РАФТИ АМАЛИШАВИИ “СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2020” ДАР МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ДИН

Нашр шуд korbar - чт, 04/11/2019 - 10:13

«Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон

Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар ҷаҳони муосир ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва харобсозандаи рушди иқтисодию иҷтимоии давлату ҷомеа эътироф гаштааст.

Коррупсия аз ҷамъи ду калимаи лотинӣ: “соrrei” – “якчанд иштирокчӣ аз як гуруҳ” ва “rumpere” – “шикастан, зиён расонидан, аз байн бурдан ва бекор кардан” ташаккул ёфтааст. Дертар коррупсия маънои бо роҳи мукофотдиҳӣ ба худ моил кардан, яъне харида гирифтани шахсони мансабдор ва ба манфиатҳои шахсӣ истифода бурдани ваколатҳои хизматиро касб намудааст. Яке аз олими барҷастаи асримиёнагӣ Николло Макиавеллӣ “коррупсия” - ро ҳамчун истифодаи ваколатҳои мансабӣ баҳри тобеъ намудани манфиатҳои шахсӣ маънидод кардааст.

Дар шароити кунунӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмиллалӣ мафҳумҳои гуногуни коррупсия истифода мешаванд, вале мафҳуми бештар маъмули онро Конгресси 9-уми Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кардааст: Коррупсия - сӯистеъмол аз ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ мебошад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” мафҳуми зерини коррупсия пешбинӣ шудааст: Коррупсия - кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ.

Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои зарурӣ дар сатҳи миллӣ маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, доктринаи миллии ҳуқуқӣ дар ин соҳа ташаккул дода шуд. Чӣ тавре ки ба мо маълум аст, баҳри паст кардани сатҳи коррупсия дар ҷомеа дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504 Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 таҳия ва қабул карда шудааст. Мақсаду мароми Стратегияи мазкур аз дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими давлатӣ ба паст кардани сатҳи коррупсия, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум равона карда шудааст.

Стратегияи мазкур ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, барои паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия шуда, айни ҳол дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ гардида истодааст.

Мубориза бар зидди коррупсия бо иштироки васеи аҳолӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма ба амал бароварда мешавад. Самаранокии муқовимат ба коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад.

Бояд қайд кард, ки дар асоси банди 3 Фармони номбурда дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи соҳавии зиддикоррупсионӣ барои солҳои 2016-2020 таҳия ва тасдиқ гардида, дар заминаи он Нақшаи кории дохилиидоравии дусола низ ба тасвиб расидааст, ки айни замон амалисозии тадбирҳо аз рӯи онҳо роҳандозӣ карда мешаванд.

Дар давоми татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 аз ҷониби масъулини Кумита баҳри паст кардани сатҳи коррупсия дар ҷомеа корҳои назаррасе ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, бо ҷалби масъулини соҳаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, занон, ҷавонон, маориф, зиёиён, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони маҳаллаҳо ва имомхатибону имомони масҷидҳои ҷомеъу панҷвақтаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайваста суҳбату вохӯриҳо дар мавзӯъҳои риояи талаботи қонунҳои миллӣ, тарғиби ғояҳои ватандорию ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили коррупсия, ифротгароиву терроризм, нашъамандӣ ва тақвият бахшидани тадбирҳо дар ин самт ташкил ва баргузор мегарданд.

Бо мақсади дар ҷомеа баланд бардоштани обрӯю эътибори кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин, таъмини иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои вазифавӣ ва мустаҳкам намудани боварии мардум ба фаъолияти онҳо, инчунин пешгирӣ ва роҳ надодан ба зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ дар фаъолияти онҳо, дар асоси Стратегияи зикргардида Кодекси одоби касбии кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросим таҳия гардида, бо фармоиши Раиси Кумита аз 11 апрели соли 2018, таҳти №56 тасдиқ карда шуд. Кодекси мазкур барои истифодабарии умумӣ дар сомонаи расмии Кумита – www.din.tj ҷойгир карда шуда, маълумот дар хусуси тасдиқ ва мавриди амал қарор гирифтани он ба иттилои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ расонида шуд. Дар ин радиф, Кумита аз оғози моҳи феврали соли равон баҳри барқарор намудани робитаи мустақими шаҳрвандон бо мақоми ваколатдор телефони боварии худро бо рақами 988 20 66 66 фаъол намуд. То имрӯз аз тариқи рақами боварӣ ва мессенҷерҳои ба он пайваст зиёда аз сад муроҷиат доир ба масъалаҳои марбутаи фаъолияти соҳавӣ ва иҷтимоии ҷомеа ба қайд гирифта шуданд.

Дар доираи амалисозии Стратегияи мазкур ва бо дастрасии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 “Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории дахлдор бо мақсади баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он дар моҳҳои феврал – апрели соли 2018 тибқи Методология ба роҳ монда шуд. Аз натиҷаи фаъолияти гурӯҳи корӣ ҳисобот оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи мукаммал оид ба пешгирӣ намудани коррупсия ба тасвиб расида, иҷроиши самараноки он идома дорад.

Баҳри боз ҳам тақвият бахшидани корҳо дар самти татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалисозии тадбирҳои зерин мусоидат хоҳад намуд:

- ҷоннок намудани корҳои марбут ба ташкил ва гузаронидани мулоқоту вохӯриҳо бо қишрҳои мухталифи ҷомеа ҷиҳати паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар ҷомеа;

- ба роҳ мондани истифодаи васеи воситаҳои ахбори омма дар самти тарғибу ташвиқи ғояҳои зиддикоррупсионӣ, инчунин нашр намудани мақолаҳо вобаста ба дарки оқибатҳои номатлуби коррупсия;

- тақвият бахшидани омӯзиши қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва ташкили курсҳои таълимӣ барои хизматчиёни давлатӣ ва доираи васеи шунавандагон.

Сазовори ёдоварист, ки рафти амалишавии Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ахбори фосилавии Кумита вобаста ба иҷрои он пайваста ба унвонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. Масъулини Кумита ҳолатҳои мусоидаткунандаи даст ба коррупсия задани кормандони соҳаро мавриди таҳлили ҳамешагӣ қарор дода, баҳри пешгирии содиршавии ҳар гуна амалҳои нанговари коррупсионӣ чораҷӯӣ хоҳанд намуд.

Пешгирӣ кардани омилҳои коррупсионӣ дар ҷомеа заминаи асосии риоя гардидани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон маҳсуб ёфта, мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъонаи мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад, ки дар сурати иштироки фаъоли ҳар як фарди солимандеши ҷомеа метавон натиҷаҳои дилхоҳро дар ин самт ба даст оварад.

Бахтиёр Юнусзода,

мудири бахши ҳуқуқи Кумитаи дин,

танзими  анъана  ва  ҷашну  маросими

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон