ШАНБЕГИИ КОРМАНДОНИ КУМИТА. ҲАДАФ-ОБОДОНИИ БОЗ ЯК ГӮШАИ ПОЙТАХТ

Нашр шуд korbar - ср, 03/13/2019 - 16:49

13-уми март кормандони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шанбегӣ баромада, ҷиҳати оғози бунёди майдончаи варзишӣ дар яке аз гӯшаҳои пойтахт саҳм гузоштанд. Зимнан, дар партави ташаббусҳои неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то охири соли ҷорӣ майдончаи мавриди назарро сохта мавриди истифода қарор бидиҳад.