ВАҚТЕ ҚАВЛУ АМАЛИ РОҲБАР ЯК АСТ...

Нашр шуд korbar - пн, 01/04/2021 - 15:46

Таърих кам шахсиятҳоеро ёд дорад, ки ҳамчун Пешвои муаззами миллати мо дар роҳи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ хизматҳои шоиста намуда бошад. Аз ҷониби ҳар шаҳрванди кишвар мояи ифтихор донистани ин нобиғаи арсаи сиёсат ва давлатдории муосир арҷгузорӣ ба хидматҳои барҷастаашон мебошад. Хуб дар хотир дорем, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне, ки аксарият ба ояндаи худ бовар надоштанд, лаҳзаҳое, ки туфанг мақоми ҳукмфармоӣ дошт, рӯзгоре, ки адлу инсоф, дӯстию муҳаббат, садоқату ҳақиқатро беинсофию нобаробарӣ ва хиёнат иваз карда буданд, зимоми давлатдориро ба зимма гирифтанд. Дар замири ин шахсияти беназир хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, аз ҷумла меҳрубонию қаҳрамонӣ, матонату ҳалимӣ, дилсӯзию ҷасорат, хоксорию ғурури миллӣ ва бо риояи одобу тавозуни хирад манфиати миллату Ватан ба ҳам омадаанд.
Раванди минбаъда нишон дод, ки Пешвои миллати мо ба суханашон содиқ ва ваъдаҳояшон устувор ҳастанд. Тамоми ибтикороташон аз зовияи мардумсолориву қонунмеҳварӣ сурат мегирад. Дар ин замина тавонистанд, ки умед ба зиндагии осоиштаро дар дили мардум эҳё намуда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳанд.
Дастовардҳои таҳти роҳбарии  Пешвои миллат бадастомада хеле зиёданд, ки зикрашон дар доираи як матлаб имконнопазир аст. Бо зикри он иктифо мекунем, ки дар солҳои 2013 – 2020 ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда, суръати миёнаи солонаи рушди он ба 7 дарсад баробар гардид. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сокини мамлакат 1,7 баробар, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар ва музди меҳнати миёнаи ҳар корманд 2,4 баробар афзоиш ёфт.
Муҳим он аст, ки зиёда аз як миллион ҷойи кор таъсис ёфта, шумораи шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, аз 1 миллиону 100 ҳазор то 460 ҳазор нафар, яъне дуюним баробар кам шуд. Сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 дарсади соли 2013 то 26,3 дарсад дар соли 2020, яъне 12 дарсад паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон аз 73 то 75 сол боло рафт.
Дар давраи зикршуда муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 245 ҳазор хонанда, муассисаҳои тандурустӣ бо 9 ҳазор кат ва манзили истиқоматӣ ба масоҳати 9 миллион метри мураббаъ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин марҳила беш аз 1500 километр роҳҳои мошингард, 190 пул, 50 километр роҳи оҳан бунёд гардида, имкониятҳои транзитии кишвар тавсеа пайдо кард.
Тайи ҳафт соли охир ба соҳаи энергетикаи кишвар ҷиҳати таҷдиди иқтидорҳои амалкунанда ва бунёди иқтидорҳои нав беш аз 32 миллиард сомонӣ равона шуд. Аз ҷумла, бо саъю талоши Пешвои миллат мо дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегии худ – истиқлолияти энергетикӣ боз як қадами бузургу устувор гузоштем, яъне ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» - ро ба истифода супурдем, ки ин рӯйдод дар таърихи навини Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳим гардид.
Саҳми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти сатҳи байналмилалии об ва ҳифзи муҳити зист низ арзанда аст. Бо ташаббуси Сарвари давлати тоҷикон чандин қарори глобалии СММ оид ба об қабул гардид. Мо аз он ифтихор дорем, ки дар ҳамоишҳои бузурги сатҳи глобалӣ Президенти Тоҷикистонро дар ин самт низ ҳамчун лидер ном мегиранд.
Дар ҷаҳони муосир эътироф ва муттаҳидии халқ дар атрофи пешвоён ва бунёдгузорони давлатҳо падидаи маъмул, муҳим ва муфид буда, мавҷудияти чунин симоҳои таърихӣ миллатро ба фардои нек роҳнамоӣ месозанд. Мо вазифадорем, ки манфиатҳои миллатро дар ҳамбастагӣ ҳифз намоем.

Фаррухшоҳ ТЕМУРОВ