БО ДОДА ҚАНОАТ КУНУ...

Нашр шуд korbar - чт, 01/07/2021 - 10:48

 Бузургон дуруст гуфтаанд, ки дар назди исрофкорӣ ва хароҷоти беҳуда кони тилло ҳам бақо надорад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба фарзандон ва пайвандони худ тарзи дуруст ва солими зиндагиро омӯзонем. Мо бояд донем, ки ободии давлат аз ободии ҳар хонадон ва ҳар оила сарчашма мегирад ва иқтисоди муназзами кишвар ба сарфаю сариштакории  буҷети ҳар як оила вобаста аст.  

Сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат дар даврони истиқлолият он аст, ки бо ҳар роҳи мумкин ва дарихтиёрдошта, сатҳи зиндагонии шаҳрвандон беҳтару хубтар гардонида шавад. Ҳадафи аслии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар даврони истиқлолият барои шаҳрвандони кишвар шароити мусоиди зиндагиро фароҳам овардан мебошад. Қонуни мазкур аз Конситутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, асос ёфта бо зиндагии ҷаҳони муосир мувофиқ мебошад ва ҳаёти ҳар як шаҳрвандро бо замони муосир  мутобиқ гардонидааст.

Сиёсати пешгирифта оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар моддаи якуми ҳамин қонун ба шакли возеҳу равшан баён шудааст, ки метавон онро бо тартиби зерин баён дошт.

  1. Қабул шудани қонуни мазкурро шароити зиндагии мардум тақозо мекард, яъне ин қонун бо тақозои рушди ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои асили фарҳангии миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандон қабул  шудааст.
  2. Ба вуҷуд овардан ва тақвият бахшидани тартиботи ҷамъиятӣ дар миёни аҳолии кишвар, (яъне ба низом даровардани фарҳанги маъракаороӣ бо истифода аз асарҳои гузаштагони миллат ва пайравӣ аз онҳо)
  3. Густариши шинохтани ҳувияти миллӣ дар замири ҳар як фарди ҷомеа.
  4. Аз байн бурдани хурофотпарастӣ.

Қонуни мазкур таъминоти ғизоӣ барои аҳолии кишварро кафолат дода ва захираи ғизоиро пурқувват месозад. Дар натиҷаи татбиқи қонуни мазкур дастгирии оилаҳои камбизоат, маъюбону ятимон, бепарасторон ва хонаҳои пиронсолон бештар гашта, тибқи оморҳои бадастомада маълум мегардад, ки ин дастгириҳо  рӯз аз рӯз зиёд шуда истодаанд. Бо шарофати татбиқи босамари қонуни мазкур, ҷудошавии оилаҳои ҷавон дар саросари ҷумҳурӣ кам гардид, зеро хароҷоти зиёди беҳуда дар маъракаҳо боиси ҷудошавии оилаҳо мегашт.

Ҳамаи ин чорабиниҳо бо мақсади сарфа намудани маблағҳои падару модарон ва пешгирӣ намудани пастшавии сатҳи зиндагонии мардум пешбинӣ карда мешаванд. Дар як вақт ба падару модарон ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда ҳуқуқ дода мешавад, қи аз маблағҳои сарфашуда, то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи писаронашон суратҳисобҳо кушоянд. Инчунин бо маслиҳати тарафи домоду арӯс метвонанд ба ҷои додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд.

Фалсафаи қаноат варзидан, шукргузорӣ аз буду нобуди ҷаҳон дар андешаи ниёкони мо омили муҳим дар эҷоди фарҳанги ахлоқии сарфакорӣ, парҳез аз хараҷоти номатлуб ва бемаврид, масрафи беҳуда ва ифрот дар хараҷот будааст. Албатта, сарчашмаи аслии зуҳури ин ақидаҳои ахлоқӣ, пеш аз ҳама талқини ин мавзӯъ дар китоби муқаддаси Қуръон ба шумор меравад, ки дар ояти 31 сураи «Аъроф» омадааст: «Бихӯред ва биошомед ва исроф накунед, ки Худованд исрофкоронро дӯст намедорад».

Ҷавҳар ва ҳатто рукни аслии фарҳанги сарфакорӣ ва фазилати ахлоқии қаноат варзидан робитаи мустаҳкам дорад, чун ҳамагуна исрофот аз ҳадди эътидоли иштиёқ ва хоҳишҳои нафсонии худ берун рафтан шурӯъ мешавад. Ин аст ки устод Рӯдакӣ ҳанӯз дар сароғози мунаввари шеъри форсӣ моро ба қаноат варзидан даъват намуда мефармояд:

                          Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,

Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ.

     Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махӯр,

                         Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ!

Бо итминон метавон гуфт, ки афкори ахлоқи мутафаккирони форсу тоҷик ва андешаҳои судманди аҳли сухан яке аз бузургтарин сарчашмаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки имрӯз истифодаи онҳо дар тарғибу ташвиқи ҷавҳари аслӣ ва моҳияти қонун аз аҳамияти муҳиме бархурдор хоҳад буд. Аз сӯи дигар, анҷоми ковишҳои дигар ва ҷустуҷуҳои муҳим дар шинохти афкори мутафаккирон ва адибони гузаштаи форсу тоҷик омили муассире дар густариши доманаи фаҳмиши дурусти фарҳанги ахлоқии сарфакорӣ ва тарғиби ин арзишҳои барҷастаи маънавӣ ва ахлоқӣ дар ҷомеа, инчунин таъйини заминаҳои илмии он дар ҷаҳоншиносии  мардуми тоҷик хоҳад гузошт.

Ҳадафҳои сиёсӣ ва гуногунҷанбаи фавқуззикр нисбати қабули қонуни мазкур бо дастгирии Пешвои-миллат дар амал ба вуқуъ пайваста, мутамаинем, ки дар ояндаи наздик комилан ба таҳқиқ хоҳад расид.

Муслиҳиддин Хоҷамиров,

мутахассиси пешбари Кумита