МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

Нашр шуд korbar - чт, 11/19/2020 - 08:49

Зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад.

Аз ин рӯ, аз оғози тахрих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокишавии зан аҳамияти хоса дода, кӯшидааст, ки занон дар ҷомеа пешоҳанг бошанд. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбият ёбанд. Ин талабот асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Барои ҳамин ҳам ба хотири устувории оила дар заминаи муҳаббати самимӣ ба якдигар дар ҷомеаи мо оила дар заминаи муҳаббати самимӣ ба якдигар дар ҷомеаи мо оила бунёд мекунанд. Пеш аз он ки фарзандон ба ҳаёти мустақилона гусел карда шаванд, онҳо бояд аз нозукиҳои оиладорӣ, одоб, муошират, муносибат, хуллас аз маҷмуи талаботи моддию маънавӣ огоҳӣ дошта бошанд. Аз ҷумла, ба тарбияи духтарон ба ин мақсад аҳамияти зарурӣ дода шуда, ҳанӯз аз хурди ба онҳо тарзи муносибат, муошират омӯзонда мешавад.

Дар баробари ин дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки дар лаҳзаҳои ҳассос занони тоҷик дар қатори мардон мардонагивӯ шуҷоат ва қаҳрамонӣ нишон додаанд. Намунаи ин қаҳрамониҳоро дар фаъолияти Малика Томирис, қаҳрамониҳои Рухшона, чил духтари покдомани хатлонӣ, ҷонфишониҳои Гурдофарид ва ватандӯстии Ойгул Муҳаммадҷонова, духтари Октябр Низорамоҳ Зарипова дида метавонем.

Маърифати зан ба фарзандонаш таъсири амиқ расонда, агар модар китобхон, боиффат, бомаърифат ва донишманд бошад, фарзандон низ майл ба донишу маърифат карда, хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва ба модарашон пайравӣ мекунанд.

Маҳз ҳамин таҷрибаҳоро омӯхта, дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати зан таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Ба ин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа диққати ҳамагонро ҷалб месозанд. Зеро занон дар ҷомеаи Тоҷикистон 50 фоизи аҳолиро ташкил карда, дар пешрафти соҳаи мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир мебозанд. Аммо дар замони ҳозира талабот ва фаъолияти занон дар корҳои давлатӣ бештар аст. Зиёдтар ҷалб кардани бонувон ба кор дар муассисаҳои тиббӣ, давлатӣ ва хидмати давлатӣ, соҳибкорӣ пурманфиат арзёбӣ мешавад.

Ба ҳамин хотир  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон фармон дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеаро содир кард.

Зимни ин фармон барномаҳои давлатӣ таҳия гардида, пайи амал қарор гирифтаанд. ҳадаф аз татбиқи барномаҳо натанҳо баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, балки дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳанӣ назаррастар кардани фаъолияти занон мебошад.

Ҳоло дар ҷумҳуриамон фаъолияти занон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ бештар буда, дар корҳои давлатӣ низ сол то сол шумораи онҳо меафзояд.

Дар фарҳанги исломӣ ҷойгоҳи махсуси модарон -занон ва духтарон дар хонавода ва ҷомеа ба хубӣ ва дақиқ муайян шудааст. Нақши муҳим ва таъсиррасонии мусбати онҳо чӣ дар муҳити хонавода ва чӣ дар ҷомеа эҳсос карда мешавад.

Бузурге фармудааст:

Ҷомеае фаъол шумурда мешавад, ки дар он занон мавқеи пешоҳангӣ  дошта бошанд. Пас суоле матраҳ мешавад, ки кадом гурӯҳи занон дар ҷомеа пешоҳангиро уҳда карда метавонанд? Маҳз ҳамон заноне дар ҷомеа фаъол буда метавонанд, ки соҳибмаърифатанд.

Оё зани муосир соҳибмаърифат аст? Суоле ҳаст, ки доимо бояд дар мадди назар бошад. Баъзан ҳолатҳое ҷой доранд, ки ба масъалаи омӯзиши занон, соҳибкасб гардидани онҳо кам аҳамият дода мешавад. Ин гуна рафтор ба талаботи замон мувофиқ нест. Вақти он аст, ки аз суханпардозӣ ва ҳисоботпуркуниҳо даст кашида, ба кори амалӣ гузарем. Тарбияти занони бомаърифатро дар оила, дар мактаб ва ҷомеа мақсаднок ташкил намоем. Манзур аз ин иддаоҳо тарбияи духтарон дар мактаб ва оила бошад. Ин ду ниҳод метавонанд дар алоқамандӣ тарбияи фарҳанги оиладорӣ, касбомӯзӣ ва соҳибилм шудани духтаронро, ки занону модарони ояндаи моянд, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

Имрӯзҳо бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои  муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон- сарвари дурандешу ғамхори миллати тоҷик дар  самти баргузории барномаҳои давлатӣ, оид ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа барои занони тоҷик дастгирии беандоза аст. Қайд намудан бамаврид аст, ки зан дар оила соҳиби мақому мавқеи намоён дорад.

Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми баланди занон дар ҷомеа таъкид намуда, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат муҳим арзёбӣ карданд, ки дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъол бошанд.

Чуноне ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон соли 2009 таъкид намуданд: «Ободии давлат аз ободии ҳар хонадон ва ҳар оила сарчашма мегирад ва иқтисоди муназзами кишвар ба сарфаю сариштакории буҷети ҳар як оила вобаста аст. Дар шароити ҷаҳонишавии буҳрони молиявӣ Қонуни миллӣ тавонист манфиати мардуми кишварро то андозае ҳимоя намуда, ба баланд гардидани дараҷаи некӯаҳволии халқ мусоидат намояд.Шаҳрвандон имкон пайдо намуданд, ки шароити зисти худро беҳтар карда, соҳиби манзилҳои истиқоматии ободу зебо гарданд. Илова бар ин, шароити мусоид муҳайё шуд, ки аксари шаҳрвандон ба такомули шахсии фарзандон, бахусус таълиму тарбияи онҳо диққати бештар диҳанд».

Зарнигор Раҳимова,

команди Кумита