
Масъалаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва экстремизм, роҳҳои пешгирӣ кардани ин зуҳуроти номатлуб имрӯз дар маркази диққати тамоми кишварҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст ва ба таҳдиду хатарҳои асосӣ барои амнияти миллии ҳар як кишвар ва минтақа табдил ёфтаанд. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно намебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи пешгирии гаравиши ҷавонон ба неруҳои ифротгаро пайваста таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Ин масъала дар Паёми навбатиашон аз 26 декабри соли 2018 низ инъикоси худро ёфтааст. Чунончи дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд».
Моҳи июни соли 2018 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи фаъолони вилояти Суғд вазъи мавҷудаи ҷинояткорӣ, махсусан, дар байни ҷавононро таҳлилу арзёбӣ карда, афзоиши ҷинояткории вобаста ба ифротгароӣ ва терроризмро қайд кард. Танҳо аз рӯи фаъолияти ғайриқонунии аъзои ташкилоти ифротии “Ҳизб – ут – таҳрир” 57 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 12,4 ҳазор нусха адабиёти дорои мазмуни ифротӣ мусодира гардидааст.
Сабаби асосии ифротишавии ҷавонон ба назари мо, рушди ифротгироии динӣ дар минтақа ва ҷаҳон мебошад. Ифротгароии динӣ бо номҳои гуногун ва шаклҳои мухталиф дар ҳаёти инсон аз замонҳои қадим ҷой дошт ва ҳамроҳ бо он мунтазам тағйир меёфт. Марҳалаи муосири нисбатан назарраси густариши ифротгароии динӣ ҷаҳонишавии бесобиқаи он мебошад. Маҳз ҷаҳонишавӣ ифротгароии диниро таҳрик намуда истодааст. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки ҷаҳонишавӣ тавонистааст ба амнияти тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври ҷиддӣ таъсир расонад. Дар ҷаҳони ислом ҷаҳонишавӣ бо сиёсати мушаххас, бо таҳдид аз ҷониби Ғарб айният дода мешавад, ки натанҳо ба мусулмонон арзишҳои худ ва ҷаҳонбинии худро таҳмил менамояд, балки фишори ҳарбӣ низ мерасонад.
Ифротгароии динӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ба он категорияи таҳдидҳо дохил мешавад, ки дар ин минтақа зуҳур намуда, ба сохти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии он таъсири манфӣ мерасонад. Ин қабл аз ҳама ба воситаи механизми ҷалби ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористии радикалии байналмилалӣ (ДИИШ/ДИ, “Ал - Қоида”, “Толибон” ва амсоли инҳо) ва истифодаи онҳо дар амалҳои террористӣ дар кишварҳояшон сурат мегирад. Ба ин боздошт ва маҳкум кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақа дар дохили кишвар, инчунин, хориҷ аз он (Русия, Туркия, Ироқ ва ғайра) барои содир намудани амалҳои мазкур, ки солҳои охир рӯ ба афзоиш ниҳодааст, шаҳодат медиҳанд. Дастгиршудагон “ячейкаҳои пинҳонӣ” - и созмонҳои дар боло зикргардидаро ташкил медоданд.
Кишварҳои минтақа вобаста ба имкониятҳои худ мустақилона ва дар якҷоягӣ алайҳи он муборизаи беамон мебаранд. Аз ҷумла, тибқи маълумоти ВКД ҶТ соли 2018 дар маҷмӯъ 873 ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ошкор ва ба ҳисоб гирифта шуд. Дар натиҷаи чораандешӣ 298 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дастгир карда шудаанд. Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ 99 шаҳрванди кишвар, ки дар муноқишаҳои кишварҳои хориҷӣ ширкат доштанд, ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Дар вилояти Суғд 19 узви гурӯҳи ҷиноятӣ дастгир гардиданд, ки фаъолияти онҳо дар ҳудуди кишвар манъ шудааст. Аз ҷумлаи онҳо 16 нафар аъзои ҳаракати “Ансоруллоҳ” ва се нафар аъзои “Ҷундуллоҳ” буданд. Дар ҷараёни амалиёти махсус ду узви гурӯҳи ҷинояткори “Ансоруллоҳ” нобуд карда шуданд. Ҳамаи онҳо дар урдугоҳҳои махсуси кишварҳои хориҷ омодагии ҳарбӣ гирифтаанд. Тавре медонем, соли 2010 аъзоёни гурӯҳи “Ансоруллоҳ” масъулияти содир кардани амали террористӣ дар назди бинои Идораи ноҳиявии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ВКД ҶТ дар вилояти Суғдро ба уҳда гирифта буданд.
Ахиран дар Осиёи Марказӣ ифротишавӣ дар байни ҷавонзанҳо низ батадриҷ паҳн мешавад. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, алҳол теъдоди занон дар гурӯҳҳои ифротии исломӣ то 23% афзудааст ва шумораи онҳо 180 нафарро ташкил медиҳад. Имрӯз таблиғоти васеи ба ном “Давлати исломӣ” ҳам боиси пайвастани занон ба ин ҳаракат мегардад. Ифротиҳо ҳамчунин дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ занони норозиро ҷустуҷӯ мекунанду ба сафи худ ҷалб мекунанд. Ба ин ҳолати дар қаламрави Ироқ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шудани занон – зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумули Ҷумҳурии Тоҷикистон, мисол шуда метавонад. Чуноне ки маълум аст, ахиран Суди Олии Ироқ беш аз 20 зани тоҷикро ба ҳабси абад маҳкум кард. Дар робита ба ин, боиси таассуф он аст, ки ин занҳо ҳамроҳи тифлони худ ба “ҷиҳод” сафарбар гардидаанд ва имрӯз ин тифлони маъсум бе сарпаноҳ мондаанд. Аксарияташон дар ин ҷангҳо ҳамроҳ бо волидайн қурбон шудаанд. То ба имрӯз дар ҷангҳои Сурия, Афғонистон, Ироқ, Нигерия, Сомали садҳо кӯдакони бегуноҳ кушта шуданд ва ҳазорҳо мардум бехонаву дар мондаанд ва муҳоҷир шуда, ба дигар давлатҳо рафтанд. Миллардҳо доллар зарар дидаанд ва иншоотҳои стратегии ин давлатҳо вайрону валангор карда шудаанд.
Тибқи омор дар ҳоли хозир 92 кӯдаки тоҷик дар Ироқ дармондаанд, ки 31 нафари онҳо кӯдакони то сесола мебошанд. 43 зани тоҷик дар Ироқ бо ҷурми ҳамкорӣ бо ДОИШ дар зиндон қарор доранд. Инҳо зану фарзандони он шаҳрвандони Тоҷикистонанд, ки ба Ироқ рафта, ба сафи гурӯҳҳои террористӣ пайвастаанд.
Бояд қайд кард, ки ба ифротишавии ҷавонон пеш аз ҳама мушкилоти мавҷудаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ таъсири манфӣ мерасонанд ва ба он мусоидат мекунанд.
Бинобар ин, дар навбати аввал бояд вазъи идеологӣ ва равонии (психологии) ҷомеа бо амалисозии барномаҳои гуногуни давлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва идеологӣ мутобиқат дошта бошад. Дар ин раванд, ҷиҳати амалисозии маҷмӯи тадбирҳо барои ҳаллу фасли проблемаҳои мавҷуда албатта, нақши давлат ва ҳукумат муҳим аст. Бисёр таҳлилгарон бар ин ақидаанд, ки сатҳи пасти донишу бекорӣ ва ноогоҳии ҷавонон дар масоили фарҳанги дунявӣ ва динӣ дар бисёр мавридҳо ба афзоиши бунёдгароӣ таъсир мерасонад. Яъне онҳо моҳияти масоили диниро хуб дарк карда наметавонанд. Бояд таъкид намуд, ки алҳол тамоми кишварҳои пасошӯравӣ бидуни истисно, бо ин проблема рӯбарӯ ҳастанд.
Дар «Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016–2020», ки дар ҳоли татбиқ қарор дорад, дар қатори масъалаҳои дигари мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ба проблемаи пешгирии ифротишавии ҷавонон низ диққати ҷиддӣ дода шудааст. Бо итминон метавон гуфт, ки амалишавии он дар пешгирии ифротишавии минбаъдаи ҷавонон мусоидат менамояд.
Ҳар фарди кишвар, аз ҷумла, ҷавонон бояд Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва Истиқлолияти давлатии Ватани азизамонро ҳамаҷониба қадр намуда, ба чунин арзишҳои муқаддас арҷ гузоранд ва баҳри амалисозии сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш намоянд.
Ҳикматулло Хоҷаев,
корманди масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон