, чуноне ки аз сабақи таърих бармеояд, саҳлу осон нест. Вале, дар муқобил, ба хурофоту таассуби динӣ - мазҳабӣ ва ҳар навъ ҷаҳолате даст ёфтан кори осон ба назар мерасад, чунки он бидуни заҳмату талош ва саъю кӯшиш имконпазир мегардад. 
Кори хурофоту таассуб дар марзи шунидан ва кори донишу маърифат дар сарҳади омӯхтану мушоҳида кардану дидан қатъ мешавад. Аз ин ҷост, ки дидан аз шунидан фарқ мекунад ва дар заминаи андӯхтан, омӯзиш, мушоҳида, таҳлилу баррасӣ ба даст меояд. Шунидан бошад, дар асоси гӯш додан бидуни огоҳӣ ва таҳлилу баррасӣ сурат мегирад. Бинобар ин, шунидан кори муназзам ва системавӣ нест ва аз он наметавон ба унвони марҷаъ ва асли маънӣ истифода бурд. Зимнан, масали машҳури: «Шунидан кай бувад монанди дидан» бар тақвияти  маънои боло далолат мекунад. Муҳим ин аст, ки динмадорон ва рӯҳониёни муҳофизакору фурсатталаб барои мадди назар қарор додани омма (дақиқтараш, авом) аз методикаи маъмули мавъизоти динӣ - мазҳабӣ (амри маъруф), ки бар мабнои шунидаҳо, афсонаҳо ва нақлҳо (на дидаю мушоҳидаҳо, воқеиятҳо, ки мутааллиқи биниши фалсафӣ - илмианд) васеъ истифода мебаранд ва ин таҷриба дар бисёр ҳолатҳо дархӯр мешавад. 
Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар пушти диданҳо, мушоҳидаҳо ва воқеиятҳо, қабл аз ҳама, шахсияти бутуни эҷодӣ, ҳунарӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва миллӣ меистад ва пайваста бо «шуниданҳо»- и хушки хурофотӣ мубориза мебарад. Дар таърихи миллӣ ниҳоди фарҳангию маърифатӣ ва адабии миллӣ дар симои устод Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Шаҳиди Балхӣ, Ибни Сино, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Аттор, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва амсоли инҳо алайҳи ҷаҳолату таассуб ва хушкандешии динӣ қад алам намуда, фиребу найранги тӯдаи пуриқтидори мазҳабзадаро рӯйирост фош месохтанд. Равшангарони миллӣ, ки дар симои шоиру нависандагон, адибон, донишмандон, файласуфону мутафаккирон зуҳур мекунанд, дар таърих мисоли зиндаи шахсиятҳои мубориз алайҳи беадолатиҳои иҷтимоӣ ва динӣ - мазҳабӣ буда ва ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ нагузошта ва намегузоранд, ки ниҳоди ҷаҳолатписанд ормонҳои миллӣ ва мардумиро зери по кунад ва роҳи тараққиёту рушди инсониро бо муште хурофоту таассуби динӣ бубандад.
Мутаассифона, бар асари нодонӣ, бетафовутӣ, саҳлангорӣ, бетаҷрибагӣ, камогоҳӣ, безавқии ҷомеа ва муҳимтар аз ҳама, ба сабаби худхоҳию худбохтагии қишри мазҳабӣ дар кишвари мо ибтидои солҳои навадуми садаи бистум даргириҳо сурат гирифт ва оташи ҷанги шаҳрвандӣ ё бародаркушро доман зад. 
Маълум аст, ки ҷанги шаҳрвандии зиёда аз панҷсолаи мо (солҳои 1992-1997) дар баробари  хисороти  молию  ҷонӣ зарари зеҳнӣ, ақлонӣ, ҳувиятӣ, мафкуравӣ ва маданӣ низ бар ҷой гузошт. Дар масири муборизот як зумра адибону равшанфикрони миллӣ фаъол буданд ва дар муқобили дастандаркорони наҳзатӣ истоданд. Баҳсу мунозираҳои тезутунде, ки охири солҳои ҳаштодум ва ибтидои солҳои навадум байни муллоёни мутаассибу равшангарони асили миллӣ дар маҳаллаҳо ва шаҳру вилоятҳо ба вуқӯъ мепайваст, бештар бо таҳқиру таҳдиди муллоҳо анҷом мепазируфт. Аз тарафи дигар, муллоҳои мутаассиб, ки аксаран аъзои ташкилоти террористии наҳзатӣ буданд василаи радди маърака кардани қишри рӯшангарро ҳадаф қарор дода, онҳоро ба куфру бидъат муттаҳам менамуданд ва фатвои озори онҳоро беибо содир мекарданд. Террори фикрӣ ва физикии тоифаи рӯшангар он замон манзараи тарсу ваҳшатро дар саросари ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта буд ва ҳар кӣ ба бархӯрди фикрию ақидатии наҳзатиён бо рӯшангарон сари кор гирифтааст, хуб медонад, ки чӣ балое сари онҳо омада буд. 
Мусалламан, ҳадафи актҳои террористӣ ва амалҳои тахрибкоронаи тарбиятдидагони наҳзатӣ ноҷур сохтани вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва давра ба давра тағйир додани зеҳни мардум дар қиболи низоми сиёсии дунявӣ ва инсиҷом бахшидани тафаккури хурофотии динӣ - мазҳабӣ мебошад. Барои хушкандешони мазҳабӣ ва муддаиёни курсии давлатдорӣ чун рӯзи рӯшан маълум буд, ки бо шикасти маънавию физикии рӯшангар ва тарафи худ кашидани ин қишр дастгоҳи давлат ва ҳукумат заиф мешавад  ва тардиде барои пирӯзӣ намемонад. Бо ин нияти шум онҳо муборизаи беамонро бар зидди рӯшангарон тақвият бахшиданд. Ҳатто баъди суқути салтанати кӯтоҳи наҳзатӣ дар минтақа ва ба кишвари ҳамсояи Афғонистон паноҳ бурдани раҳбарияти наҳзатӣ  қатлу куштори насли равшангарони миллӣ поён наёфт. Дурнамои сиёсати наҳзатӣ ҳамеша бар ин нуқта – маърифаткушӣ ва ҷаҳолатписандӣ тамаркуз доштааст ва тамоми созмонҳои террористии мазҳабӣ, новобаста ба хостгоҳу муҳтаво, бо пешгомони раванди маърифатӣ ва фарҳангӣ мубориза мебаранд, чаро ки аз онҳо сахт дар ҳаросанд. Дар ин радиф, нависанда ва синамогари барҷастаи ватанӣ Сайф Раҳимзоди Афардӣ қарор дорад, ки аз ҷониби душманони миллат бераҳмона террор шуд.
Сайф Раҳимзод аз зумраи чеҳраҳои тобноки адабиёт, фарҳанг ва ҳунари миллӣ ба шумор рафта, бо диду нигоҳи нав ба арсаи адабиёту ҳунар ворид гардид. Нигоҳи нав ба адабиёт, тарзи тозаи тасвири бадеӣ, интихоби қаҳрамон, сужасозӣ, типпикунонӣ, фантазия ва тахаюлу образофаринии ҷадид навиштаҳои Сайф Раҳимзодро аз дигар навиштаҳо бартарӣ мебахшид. Гузашта аз ин, ӯ бо тафаккури нав ба синамои тоҷикӣ нуфуз кард ва дар доираҳои ҳунарӣ то имрӯз сухан аз дидгоҳи вижаи тахассусияш меравад. Муҳити маърифатӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии кишвар аз нависандаи мумтози муосир, ки бо сабки хос ба майдони адабиёт ва ҳунар пой гузошт, умедҳои зиёде дошт. Мутаассифона, миллати тоҷик ин чеҳраи бузурги фарҳангӣ, ҳунарӣ ва адабиро хеле барвақт аз даст дод. Ин шахсияти фарҳангӣ ва ҳунарӣ ибтидои солҳои дуҳазорум қурбони найрангу сиёсатбозӣ ва дасисаю фурсатталабиҳои гурӯҳҳои манфиатхоҳ  гардид. Сайф Раҳимзод дар синни 47-солагӣ бо дасти қотилони миллат террор шуд. Террори нависандаро дар маҷмӯъ, террори фикрӣ, ҳунарӣ, адабӣ ва фарҳангӣ номидан мумкин аст, зеро ки бо аз байн бурдани ӯ тарҳрезони қатл мехостанд тарсу ҳаросро дар миёни ҷомеаи маданӣ ва ҳунарии тоҷик роҳандозӣ намоянд ва аз ин тариқ, шоҳроҳи рушду тавсеаи миллиро бибанданд. Зарур мешуморем ба таври иҷмолӣ саҳфаҳоти зиндагинома ва фаъолияти нависандаи шаҳидро варақгардон кунем.
Сайф Раҳимзоди Афардӣ 20 ноябри соли 1953 дар деҳаи Дектури ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Гузаштагони нависанда дар деҳаи Афардии ноҳияи Ховалинг зиндагӣ доштанд. Аз ин рӯ, адиб «Афардӣ» - ро ба унвони тахаллуси нависандагӣ интихоб кардааст. Аз овони наврасӣ ба ҳунар ва адабиёт рағбат дошт. Фаъолияти фарҳангию ҳунариро аз вазифаҳои рассоми кинотеатри ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шурӯъ карда, солҳои 1969 – 1970 ҳунарпешаи Театри давлатии мазҳакавӣ- мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб буд. Баъдан ба таҳсил фаро гирифта шуда, соли 1975 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Адабиётдӯстӣ, завқи нависандагӣ, ҳунармандӣ ва ҷустуҷӯҳои эҷодӣ риштаи умри ӯро ба самтҳои кори телевизиону радио, тарҷумонӣ, матбуот ва билохира, синамо мепайвандад. Ин буд, ки мавсуф масъулиятҳои корманди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1974-1981), тарҷумон дар Афғонистон (1981 – 1982), мухбир, баъдан мудири шуъбаи адабиёт ва санъати газетаи «Тоҷикистони советӣ» (1983 – 1987), тарҷумон дар Афғонистон (1987 – 1988), коргардони кино, коргардон - таҳиягари «Тоҷиккино» (1989 – 1995), раиси киновидеокомпанияи миллии «Тоҷиккино» (1995 – 1997) - ро бар уҳда мегирад. Қобилияти эҷодкорӣ, навоварӣ, кордонӣ, ташаббускорӣ, ташкилотчигӣ ва раҳбарии Сайф Раҳимзодро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997 вазифаи раисии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳдааш вогузор мекунад. Дар ин вазифаи масъулиятнок Сайф Раҳимзод то соли 2000  кор мекунад, вале  бар асоси нақшаи қаблан тарҳрезишуда 20 майи соли 2000 террор мешавад.
Тавре зикр шуд, Сайф Раҳимзод бо сабки вижа вориди адабиёт ва ҳунари миллӣ гардид. Нависанда бо нашри нахустин ҳикояаш «Гунҷишки сафед», ки ибтидои солҳои ҳаштодуми асри бист интишор ёфт, аз ҷониби хонандагон шинохта ва пазируфта мегардад. Сипас, бо қиссаи зебову овозадораш «Ситораҳои сари танӯр» (1984) чун нависандаи навпардоз дар адабиёти тоҷик маҳбубият касб мекунад. Ба ин минвол ҳикояву қиссаҳояш дар маҷмӯаҳои «Аз ёдҳо, аз ёдҳо» (1987), «Дурӯғи сафед» (1997), «Васвасаҳои Зикравайҳ» (Таронаҳои хоки париён, соли 1999), «Падруду пайғом» (2000), «Доғҳои Офтоб» (2003) ба табъ мерасанд. Қиссаву ҳикоёти Сайф Раҳимзод ба забонҳои русию украинӣ, қазоқию қирғизӣ ва ӯзбекӣ тарҷума шудаанд. Дар асарҳояш нависанда тавассути корбасти услуби фардӣ, тарзи нигориши хос воқеияти зиндагиро бозгӯ кардааст. 
Дар риштаи синамои тоҷик Сайф Раҳимзод таҳаввулоти ҷиддӣ ворид сохт. Филмҳои офаридаи ӯ «Ситораҳои сари танӯр», «Ҳарф бизан, поизам». «Пете», «Чоре» ва монанди инҳо дар фестивал - озмунҳои байналмилалӣ (аз ҷумла, кинофестивали Канни Фаронса) соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд. Маҳз бо ташаббуси С. Раҳимзод дар телевизиони Тоҷикистон барномаи «Субҳ», шабакаи радиои «Садои Душанбе» ташкил гардида, дар кумита рӯзномаи «Ҷаҳони паём» таъсис ёфт. Номбурда дар бозсозӣ, эҳёи ансамбли «Шашмақом» - и Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон  саҳми бузург гузоштааст. Насли миёнсол ва солманде, ки имрӯз дар телевизион ва радио фаъолият мекунанд, аз ташаббусҳои ӯ дар робита бо навсозию таҷаддуди фикрию ихтисосӣ ва техникию фаннӣ ба некӣ ёд мекунанд. Сайф Раҳимзод соли 1995 Ҷоизаи адабии ба номи С. Айниро соҳиб гардида, пас аз вафоташ, соли 2002 сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дониста шуд. 
Террори чунин шахсиятҳои бузург ба он хотир сурат гирифта буд, ки онҳо пеш аз дигар қишрҳои иҷтимоӣ нақшаҳои шуми бозигарони сиёсиро бозшиносӣ ва фош карда, ба насли ҷавони ҷомеа ҳушдор додаанд. Бинобар ин, гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ, минҷумла  созмони наҳзат маҳз бо ин тоифа ҷиддӣ душманӣ варзида, тариқи дастандаркорон талош карданд, бо раддимаъракасозиҳои сунъӣ ва террорҳои мудавом онҳоро аз масири муборизоти идеологӣ мунсариф созанд. Сайф Раҳимзоди Афардӣ аз нафароне буд, ки бо масъулиятписандӣ ва рисолатмандии миллӣ алайҳи хурофот ва хушкандешӣ шӯрид ва дар роҳи мубориза бо дасти террористони наҳзатӣ кушта шуд. Бо террори Сайф Раҳимзод гурӯҳҳои террористӣ ҳадаф доштанд, ки дар фазои ҳунарӣ, эҷодӣ ва рӯшангарии ҷумҳурӣ холигӣ ба вуҷуд оваранд ва аз тариқи тарсу ҳарос дар ҷомеа тасаллут пайдо намоянд. Ба таъбири дигар, омилони террори ҳунарманди ҳирфаӣ Сайф Раҳимзоди Афардӣ хушкандешони мазҳабӣ мебошанд. Аммо бо террори Афардӣ террористон ба ҳадаф нарасиданд ва насли нави ҳунармандони миллӣ бо такя ба кору пайкори нависанда ва синамогари шаҳид муқобили ҷараёни хурофот ва хушкандешии мазҳабӣ қарор гирифта, тавассути ибтикороти илмӣ, эҷодӣ, сиёсӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва фарҳангӣ “хоб” - и ин тоифаи худхоҳ ва қудратталабро ҳаром месозанд.  
Фаридун ОРИЁӢ, таҳлилгари масоили сиёсӣ