ҲАРЗАРО ДИГАР КАСЕ БОВАР НАМЕКУНАД

Нашр шуд korbar - пт, 01/15/2021 - 11:41

Як хислати муҳимми одамиро бузургон дар андешаи солим дида, баҳо додаанд. Андешаву фикри солим дар мағзи солим тавлид меёбад. Агар як манбаи боэътимоди андеша тани сиҳат бошад, дигараш, албатта, дониш ва саввуминаш таҷрибаи рӯзгор аст. Хуш ба ҳоли он нафаре, ки аз ин се сарчашмаи саодати инсонӣ баҳра мебардорад.

Мутаассифона, бархе инсонҳо ин се манбаи мулоҳизоти дурустро на фақат ба эътибор намегиранд, балки ҳамвора аз равзанаи ҷаҳонбинии пурғараз ва пур аз кину адоват ба олами берун назар мекунанд. Ба ҳодисоту воқеаҳо чунон баҳо медиҳанд, ки гӯиё танҳо онҳо ҳақ буда, дигарон, агарчи аксарияти куллро ташкил диҳанд ҳам, гӯиё ноҳақ ва нослим сухан мегуфта бошанд. Барои онҳое, ки воқеиятро аз равзанаи фикри хом баҳогузорӣ мекунанд, фарқе надорад, ки ҳақиқат дар кадом мавқеъ қарор дорад, фарқи ҳақ аз ботил, дурӯғ аз рост дар чист…

Ин муқаддима, албатта, нишонии мушаххасе дорад. Ахиран расонаҳо аз боздошту маҳбасӣ гардидани мӯйсафеде хабар доданд, ки ҳарчанд синнаш аз 80 гузашта бошад ҳам, даст ба ҷиноят задааст. Ҳарчанд ба ҳама имсли рӯз равшан аст, ки ин мӯйсафед фиреби Кабириву пайравонашро хӯрда даст ба ҷиноят задааст, аммо ҳамоно наҳазтиён талош мекунанд, ин ҳодсаро воруна тасвир намоянд. Таҳрифи воқеият албатта дар ягон чорчӯбаи ростиву дурустӣ, ҳақиқату воқеият, адолату хирад намеғунҷад.

Ба андешаи мо, ҳар андешаи носолим қобили ҷавобгӯист. Аз он ки наҳзатиён ҳоло дар хориҷа тухми нифоқ миёни ҷомеаи аврупоӣ мекоранд, самараи нек нахоҳад дод. Ҳоло замона дигар, ҷаҳонбиниҳо дигар ва вазъи ҷаҳони муосир ва меъёрҳои баҳо ба ҳодисоти айём куллан тағйир ёфтааст. Ғарбиён хуб медонанд, ки Тоҷикистон дар ҳоли пешрафт қарор дорад, зиндагии мардум тинҷу осуда ва рӯзгори одамон рӯ ба беҳбудиҳо овардааст. Аслан, мулоҳизаҳое, ки наҳзатиён дар ростои қазияи мӯйсафед баён доштаанд, сазовори посух гуфтан ҳам нест. Сухани рост дар дил менишинад, сухани ботилу дурӯғ чун боди баҳорӣ гузарон аст, чун шабнаме ҳаст, ки бо баромадани офтоб зуд нопадид мешавад. Бо кизбу сиёҳкуниҳо афкори мардумро ба вуҷуд овардан ҳоло ғайриимкон шудааст. Инро бояд онҳое фаромӯш накунанд, ки бо ҳар баҳонае наҳзатро сафед карданӣ мешаванд…

Икром Бегалиев,

сармутахассис