УМРИ КӮТОҲИ «ҲУКУМАТИ ХАЛҚӢ»

Нашр шуд korbar - вт, 01/05/2021 - 15:35

Солҳои бистуми асри гузашта барои сокинони Бухорои Шарқӣ пурфоҷиа буд. Шӯриши Усмон дар сарзамини Қаротегин (Раштон) аз қабили онҳо ба ҳисоб меравад.

Пӯшида нест, ки баъди ба аморати Бухоро ҳамроҳ гардидани Қаротегину Дарвоз дар ин минтақа зиндагии мардуми камбағал бадтар гардид. Агар солҳои пешин сарватмандон ва давлатмардони маҳаллӣ ба аҳолӣ зулм мекарданд, намояндагони давлати Бухоро ба ин раванд ҳамроҳ шуданд. Хусусан, солҳои 1918-1920 вазъият бештар печида гардида, зиндагӣ тоқатфарсо шуд. Амири Бухоро бо қувваҳои дохиливу берунӣ, ки бо давлати ҷавони Иттиҳоди Шӯравӣ душманӣ доштанд, шартнома баста, мехост бо дастгирии онҳо давлати аздастрафтаашро боз гардонад. Соли 1920 амир баъди шикаст хӯрдани лашкар ва аз даст додани шаҳри Бухоро дороияшро партофта, бо сад азоб ба Душанбе омад. Душанбе он вақт хурду назарногир буд. Амир қарор дод, ки дар ин ҷо қароргоҳи муваққатӣ сохта, муборизаро ба муқобили аскарони сурх идома диҳад. Бо ин мақсад ба сохтмони қаср барои истиқомат ва наздиконаш амр кард. Барои бунёди қаср ва таъмини лашкари зархарид маблағи зиёд лозим буд. Амир ба ҳокимони вилоятҳои Бухорои Шарқӣ амр дод, ки аз аҳолӣ маблағи иловагӣ ҷамъ намоянд. Аз ҷумла, ҳокими Қаротегин мебоист барои хазинаи амири фирорӣ аз аҳолӣ 100 ҳазор пуд гандуму ҷав, 75 ҳазор тангаи тилло, 60 ҳазор сар чорво, 30 ҳазор пӯсти пашмдор, 2 ҳазор чакман, меваи қоқ, хусусан тут мефиристод. Ҳамчунин, барои иштирок дар ғазои зидди лашкари сурх шумораи зиёди сарбозро талаб намуд. Охирҳои тирамоҳ ҳоким барои амир 800 сар асп ва ҳамин қадар сарбоз фиристод. Ҷавононро иҷборан ба хизмати аскарӣ мегирифтанд. Агар касе аз иҷрои супориш саркашӣ мекард, ӯро ҷаримаи ярғу – яъне ҳафткарата мебастанд, ки аз даромади ду-се солаи хонавода зиёдтар буд.

Ин бедодгарӣ мардуми камбағалро ба ҷунбиш овард. Усмони Маҳмадамин, ки дар водии Фарғона кор мекарду баргашта буд, бедодгариҳоро дида, дилаш ба ҳоли ҳамдиёрон сӯхт. Ӯ соли 1885 дар деҳаи Янғолиқи амлокдории Ҷафр дар оилаи марди камбағал ба дунё омада, соли 1920-ум 35-сола буд. Аз даврони бачагӣ ба гӯштингирӣ, човандозӣ ва дигар намуди варзиш рағбат дошт.

Ҳангоми кор дар Андиҷону Намангон ва Ҳуқанд бо коргарони бадарғашудаи рус, ки аксарашон аъзои ҳизби болшевикӣ буданд, дӯстӣ дошт ва ақидаи инқилобчиёни русро ҷонибдорӣ мекард. Мувофиқи нақли шоҳидон, борҳо ба ҳамдиёрон дар бораи ташкил намудани  ҳукумати халқӣ қисса мекардааст ва мегуфтааст, ки он рӯз дур нест, ки болшевикони рус подшоҳро аз тахт мефуроранд ва ба ҷои давлати золимон давлати халқӣ ташкил мекунанд.

Ҷабру зулми болои мардумомадаро дида, аз он тааҷҷуб мекардааст, ки чаро халқи камбағали Қаротегин ба ситамгорон посух намегӯянд. Магар ору номус надоранд? Дар ин бора ҷонишини Усмон оид ба таъминот дар рӯзҳои шӯриш Саиди Саид, ки соли 1955 дар роҳи оҳани шаҳри Душанбе фаъолият дошт, ба муаллифи китоби «Қаротегин дар ибтидои барқароршавии Ҳокимияти Шӯравӣ» А. Маҷлисов  ҳикоя кардааст.

Ҳамон рӯзҳо Усмонро қатори дигар ҷавонмардон ба қалъаи мир даъват намуданд. Ӯ пай бурд, ки  ҳоким мехоҳад ӯро ба хизмати сарбозӣ гирад. Вақте ба шаҳри Ғарм омад, миёни анбуҳи одамон дӯстонаш Мулло Тош аз деҳаи Нимич, Мулло Икром аз деҳаи Мазори водии Ясмани тумани Ҳоит, Суфӣ аз деҳаи Ҳисорак, Улуғбек аз деҳаи Ҷафр ва боз чанд нафари дигарро дид.

12 декабр онҳоро пиёда ба шаҳри Душанбе равон карданд. Усмон дар роҳ бо дӯстон маслиҳат намуд ва шабҳангом аз деҳаи Дубедаи Файзобод фирор карда, ба зодгоҳ баргашт. Шаби 15 декабр дар деҳаи Ҷафр дар хонаи Саиди Саид барои машварат ҷамъ шуданд. Намояндагони онҳо субҳи барвақт барои ҷамъ намудани мардуми мубориз ба деҳаҳо баромаданд. Дар давоми се рӯз дар Ҷафр 2500 пиёда ва 600 савора ҷамъ шуданд. Лашкари Усмонро сокинони амлокдории Ҷафр, Қалъанак ва тумани Ҳоит ташкил медоданд. Ҳамон шаб бо фармони Усмон анборҳои Маҳмадсаид бийро тасарруф намуданд. Қисме аз ғалла, равған ва дигар маҳсулотро барои лашкариён нигоҳ дошта, боқимондаашро тақсим намуданд.

Маҳмадсаид бий дар ихтиёр 290 ман замин, 530 буна хонаводаи хизматгор дар деҳаҳои Ялдамич, Янғолиқ, Шомирзоён, Қалъанак, Бадалиён, Хуфак ва Нимичак дошт. Дар водии Қаротегин баъди Аббосхоҷаи фатҳободӣ дуюмин шахси доро ба ҳисоб мерафт. Назди ҳоким соҳибиззат буд. Бо амри  Усмон ҳуҷҷатҳои қарздории мардум оташ зада шуданд.

Вақте ки ба шаҳри Ғарм наздик шуданд, сафи шӯришгарон аз панҷ ҳазор зиёд шуд. Дар байнашон мансабдорони мир низ буданд, ки аз тарси ҷон ва тороҷи амвол ба онҳо пайвастанд.

Мири Қаротегин Абдулҳафиз — парвоначӣ аз хабари исёни Усмон ва шумораи сарбозони вай ба даҳшат афтод ва фаврӣ барои гуфтушунид аз ҳисоби хосони дарбораш ба назди Усмон расул фиристод.  Ваъдаи бисёр дод, аммо сарвари исёнгарон пешниҳодҳои ҳокимро рад кард.

- «Ба Абдулҳафиз бигӯед аз мансабаш даст кашад ва бе хунрезӣ таслим шавад. Фаъолияти ҳукумати ӯро дар Қаротегин манъ намудам», — гуфт Усмон.

21 декабр Усмон ба Ғарм даромад ва бе хунрезӣ ҳукуматдоронро ба ҳабс гирифт. Зиндониёнро озод ва анборҳои пур аз гандум ва дигар маҳсулоти ғизоӣ байни омма тақсим шуд.

Ҳамон шаб дар машварати нахустине, ки дар қалъаи Ғарм баргузор шуд, ҳайати ҳукумати навро эълон карданд: Усмон раиси ҳукумат, Одина ва Мулло Тош ҷонишинони раис, Мулло Абдураҳими судур раиси суд. Мулло Мирзо Умед муфтӣ, Саиди Саид сардори қалъа, Давлатбек бий муовин оид ба таъминот.

Усмон ҳукумати худро — ҳукумати халқӣ номид, аммо намедонистанд корро аз куҷо сар кунанд. Ҳар замон дареғ мехӯрд, ки дӯсташ Андрей, ки болшевик буду дар бораи сохтори давлати халқӣ маълумоти зиёд дошт, ҳамроҳаш нест. Иштибоҳи Усмон дар он буд, ки ба собиқ мансабдорони ҳоким бовар карда, чанд нафарашонро ба ҳайати ҳукумат шомил кард. Онҳо пинҳонӣ ба одамони худ супориш доданд, ки аз амлокдориҳои  Пунбачӣ, Муҷихарф, Тагоба, Ҳакимӣ ва Навдонак қувва ғундоранд. Амир аз исёни Ғарм огоҳ шуд ва ба амлокдори Оби Гарм Абдулқодир амр намуд, ки бо 150 сарбоз ба Ғарм равад.

Усмон баъди чанд рӯз бо 150 ҷанговар ҷониби Тагоба роҳ пеш гирифт. Қувваҳои муқобили вай дар дашти Қазноқ шинак гирифта, аз чор тараф ҳуҷум намуданд. Усмон ва ёронаш мардона меҷангиданд, аммо қувваи душман  зиёд буд. Исёнгар шикаст хӯрд ва ҳамроҳи 21 сарбоз аз майдони ҷанг фирор кард…

Ҳукумати халқии Усмон 15 рӯз ҳукм ронд.

Саркардаи шӯриш баъди шикаст дубора барои ҳуҷум ба Ғарм тайёрӣ дид, вале шумораи сарбозонаш аз сесад нафар зиёд нашуд. Мардум ба ғалабаи Усмон бовар надоштанд. Дар ҷанги дашти Қазноқ шӯришгарон талафоти зиёд доданд. Ҳамин буд, ки бори дуюм шикаст хӯрд.  Шӯришгарони зиндамонда низ ба комёбӣ эътимод надоштанд. Усмон ва наздиконаш ноилоҷ аз Ғарм ба дараи Ясмани тумани Ҳоит рафтанд, аммо дар натиҷаи хиёнати баъзе аз ҳамроҳон гумоштагони ҳоким ӯро дар деҳаи Мазори дараи Ясман дастгир намуда, ба Ғарм оварданд. Одина дар ҷанг ҳалок шуд. Мулло Тошро аз дараи Калпи деҳаи Нимич дастгир намуданд.

Усмон ва Мулло Тошро дар зиндони Ғарм, ки он замон бо номи «Ғамхона» машҳур буд, даҳ рӯз ҳабс карданд. Ҳар шаб бо фармони Абдулҳафиз-ҳокими Қаротегин ба сари онҳо оби сард мерехтанд. Шаби ёздаҳум асиронро дар дохили қалъа қатл карда, ба дарёи Сурхоб партофтанд.

Дар бораи шӯриши Усмон андешаҳо гуногун, буданд. Аммо баъди ба даст овардани чанд ҳуҷҷати муҳим аз ҷониби мирзои ҳокими Қаротегин Мирзо Тоҷиддин ҳақиқати ҳол маълум шуд. Вай дар баёнот ба кормандони мақомоти давлати навтаъсиси Иттиҳоди  Шӯравӣ маълумоти саҳеҳро дар бораи кӣ будани Усмон ва ёронаш навишта буд.

Рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» аз 12 феврали соли 1931 таҳти № 34 ҳисоботро аз Съезди Шӯрои депутатҳои Ғарм чоп кард ва дар он омадааст:

«Съезд дар зери чапакзаниҳои бардавом чунин қарор қабул кард: «Аз Комитети Иҷроияи Марказии Тоҷикистон пурсида шавад, ки ба шарафи 10-солагии шӯриши Усмон  райони Ғарм райони Усмонобод номида шавад. Дар қарор қайд карда шуда буд, ки дар бораи Шӯриши Усмон ва сарваронаш болшевикҳо Усмон ва Мулло Тош китоби хотираҳо навишта шавад».

Дар съезди зикршуда ҳар ду сарвари шӯришро болшевик номидаанд. Шояд дар ин бора ҳамон солҳо ба дасти кормандони давлатӣ ҳуҷҷат расида буд.

Умуман, дар бораи шӯриши Усмон асарҳои калону мақола зиёд навишта шудааст. Метавон повестҳои адиби тоҷик Алӣ Хуши Найистонӣ бо номи «Шӯриши Усмон», нависандаи украин Валерий Мисик «Шӯриш дар Ғарм», достони  устод Боқӣ Раҳимзода «Достони нотамом», Ҷумъа Қувват «Пеш аз субҳдам», романи «Борон изҳоро мешӯяд…»-и Диловари Мирзо ва очерки  М. Мирзошоев «Лолаҳои аз хун дамида»-ро номбар кард.

Соли равон аз шӯриши Усмон 100 сол пур шуд. То ҳанӯз дар Раштонзамин одамон  дар бораи Усмони диловар ва дигар қаҳрамонони халқ, ки ба хотири озодӣ ва осудагии мардуми камбағал худро қурбон кардаанд, ба наберагон қисса мекунанд. Бовар дорем, ки номи неки онҳо ҳамеша боқӣ хоҳад монд.

М. Диловар,

бознашр аз «Садои мардум»