“ФЕЙСБУК”. ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ СИПАРИ МИЛЛАТ АСТ

Нашр шуд korbar - пт, 01/29/2021 - 14:03

Ҷамъият, албатта, фарогири ҳамаи халқиятҳо, миллатҳо, инсонҳои неку бад, донову нодон ва роҳнамову гумроҳ низ мебошад, ки ҳар кас вобаста ба сатҳи тавоноӣ, маърифат ва ҷаҳонбинии худ ин ё он масоилро дарк ва аз рӯи он амал менамояд.

Вобаста ба ин, шахсиятҳо ва гурӯҳу ташкилотҳоеро тариқи шабакаҳои иҷтимоии “Фейсбук” рӯ ба рӯ шудан мумкин аст, ки худро “Паймони миллӣ”, “Ҳаракати сиёсии Тоҷикистони нав” ва амсоли инҳо ном мебаранд. Инчунин, худро донову ҳамадон ва ҳалли ин ё он мушкилотро осон мешуморанд. Дар ҳоле ки эҳтиёҷ ба тарбияи сиёсию ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва маърифатӣ доранд. Аслан, ба ин категорияҳои одамон ашхоси камсавод, гумроҳ, беандеша, фориғболу муфтхӯр ва ниҳоят, хиёнаткорону ҷинояткорон дохил мешаванд. Дар замони муосир, ин гурӯҳи одамонро бештар аъзо ва ё ҷонибдорони ҳадафҳои нопокдори ташкилотҳои экстремистиву террористӣ маънидод менамоянд. 

Зеро чанде қабл чашм ба шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” андохтам, ки дар он оид ба таъсиси гурӯҳи Ҳаракати сиёсии Тоҷикистони нав нақл мекунад ва гӯё аз барномаи мухтасари худ ҳарф мезанад...

Хулоса, метавон гуфт, ки барнома ва мухтасароти Ҳаракати сиёсии Тоҷикистони нав, ки пур аз андешаҳои ҷузъи заифу бардурӯғ аст, заррае ба ҷомеа нафъ нахоҳад расонд ва танҳо рӯи саҳфаи холӣ боқӣ хоҳад монд. Он барои дурнамои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ манфиате ба бор оварда наметавонад ва ҳатто ягон алоқамандие надорад.  

Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеш қарор дорад ва бидуни танқиди беасоси онҳо низ боз пештар хоҳад рафт. 

 

Б. ХАЙРИДДИН