ҶИНОЯТКОРӢ Ё МУСИБАТСОЗӢ?

Нашр шуд korbar - пт, 01/15/2021 - 15:43

  Дар ҳар давру замон инсон ба роҳнамое ниёз дорад. Зеро башарият дар раванди зиндагии худ бо бисёр ҳолатҳои сахт ва сангине рӯбарӯ мешавад, ки худ ҳайратзада , сарсону саргардон гашта, ҳатто умеди зиндагӣ карданро ҳам аз даст медиҳад.

Ин тарз ҳаёти ногувору сахт ,пур аз ашку ранҷро дар аксари кишварҳои мусалмоннишин ба воситаи расонаҳои ҷаҳонӣ, ки чи гуна сокинони он сарзаминҳо ба хоку хун оғушта гардида, аз дасти гурӯҳҳои муташаккили зидди ҳуқуқи башарӣ, ки аз номи дини ислом сӯистифода намуда , арзишу каромати инсонро зери по мегузоранд,  борҳо мушоҳада кардаем

Ин ҳодисаи нангину номатлуб, дар ибтидои истиқлолияти кишварамон, аз тарафи ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ  бо дастуру супоришҳои хоҷагони бурунмарзӣ ба сари мардуми Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд.

Дар ин фитнаву қатлу қитол, тибқи омори дар баъзе манбаҳо дарҷшуда, тақрибан дусад ҳазор нафар  ҳамватанони азизамон ҷони худро аз даст додаанд ва бисёре аз сокинони кишварамон мусибатзадаву андӯҳгин гардида, баъзеҳо дар андешаи он будандки ин чӣ балову мусибате буд, ки ба сари мардуме, ки дар торихи гузаштаи худ ҳамчун мардуми тамаддунофар, сулҳдӯсту маърифатпарвар шинохта мешуд, омад.  Роҳбарони ТЭТ ҲНИ дар авоили ҳаракат ва даъваташон бо мағз ва мафкураи халқ сару кор гирифта, мардумро ба ақида ва равиши ваҳҳобият  ҷалб карда, бо ин усул  мардумро ба майдон кашиданд.

Сабаби ба вуҷуд омадани фитнаву қатлу қитол гардида, баъдан бо дарки шикасти худ аз Ватан фирор намуданд.

Худованди меҳрубону тавоно ба сари миллати мусибатзадаву сарсон, ҷавонмарди шуҷоъ ва марди қавлро насиб гардонид ва бо аҳди созандаву умедбахш, ба халқи азизи худ гуфт: Ман ба шумо сулҳ меоварам, дар ҳақиқат ҷони худро ба каф гирифта, барои бозгашти муҳоҷирон ба кишвари ноамн ва ҷангзадае, ки ҳар лаҳза хатарот таҳдид мекардба Афғонистон рафтанд, аз ҳастии худ ба хотири ваҳдати миллӣ гузашт намуда, тамоми гурезагонро ба хонаву кошонаи худ оварда ба аҳде, ки ба халқи худ дода буданд, вафо намуданд.

Аммо мутаассифона ин ташкилоти ифротгаро заҳмат ва тараҳҳуми ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва халқи азизро нодида гирифта, боз даст ба амалҳои зиддимиллӣ ва ғайриинсонӣ заданду мезананд.

Ҳоло ин ташкилот бо дарки оҷизии худ талош мекунанд, бо ҳар баҳонае дар ҷомеа фитна эҷод намоянд. Ҷомеаи Тоҷикистон дарк кардааст, ки ҳоло барои роҳбарону пайравони ин ташкилоти ифротӣ ҳеҷ чизи муқаддас боқӣ намондааст. Барои онҳо фарқе надорад, ки кадом тоифа қурбони ҳадафҳояшон пешавад. Онҳо ба пиру ҷавон раҳм надоранд. Мисоли ин гуфтаҳо мӯсафеди синнаш аз 80 болост, ки таҳти таъсири суханони фиребои наҳзатиён дар чунин синну сол даст ба ҷиноят задааст. Аҷиб ин аст, ки роҳбарони ТЭТ ҲНИ ин мӯйсафедро бо дасти худ ба ҷиноят тела дода, ҳоло талоши мусибатсозӣ мекунанд. Талош мекунанд, мақомоти Тоҷикистонро ба бераҳмию саркӯбкунӣ муттаҳам созанд. Аммо бояд иқрор кард, ки ҷиноят аз ҷониби ҳар нафаре содир мешавад, ҷиноят аст. Маслан, агар 80 солаҳо аз ҷавобгарӣ дар назди қонун озод бошанд, чи ҳодисаҳое дар ҷомеа рух намедиҳад... Хонандаи зирак худ метавонад хулоса барорад.

Муҳаммадӣ Назиров,

ходими дин