БОЗИҲОИ ГЕОСИЁСӢ ВА ТАТБИҚИ ПРУЖАҲОИ ДИНӢ - МАЗҲАБӢ

Нашр шуд korbar - пт, 01/29/2021 - 13:55

Мусаллам аст, ки дар кишварҳои мусулмонӣ ва, махсусан, Шарқи исломӣ, коргардонҳои бозиҳои геополитикӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсию иқтисодӣ бештар аз диёнати исломӣ корбаст мекунанд. Тавре ки ба назар мерасад, дар шароити феълӣ истифода аз таассуби исломӣ минҳайси мафкураи фарогир бештар таҳаққуқ пайдо кардааст. 

Таърихи бозиҳои сиёсӣ ва бархӯрдҳои геосиёсие, ки бар мабнои исломи сиёсӣ дар манотиқи Шарқи исломӣ ҷӯр шудаанд, баёнгари он аст, ки аз нимаи дуюми асри ХIХ коргирӣ аз исломи сиёсӣ ва ба манофеи ҷомеаи сармоядорӣ истифодаи он аз силсилаи барномарезиҳои калидии қудратҳои вақти ҷаҳонӣ ба шумор мерафтааст. Минбаъд, суистифодаи дин ва мазоҳиби исломӣ дар эҷоди ноамнию бесуботӣ дар минтақаҳои мавриди назар ба амри зарурии барномаҳои сиррии империализми ҷаҳонӣ табдил ёфта буд. Ҳамин тариқ, дар доираи барномарезиҳои геосиёсӣ таъсиси гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ аз ҳисоби ифротгароёни исломӣ ва ташкил додани равияву фирқаҳои динӣ ҷиҳати дар ҳоли парешонӣ нигаҳ доштани давлатҳои вопасгарои Шарқи мусулмонӣ ва таҳти контроли ҳамешагӣ қарор додани онҳо ба ҳукми анъана даромад. Ин аст, ки тамоми созмонҳои сиррии динӣ-мазҳабӣ дар маҳдудаи мамолики Шарқи исломӣ таҳти назар, ҳидоят ва ҳимояти қудратҳои ҷаҳонӣ амал карда, баҳри бароварда сохтани манофеъ ва ниёзҳои сиёсию иқтисодии бегонагон хизмат кардаанд. 

Авзои буҳронии манотиқи Шарқи мусулмонӣ боиси ба бунбасти ақидатӣ, мафкуравӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ расидани давлат ва ҷомеаҳо гардидааст. Гузашта аз ин, баъзе ҷавомеи мусулмони Ховари Миёна ба дарди мазҳабзадагӣ ва хурофагадоӣ гирифтор шудаанд ва ба иллати маҳдудиятҳои фикриву ақидатӣ роҳи пешрафту таҷаддудро пушти по задаанд. Бар илова, ноҷурӣ дар муносиботи сиёсӣ ва мазҳабӣ, ақибмондагию вопасгароӣ, нобоварӣ, адами эътимод ба якдигар, тавтеаталабӣ, дасисабозӣ, ташхиси нодурусти равандҳои сиёсӣ, муваффақ набудан дар самти мудирияти сиёсӣ ва динӣ, заъфи донишҳои илмӣ, хурофаписандӣ ва ҷаҳолатмаобӣ масъалаи дурнамои ҳамзистии давлатҳои мусулмониро зери суол мебарад. 

Аслан, дар формати пружаҳои сиёсии динӣ ба ҳам шӯрондани давлат ва ҷомеаҳои шарқӣ ба манфиати сенариясозони бозиҳои геосиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аст. Онҳо, ки тибқи сенарияи махсус аз пушти саҳна бозигаронро ба иҷрои нақшҳо вомедоранд, механизми исломи сиёсиро, ки дар бозиҳои геосиёсӣ ба сифати бомбаи мафкуравӣ ва фикрӣ хидмат мекунад, ба кор андохта, кишварҳои исломиро дар ҳолати инфиҷорӣ ва  бесуботӣ нигоҳ медоранд. Даргир кардани мардум тариқи бозиҳои мазҳабӣ ва бозори кашмакашу ихтилофоти динии минтақаҳоро “гарм” нигоҳ доштан вазифа ва функсияи аксари пружаҳои пасипардагии хориҷӣ мебошад.  

Чи хеле ки болотар ишора кардем, дар ҷое, ки исломи сиёсӣ дар қолаби ифротгароии динӣ пайи по дуруст мекунад, он ҷо ба таври сунъӣ даргириҳо созмон меёбанд ва нооромию бесуботӣ сар мезананд. Ҳаводиси мусибатборе, ки дар Ховари Миёна ва баъзе кишварҳои исломӣ дар сад соли ахир мегузаранд, бар пояи мазҳаб ва ихтилофоти мазҳабӣ таҳаққуқ пайдо карда, имрӯз ҳам бархӯрдҳои шадиди физикӣ ва сиёсию мафкуравие, ки байни мусулмонони манотиқи мухталиф сурат гирифта, боиси аз ҳам пошидани бофтҳои иҷтимоӣ мегарданд, иллати мазҳабӣ доранд. Бинобар ин, эҷоди тафоҳуми миллӣ ва мардумӣ аз тариқи таълимоти динӣ ва мафкураи мазҳабӣ хобу хаёле беш нест, вале дастандаркорони бозиҳои сиёсӣ, қасдан фактори дин ва идеологияи мазҳабиро дар иттиҳоди адёну мазоҳиб саҳим медонанд. Таърихи сиёсӣ ва фарҳангии башарӣ нокоромад будани таҷрибаи мазкурро собит мекунад. Истифода ва дақиқтараш, суиистифода аз фактори дин ва мазҳаб (дар мисоли исломи сиёсӣ) мамолики зиёди мусулмониро ба ҳоли табоҳ расондааст. Мисоли равшани онро дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон метавон мушоҳида кард ва аз он ибрат гирифт. Иттифоқан, исломи сиёсӣ, эътилофоти исломӣ, аҳзоби исломӣ, ки дар Афғонистон фаъоланд, наметавонанд омили субот ва амнияти кишвар гарданд. Баръакс, дар муносиботи иҷтимоӣ ва сиёсӣ ихтилофот рӯз ба рӯз авҷ мегиранд. Гурӯҳҳои тундрави исломӣ, мисли «Толибон», ДИИШ, собиқ ҲНИ, “Ҳизбу-т-Таҳрир”, “Салафия” ва соири созмонҳои ифротгарои динӣ ба сифати пружаҳои махсуси сиёсӣ ва геосиёсӣ ба хотири ташаннуҷи авзоъ ва ба вуҷуд овардани фазои ноамнию бесуботӣ дар минтақаҳо роҳандозӣ мешаванд. Ба ҳар сурат, то имрӯз чунин пружаҳои сиёсии динӣ ба манфиати қудратҳо хидмат карда истодаанд. Муҳимтар аз ин, гурӯҳҳои радикал ва иртиҷоии мазҳабӣ, ки шомили пружаҳое инчунинӣ мегарданд, қабл аз ҳама, на танҳо алайҳи сохтмони давлатҳои миллӣ ва дунявӣ мубориза мебаранд, балки барои ҷомеаҳои ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунанд. Ин аст, ки ифротгароӣ, тундравӣ ва даҳшатафкании динию мазҳабӣ дар баробари соири таҳдидҳои биологию муҳитзистӣ ва иҷтимоӣ, ба гунаи хатари глобалӣ шинохта шудаанд, инчунин, дар ин замина миёни давлатҳо қарордодҳо, тавофуқномаҳо, эътилофҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Танҳо дар иттиҳод ва ҳамбастагӣ метавон пеши роҳи ташаннуҷи ифротгароӣ ва даҳшатафканиро дар ҳар шакле гирифт ва роҳро барои тафоҳуми миллию мардумӣ ва муколамаи тамаддунҳо ҳамвор кард. 

 

Н. НУРОВ, устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода