ФОРМУЛАИ СУЛҲ. НОДИРТАРИН ДАСТОВАРДЕ, КИ ТОҶИКИСТОНРО ОБРӮИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАХШИД

Нашр шуд korbar - чт, 11/19/2020 - 09:44

«Фарҳанг – ҳастии миллат» гуфтани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоси воқеӣ дорад. Миллати тоҷикро, ки  дар тӯли таърих ҷабри зиёде дидаву бо рӯҳи бешикаст фуруду фарозҳои фузунеро паси сар кардааст, рӯҳи қавӣ ва фарҳангу забон зиндаву ҷовид нигоҳ доштааст. Аз ин лиҳоз, вожаҳои «забон», «фарҳанг», «таърих», «тамаддун» дар радифи вожаҳои «Ватан», «Тоҷикистон», «миллат», «истиқлолият» ва «ваҳдат» дар афкору осори зиндагиафрӯзи Пешвои муаззами миллат мақому манзалати шоиста доранд, яъне бидуни забон ва фарҳангу таърих наметавон истиқлолияти давлату миллатро тасаввур кард.
Агар ба таърихи башар бо дидаи таҳқиқ назар афканем, ба хубӣ огоҳ хоҳем шуд, ки миллати тоҷик аз замонҳои бостон байни қавму миллатҳои дигари олам дорои таъриху фарҳанги арзишманд ва ифтихорбарангез буда, дар густариши тамаддуни умумибашарӣ саҳми шоиста ва нақши бузургу носутуданӣ гузоштааст. Аз ин рӯ, ба таъбири Пешвои муаззами миллат,  «Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст. фарҳангпарвар, офарандаи ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, созандаву бунёдкор мебошад ва ин сифатҳои олиро насл ба насл инкишоф дода, дар таърихи навини халқамон саҳифаҳои зарину дурахшонро сабт мекунад».
Хушбахтона, Сарвари давлат, дар партави ин андешаи хеш, аз нахустин рӯзҳои зимоми давлатдориро ба даст гирифтан фаъолияти сиёсии худро бо такя ба таъриху фарҳанги чандинҳазорсолаву бесобиқаи миллати бостониву тамаддунофари тоҷик шурӯъ намуда, дар замони ниҳоят сахту сангини фоҷиабор миллату давлати тоҷикро аз вартаи нобудшавӣ раҳонданд ва ба сӯйи фардои дурахшони умеду ормонҳои наҷиб ҳидоят карданд. Дар он рӯзҳо, ки Тоҷикистон пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолият ба даст оварда буд ва дар вартаи муноқишаҳои дохилӣ қарор дошт, Сарвари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба фарҳанги тамаддунсозу зиндагиомӯзи ниёгон оварданд ва бо неруи фаросату хиради азалии хеш фарҳанги сулҳро бунёд гузоштанд, ки то кунун дар ҷаҳон собиқа надошт.
Беҳуда Жак Ширак, собиқ Президенти Фаронса, чунин ҳарфҳоро ба забон наоварда буд: «Мардуми Фаронса ҳеҷ гоҳ мавқеи устувори Президенти Тоҷикистонро, ки ба фарҳанги ғанӣ ва бузурги сиёсиву маънавии халқи тоҷик такя мекунад, фаромӯш нахоҳад кард».  Ҳақ ба ҷониби ин сиёсатмадори ҷаҳонист ва воқеан, Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба фарҳанги бостонии ниёгони хеш рукнҳои давлатдории навини тоҷиконро барқарор карданд ва истеҳком бахшиданд. Имрӯз на танҳо мардуми Фаронса, балки мардуми тамоми қавму миллатҳои рӯйи олам, ки ба миллату давлати тоҷик назари нек доранд, ба фарҳанги сулҳофаринии Пешвои муаззами миллати мо самимона арҷ мегузоранд. 
Мавриди зикр аст, ки фарҳанги сулҳофаринии Пешвои миллат аз дарёи тамаддуни ориёӣ, ки аз даврони давлатдории Куруши Кабир ва Исмоили Сомонӣ сарчашма мегирад, об мехӯрад. Ин нукта борҳо дар суханрониҳои Президенти Тоҷикистон аз минбарҳои баланд садо додааст. Сардори тозаинтихоби давлати Тоҷикистон аз минбари Иҷлосияи таърихии XVI  Шӯрои Олӣ изҳор доштанд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам». Ҳамин сухан сароғози сулҳу оштии миллӣ ва ваҳдати мардуми тамоми кишвар гашт.
Дар ҳақиқат, Сардори давлат ба сухани худ содиқ монданд ва тавассути ҷаҳду талошҳои рӯзафзун ва дурандешиву хирадмандии хеш, агарчи чанд даври гуфтушуниди тарафҳои даргир бенатиҷа анҷом ёфта бошад ҳам, бо такя ба фарҳангу хиради сулҳпарваронаву ибратомӯзи миллати сарбаланди тоҷик, қатъи назар аз ҳама мушкилиҳои пешомада, фарҳанги сабру таҳаммулро истифода карданду гуфтушунидро бо мухолифин идома доданд.
Пас аз сипарӣ шудани ҳашт даври гуфтушуниди намояндагони тарафҳои даргир, ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» (27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва) ҳамчун пайғоми бахту саодат, зиндагии орому осуда ва пирӯзии  фарҳангу фаросат бар ҷоҳиливу бехирадӣ аз ҷониби тоҷикон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Тавре Пешвои миллат зикр кардаанд: «Фарҳанги сулҳ пойдевори воқеии ҳалли муқовиматҳо, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ дар мамлакати мо гардид, ки назирашро ягон халқу миллат надида буд». Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва аксари давлатҳои дунё бар онанд, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои ба сулҳу субот расидани қавму миллатҳои гуногуне, ки гирифтори муноқишаҳо дар гӯшаву канори оламанд, мактаби омӯзиш аст.  
Мо, тоҷикон, миллати хушбахтем, ки бо ҷаҳду талошҳои пайваста ва фаросату ҷасорати худододи Пешвои муаззами миллат ба сулҳу ваҳдати миллӣ расидем ва имрӯз дар фазои сулҳу ваҳдат орому осуда кору рӯзгор дорем. Барои ба ормонҳои наҷибу ниятҳои нек расидан ҳама дарҳо ба рӯямон бозанд. Аз ин рӯ, ҳар нафари мо бояд пайваста ба хотири ободии Ватан, ҳифзи ваҳдату ҳамбастагӣ ва таҳким бахшидан ба Истиқлолияти давлатӣ кӯшиш намоем, дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, илмомӯзӣ ва ифтихор доштан аз таъриху тамаддуни ғаниву бостонии миллати худ саҳмгузор бошем, то тавонем онҳоро хирадманду пурҳунар ва фардосозу номбардори миллату давлат ба воя расонем.

Шариф КОМИЛЗОДА, Фарзон НАЗРӢ,
ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот