ЭҲТИЁҶ БА ҲИЗБИ ИСЛОМӢ ВА ШИАИ ИМОМӢ НАДОРЕМ!

Нашр шуд korbar - пт, 01/08/2021 - 14:20

Аввалан шукр аз ин оромӣ ва аз ин давлат ва аз ин амният  мекунем.Мардуми шарифи Тоҷикистон бояд ҳамеша бедор бошанд ва ин оромиро, ки Худои таоло тавассути хизматҳои шабонарӯзии Пешвои маҳбуби миллат ба мо додааст, аз даст надиҳем. Ҳар яки мо медонем, ки дар гузашта гурӯҳҳо ва равияҳои муайян бо мақсади татбиқи ҳадафҳои ғаразноки худ залқро ба сафи ҳизбҳои худ мекашониданд ва бо сӯистифода аз дини мубини ислом ҳар яке он гурӯҳҳо талоши исботи ҳаққонияти худро мекарданд. Раҳмат ба Ҷаноби Олӣ, ки аз худ ташаббуси беназир нишон дода, соли 2009-ро Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон намуданд ва аз ҳамон вақт мардум фаҳмиданд, ки Имоми Аъзам кист. Рӯирост бояд иқрор шуд, ки аксари мардум асли мазҳаби худро намедонистанд. Яке аз ҳадафҳои муҳими ин ташаббуси Пешвои миллати мо он буд, ки ҷавонони мо бояд аз мазхаби Абуҳанифа бохабар бошанд, он вақт касе наметавонад онҳоро фиреб диҳад. Гузашта аз ин, дар ҳолати бохабар будан аз асли мазҳаб ақидаашон низ халалдор намешавад.

Ҳоло ҳам баъзан ба назар мерасад, ки баъзе аз ҷараёнҳо, аз ҷумла ташкилоти мамнуъу террористии ҲНИ чун гузашта фаъолиятҳои тарғиботии худро идома дода, мазҳаби шиаи имомиро ташвиқ мекунанд. Аммо онҳо як чизро набояд фаромуш кунанд, ки халқи тоҷик тӯли қарнҳо аз мазҳаби таҳаммулгарои Имоми Аъзам пайравӣ кардаву андешаи ботили гурӯҳе аз манфиатхоҳонро аслан қабул надорад. Яъне, ҷомеаи Тоҷикистон на ба ҳизби исломӣ ниёз дораду на ба шиаи имомӣ!

Мансуруллоҳ Тоҷиддинов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Мавлоно Юсуфи ш. Ваҳдат