ПАРЧАМ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Нашр шуд korbar - пн, 11/23/2020 - 09:57

Бақои ҳар як халқу миллат ба давлатдорӣ, соҳибистиқлолӣ, худшиносӣ, ҳифзу нигаҳдории арзишҳои миллии он дар даврони гуногуни таърихӣ иртиботи зич дорад. Яке аз рамзҳои давлатдорӣ ва муқаддасоти ҳар як миллат парчам мебошад, ки ифодагари озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва ҳувияти миллӣ маҳсуб меёбад. Бузургони илму адаб, абармардони даври миллати тоҷик, ки яке аз қадимтарин халқҳои ҷаҳон мебошад, дар ташаккули ҳам маданияти Шарқ ва ҳам Ғарб нақши босазое гузоштаанд. Чуноне ки аз таърихи бостон маълум аст, тоҷикон дар давраҳои қадим соҳиби давлати худ, рамзҳои худ, аз ҷумла парчам будаанд. Сарфи назар аз ҳаводиси пурпечутоби таърихӣ, бар асари тохтутозу ҳамлаҳои аҷнабиён ба минтақаи Мовароуннаҳру Хуросон, ки ба давлатдории тоҷикон бетаъсир намонд, мардуми тоҷик тавонист унсурҳои давлатдорӣ, фарҳанги куҳан ва расму оини худро нигоҳ дорад. Яке аз рамзу нишони давлатдории миллиамон парчам мебошад, ки маҳз бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз шакли нави он бо дарназардошти унсурҳои миллиамон дар иҷлосияи 16-уми тақдирсози кишварамон тасдиқ гардид ва то имрӯз дар фазои софу озоди кишварамон партавафшон аст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари даврони  соҳибистиқлолӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таъриху тамаддуни ғановатманд ва пурифтихорамон ба шумор меравад. Дар боби 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақсади муайян намудани мақому манзалат ва тартиби истифодаи расмии Парчами давлатӣ дарҷ ёфтааст. Дар муқаддимаи Қонуни мазкур чунин омадааст: «Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

Зимни паёми табрикотиашон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ санаи 23 ноябри соли 2010 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд: «Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд. Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта мешавад. Дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлат инъикос меёбанд».

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва рамзи давлатӣ дар тамоми чорабиниҳои расмӣ, мусобиқаҳо, маҷлисҳои тантанавӣ, мулоқоту вохӯриҳои сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ, дар қароргоҳҳои ҳукуматӣ, мақомоти давлатӣ ва ғайра гузошта мешаванд. Имрӯз тасвири Парчами давлатӣ дар пули миллӣ, коғазҳои қиматнок, ифтихорномаю шаҳодатнома, гувоҳномаю шиносномаҳо, ордену медалҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва дигар ашёи арзишманд инъикос ёфтааст ва хурду бузурги кишвар аз он ифтихор доранд. Ҳангоми сафари Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои хориҷӣ дар маросими ташрифоти расмӣ ҳатман Парчами давлатӣ афрохта шуда,  Суруди миллӣ танинандоз мешавад. Инчунин ба ифтихори ба даст овардани ғалаба дар мусобиқаҳои варзишии ҷоми ҷаҳонию байналмилалӣ Парчами давлатӣ боло бардошта шуда, оҳанги Суруди миллӣ садод медиҳад, ки зимни он ҳар фарди ватандӯсти кишварро ҳолати эҳсоси фахру фараҳ ва болидагӣ фаро мегирад.

Дар баробари Парчами давлатӣ Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст, ки он низ рамзи давлатдории миллии тоҷикон буда, дар чорабиниҳои расмӣ ва тантанавӣ бо иштирокии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афрохта мешавад. Дар маркази Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дирафши Ковиён тасвир ёфтааст, ки нишони қудрату шукуҳу шаҳамати давлатдории тоҷикон аз қадимулайём мебошад ва дар даврони истиқлолият аз нав эҳё гардид.

Таърихан парчам ё ливоро мардуми гуногун ба хотири ҳифзи давлатдории худ, минтақаи сукунат, манфиатҳои қавмию миллӣ истифода мебурданд. Масалан, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ алайҳи фашизм солҳои 1941-1945 дар аввалҳои моҳи майи соли 1945 парчами шӯравӣ ҳамчун рамзи ғалаба дар бинои Рейхстаг барафрохта шуд ва аз он рӯз инҷониб ҳамасола 9 майро ҳамчун Рӯзи ғалаба халқҳои шӯравӣ бар муқобили фашизм дар аксари кишварҳои собиқи шӯравӣ ва бисёр кишварҳои олам ҷашн мегиранд.

Агар ба таърихи аҳди бостони тоҷикон назар андозем, дар хусуси парчаму парчамдорӣ дар китоби муқаддаси «Авасто» зикр гардидааст. Мардуми ориёинажод, махсусан ба парчам, ки таҷассумгари мубориза ва рамзи озодихоҳӣ ва ҳамбастагии мардум буд, бо муҳаббат муносибат менамуданд. Инчунин дар шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома» дирафши Ковиён ҳамчун нишони мубориза баҳри озодӣ бар зидди зулму истибдод, рамзи ғалабаи некӣ бар бадӣ хеле барҷаста инъикос ёфтааст:

Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳаме хондаш “Ковиёнӣ дирафш”.

Аз ин пас ҳар он кас, ки бигрифт гоҳ,

Ба шоҳӣ бар сар барниҳодӣ кулоҳ,

Бар он бебаҳо чарми оҳангарон

Баровехтӣ нав ба нав гавҳарон.

Зи дебои пурмояву парниён

Бар он гуна гашт ахтари ковиён,

Ки андар шаби тира хуршед буд,

Ҷаҳонро аз ӯ дил пуруммед буд.

 

Ё ин ки шоири маъруф Маликушшуаро Баҳор дирафши Ковиёниро чунин васф менамояд:

В-ин ҳазора ҷашни ту худ ҳуҷҷате бошад мубин,

Номаи ту ҳаст чун володирафши Ковиён.

Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки дар даврони истиқлолият беш аз пеш ба масъалаи баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ифтихор аз ватандорӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистонро дар ҳар як гӯшаю мавзеъ-биноҳои маъмурию хиёбонҳо, гулгашту боғҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои гуногун дидан мумкин аст. Парчами давлатии Тоҷикистон имрӯз дар тамоми гӯшаи дунё, аз бинои СММ сар карда, дар тамоми сафоратхонаҳою намояндагиҳои кишварамон дар хориҷи кишвар партавафшон аст. Махсусан, маҷмааи Парчами давлатӣ дар маркази пойтахти азизамон диққати ҳар як сокину меҳмонро ба худ ҷалб менамояд. Он ҳамчун баландтарин парчам ба китоби “Рекордҳои Гиннес” шомил гардидааст, ки ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ маҳсуб меёбад. Ҳамзамон дар ҳар як шаҳру ноҳия ва гӯшаҳои ватани маҳбубамон низ майдону маҷмааҳои бешумори парчами давлатӣ бунёд шудаанд, ки барои талқин намудани ғояҳои худшиносӣ ва баланд бардоштани эҳсоси волои меҳанпарастӣ барои насли ҷавону наврас хидмати шоиста менамоянд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи Парчами миллӣ 30 августи соли 2011 эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллиро, ки рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус мебошад, ёдрас намуда, таъкид доштанд, ки: “Парчами давлатӣ барои мо - тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад”.

         Аз ин рӯ, арҷгузорӣ, эҳтирому ифтихор ва қадршиносии парчами давлатӣ, ки таҷассумгари умеду ормонҳои мардуми мо, рамзи давлатдорӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ маҳсуб мешавад, вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди худогоҳу ватандӯсти кишварамон мебошад.

Фаррухулло Олимзода,

 муовини Раиси Кумитаи дин,

танзими анъана ва ҷашну маросими

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон