ВАҚТЕ РОҲБАР ҲАСТИАШРО БА МАРДУМ МЕБАХШАД...

Нашр шуд korbar - ср, 11/18/2020 - 09:01

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро аз 26 декабри соли 2019 маҳз аз таҳлилу баррасии иқтисоди кишвар оғоз карданд, ки бесабаб нест. Зеро асоси қудрату тавоноии мамлакатро иқтисоди миллии пешрафта ташкил медиҳад.
Хушбахтона, Сарвари давлат иқтисоди миллиро истиқлол бахшиданд. Бо пешниҳоду ҳидоятҳои созандаи худ дар Паём Ҳукумати кишварро вазифадор карданд, ки “минбаъд ба ҷанбаъҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад”.
Ин аст, ки дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 дарсад таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт. Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд.  Тайи солҳои зикршуда даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард. Бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил карда, дар ҳафт соли охир 45 дарсад зиёд гардид. Сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 дарсад паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт.
Мо ба таври устувор пеш рафтани иқтисодро боз ҳам дар рақамҳои гӯё мушоҳида мекунем. Масалан, агар ҳаҷми ММД дар соли 1997 1,5 миллиард сомониро ташкил медод, дар соли 2019 ин рақам ба беш аз 78 миллиард сомонӣ расид, ки 52 маротиба бештар аст.
Ҳаҷми маблағгузории буҷети давлатӣ дар соли дуҳазору як 0,3 миллиард сомониро ташкил дода бошад, дар соли 2019 ин нишондиҳанда 79 маротиба афзуда, 23,7 миллиард сомонӣ гашт. Аҳолии ҷумҳурӣ аз 5,9 миллион нафари соли 1997 ба 9,26 миллион нафар дар соли 2019 расида, сатҳи камбизоатӣ аз 83 дарсад ба 26 дарсад коҳиш ёфт.
Дар мавриди маош ва нафақа ин нишондиҳандаҳо низ тамоюли болоравиро нигоҳ медоранд. Музди меҳнати номиналӣ дар соли 1997 ба 4,96 сомонӣ, соли 2019 ба 1266 сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 1997 255 маротиба зиёд аст. Нафақаи миёна дар соли 2019 308 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2000 (4,06 сомонӣ) қариб 76 маротиба зиёдтар аст. Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1 сентябри соли ҷорӣ маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, ҳифзи иҷтимоӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва кормандони дигар ташкилоту муассисаҳое, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин, ташкилоту муассисаҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст, ба андозаи 15 дарсад зиёд гардид.
Андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол, ба ғайр аз модароне, ки даҳ фарзанд таваллуд карда, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия намудаанд, кӯдакони маъюби то 18 - сола, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин ниёз дошта, ба онҳо нафақа дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъйин шудааст, ба андозаи 50 дарсади ҳадди ақали нафақаҳои меҳнатӣ аз рӯи синну сол афзуд, ки боиси истиқбол аст.
Ин ибтикори наҷиб аз тарафи Сарвари мамлакат бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар, бахусус дастгирии давлатии қишри осебпазири ҷомеа басо муассир аст. Пешвои миллат бо хушбинӣ изҳор доштаанд: «Тамоми захираву имкониятҳоро барои бунёди корхонаҳои хурду бузург сафарбар менамоем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозем ва сатҳи некуаҳволии халқамонро боз ҳам беҳтар мегардонем».

Гулафзо САЛИМОВА