ПАРТОВҲО ВА ҲАЁТИ МО…

Нашр шуд korbar - пн, 02/22/2021 - 14:41
  • Бахшида ба истиқболи ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод ба Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология».

Барои бархе табиат  -  ин ҳезум, ангишт, ҷӯйҳо, истироҳатгоҳҳо  ё ки фақат як тасвири зебоест. Аммо барои ман табиат муҳитест, ки тамоми лаёқат ва истеъдодҳои мо мисли гулҳо дар он шукуфтаанд.  (Пришвин М. М.)

          Рушди иқтисодӣ ва фаъолияти рӯзафзуни самтҳои гуногуни мамлакат  ба афзоиши  истеҳсолот оварда расонидааст, Тоҷикистон ба як кишвари пешрафта ва рӯ ба тараққии босуръат табдил ёфтааст ва бо шарофати талош ва заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ он ба қатори пешрафтатарин мамолик ва пойтахти он ба шумури шаҳрҳои намунавӣ шомил гаштааст. Имрӯз мо – тоҷикон ифтихор аз он менамоем, ки бо хушҳолӣ ва сарбаландӣ кишвари худ ва пойтахтамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ карда метавонем ва сол ба сол шумораи сайёҳоне, ки аз дороиҳои дилпазири кишвари афсонавиамон дидан кардан мехоҳанд меафзояд. Иқлим ва табиати афсонавии диёри мо-хосса кӯҳистон ва деҳоти он  рӯз ба рӯз қалби садҳо тамошогаронро тасхир намудааст ва дар баробари зиёд гаштани дархосту хоҳишҳои сайёҳон барои дидан намудан аз ин мамлакати афсонавӣ имконияту шароити буду бош ва истироҳат барои меҳмонон низ то сатҳи олӣ баланд бардошта шуда истодааст.  

 Аммо, чуноне ки болотар зикр намудем, албатта дар дилхоҳ гӯшаи олам ҷое, ки афзоиш ва инкишоф ба назар мерасад, дар натиҷаи истеҳсол ва истихроҷ зиёдшавии партовҳо низ ба миён меояд, чун мусаллам аст, ки  ягон  намуди истеҳсолот бидуни ба вуҷуд овардани партов  фаъолият карда наметавонад. Коршиносон аниқ кардаанд, ки баъзе аз намудҳои партовҳои маишӣ ва истеҳсолӣ ба инсон ва муҳити атроф зарари назаррасе мерасонанд ва баъзе аз онҳо ба гурӯҳи партовҳои аз ҷиҳати экологӣ хатарнок шомил мешаванд. Вобаста ба ин, иҷрои корҳои  марбут ба нобудсозӣ ва аз нав кор карда баромадани партовҳо назари тоза ва омодагии махсусеро талаб менамояд.  

Аз рӯи тақсимбандӣ тамоми партовҳо ба якчанд  намуд ҷудо мешаванд: 

Истеҳсолӣ. Партовҳои истеҳсолӣ - ҳамон намуди партовҳоеро ном мебаранд, ки дар равандҳои гуногуни истеҳсолӣ ба вуҷуд омадаанд ва барои истифодабарии минбаъда бо мақсади дастрас кардани маҳсулоти нав дар муассисаву корхонаҳо корношоям мебошанд. 

Сохтмонӣ. Ба гурӯҳи партовҳои сохтмонӣ он партовҳое дохил мешаванд, ки дар ҳолатҳои истеҳсолии ин ё он сохтмон ба вуҷуд омадаанд. Барои мисол, хишти шикаста, порчаҳои оҳан, маводҳои бетонӣ, қисмҳои ленолиум ва дигар маводҳо. Партовҳои сохтмониро  тамоман безарар номида намешавад, барои мисол, тахтаҳои дар сохтмон истифодашудае, ки  бо рангҳо молида шудаанд -  ин гуна тахтаҳо рангро кайҳо ҷабида гирифтаанд ва ҳангоми сӯзонидани онҳо  дар коргоҳи партовсӯзонӣ аз худ газе ҳосил мекунанд, ки дар таркибаш моддаҳои зарарнок зиёд аст.  

Ба партовҳои коммуналии зараровар мансубанд: шиша, коғаз, боқимондаҳои органикӣ, пластмассаҳо, ашёҳои металӣ, мебели куҳна, зарфҳои маишӣ ва ғайра. Аз байн бурдани партовҳои маишӣ, ки инсоният дар тӯли рушди худ ба даст меорад, вазифаи мушкил ва ҳалталабест. Хусусан, дар шаҳрҳои бузург солҳои охир масъалаи аз миён бурдани партовҳо мушкилоти муҳиму мураккаберо ба миён меорад ва андешидани чораҳои махсусеро талаб менамояд. Ҷамъшавии партовҳои маишӣ дар шаҳрҳо ва инчунин деҳотҷойҳо, ки ҳамасола шумораи беандозаеро ташкил медиҳанд, хатари таъсиррасонии зиёдеро дар муҳити экологии замин ба вуҷуд меоварад. 

Коркарди партовҳои маишӣ яке аз роҳҳои муҳими бартарафсозии мушкилоти экологӣ ба шумор меравад. Боиси хушҳолист, ки солҳои охир, бо саҳми назарраси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои аз зарар ва хатари экологии партовҳо эмин нигоҳ доштани шаҳр ва аҳолии он дар тамоми маҳаллаву кӯчаҳои пойтахт ва атроф ташкил намудани  қуттӣ- контейнерҳои алоҳидаи партовғундорӣ ташкил карда шудааст. Акнун мардум хуб медонанд, ки партовҳои худро дар куҷо ва кадом вақт партоянд. Масъалаи дигар - ин иттилоъдиҳии саривақтии аҳолӣ оид ба ҷамъоварии партов мебошад, ки дар ин маврид низ бо аҳолии маҳалҳо аз ҷониби ашхоси масъул суҳбатҳои махсус ва чорабиниҳо (шанбегиҳо бо иштироки сокинон) доир карда мешаванд.  Инчунин, ҳамасола бо ташабуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ аксияҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» гузаронида мешавад. Аз рӯи маълумоти бадастомада, соли 2020 дар қаламрави ҷумҳурӣ 1121 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шудааст, ки дар чорабиниҳои мазкур 955440 нафар табақаҳои гуногуни аҳолӣ иштирок намуда, 14091м3 партовҳо аз ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишин, шафати ҷӯю каналҳо, роҳҳо ва дигар ҷойҳо тоза карда шуда, ба партовгоҳҳои расмӣ кашонида безарар гардонида шудаанд. Бояд қайд намуд, ки тамоми партовҳои маишӣ – ин ашёи хоми хубе шуда метавонанд, барои истифодабарии баъзе аз намудҳои дигари истеҳсолот, ки аллакай дар бештари мамолики хориҷ онҳо бо ин мақсад  истифода мешаванд.  Масъалаи аз нав кор карда баромадан ва ё нобуд сохтани партовҳо дар кишварҳои хориҷ низ масъулин ва мардумро ба ташвиш овардааст. Соли 2013 дар Федератсияи Россия Президент- Владимир Путин оид ба зарурати ташкил додани низоми батанзимдарорандаи ҷамъоварӣ ва нобудсозии партовҳо, инчунин ташаккул додани дастгоҳҳои махсус, ки муносибати самаранок нисбат ба партовҳоро таъмин карда метавонад, пешниҳод намуд.  

Партов аз маводҳои пластикӣ заминро низ заҳролуд месозад

Аслан партовҳо ба назар як чизи оддӣ, нозаруру корношоям ва ба касе нолозим менамоянд, аммо дар асл масъала тамоман дигаргуна аст, шояд ҳанӯз касе намедонад, ки мо чи қадар партовро дар як рӯз  ба табиат ҳавола медиҳем, ҳамарӯза шумораи партовҳо дар  ҳоли афзоиш қарор доранд ва нисбат ба солҳои пешин ҳаҷми беандоза бузурги онҳо ба муҳити моро иҳотанамуда интиқол дода мешаванд.     

         Дар  сайёраи  мо одамон ҳоло партовҳоро ба кӯҳҳои бузурге табдил медиҳанд ва аз сарчашмаҳои иттилоотӣ маълумоте дастрасамон гашт, ки беихтиёр барои  сари ин масъала ҷиддитар андеша намудан водорамон месозад. Дар канорҳои Бейрути Ливон партовҳо дар ҳаҷми 80 тонна, ҳамарӯза ба собиқ регсоҳилҳое партофта мешаванд, ки замоне ҷойи истироҳати одамон маҳсуб меёфт. Баландии ин партовкӯҳҳо тақрибан 40 метрро ташкил менамояд. Ин партовҳо дар натиҷаи вайрон шуда, пӯсидан аз худ метан ва дигар заҳрхимикатҳоро хориҷ менамоянд, ки замин ва фазоро заҳролуд месозанд ва аз он 200 ҳазор нафар шаҳрвандон нафас мегиранд! Моҳигирони маҳаллӣ аз партовҳои пластикии ба баҳр партофташуда пайваста шикоят менамоянд. Қайд бояд намуд, ки масъалаи мазкур на танҳо мансуби як ё ду шаҳру кишваре мебошад, балки ин мушкилот имрӯз тамоми сайёраро фаро гирифтааст. Барои мисол,  партовкуҳҳои  номбурдашуда ба экологияи Кипр, Сурия ва Туркия низ, ки дар ҳамсоягии Ливон ҷойгиранд, таъсири амиқ ва манфии худро мерасонанд. Аҳолии ин кишварҳо аз он шикоят мекунанд, ки обҳои регсоҳилҳои истироҳатии онҳо ҳамеша аз партовҳои бегона таъминанд… Бештари маврид мушоҳида мешавад, ки аз ин ғарамҳои  азими партовҳо ҷамъоварандагони маҳаллӣ дидан менамоянд, то аз он ҷо чизҳои корояндро барои истифода ва ашёи  азнавкоркардшавандаро ҷамъ оваранду аз ин ҳисоб каме барои зиндагонии худ фоидае низ дастрас намоянд. Аммо ин амал нисбат ба зарари ба миёноварандаи қабатҳои азими партов хеле кӯчак менамояд.  Чунки  неруи инсон ҳанӯз дар баробари афзоиши шаборӯзии партовҳо нокифоя аст. Охир, мушкилоти асосии экологӣ дар сайёраи мо он аст, ки дар тамоми ҷаҳон,  ҳар ҷо ки инсон зиндагонӣ дорад, партовҳо низ дар ҳоли афзоишанд ва хатари таъсирбахшии зараровари он рӯз ба рӯз инсониятро таҳдид менамояд. Сарчашмаҳо маълумот медиҳанд, ки  таи даҳсолаи охир дар атрофи Ню Йорк чандин мавзеъҳои партовпартоӣ қариб ки  пур шудааанд. Ҳамасола одамон зиёда аз 200 миллиард буталҳои пластикӣ, 58 миллиард қадаҳчаҳои якмаротибагӣ ва миллиард адад халтаҳои пластикиро ба партовгоҳҳо мепартоянд.

Тӯли солҳои зиёди сипаригашта, ки маводҳои полиэтиленӣ ё пластикӣ дар истеҳсолот камтар истифода бурда мешуданд, партовҳо низ аз маҳсулоти табиӣ – ба монанди коғаз, дарахт, пасмондаи хӯрока, пашминагиҳо ва пахта иборат буд. Ин гуна партовҳо бидуни ягон зараре дар табиат нобуд ё ки пӯсонида мешуданд, вале мутаассифона, дар баробари пешравии сатҳи зиндагӣ ва истеҳсолот маводҳои партовӣ ҳам заҳрноку хатарноктар гаштанд, таркиби металлҳои вазнин, моддаҳои радиоактивӣ ва пластмассаҳо дар заминаи модаҳои синтетикӣ хеле баланд ва  зараррасонии онҳо ҳатто баъд аз нобудсозиашон  низ барҳам намехӯрад.     

         Бо мақсади равшанӣ андохтан ба масоили номбаршуда дар кишварамон, суҳбате оростем бо Ҷамшед Қурбонов  - мутахассиси пешбари шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суолҳои мо ба коршинос чунин буд:

Муҳтарам Ҷамшед Қурбонов, принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар самти муомилот бо партовҳо чи гуна ба роҳ монда шудааст?

  - Масъалаи ҷамъоварӣ, ҷойгиркунӣ, коркард ва безараргардонии партовҳо яке аз мушкилоти асосии экологӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, чун дигар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар як қатор санадҳои қонунгузорию меъёрӣ, ҳуҷҷатҳои стратегию барномавии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар инъикос ёфтааст.

        Ҳуҷҷати асосие, ки соҳаи идоракунии партовҳои  сахти маиширо ба танзим медарорад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» мебошад.  Қонуни мазкур муносибатҳоеро ки дар рафти ҳосилшавӣ, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, кашонидан, безараргардонӣ ва гӯронидан, инчунин дар идоракунӣ ва назорати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо ба миён меоянд, танзим менамояд ва ба пешгирии таъсири манфии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ба муҳити зисти атроф, саломатии инсон ҳангоми муомилот бо партовҳо ва истифода бурдани онҳо барои эҳтиёҷоти хоҷагию истеҳсолӣ ба сифати манбаи иловагии ашёи хом мусоидат менамояд. Инчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2012 сол, №205, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо муайян шудааст. Ҳамзамон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.07.2011, №279 «Дар бораи тасдиқи тартиб, шарт ва усули ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, интиқол, нигоҳдошт ва гӯронидани партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ дар ҷумҳурӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.07.2011, №280 «Дар бораи тасдиқи тартиб ва шароити нигоҳдошти ҳудудҳои маҳаллаҳои аҳолинишин дар ҷумҳурӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2012, №626 «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие мебошанд, ки идоракунии партовҳоро ба танзим медароранд.

-  Барои беҳдошти ҳолати нигоҳдории партовҳо чи чораҳо андешида мешаванд?    

       - Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 73 адад партовгоҳҳои партовҳои сахти маишӣ фаъолият менамоянд, ки масоҳати умумии онҳо зиёда аз 300 гектарро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда ҳар сол ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ 2689825 м3 партовҳои сахти маишӣ ҳосил мешаванд.   Ба партовгоҳи шаҳри Душанбе  ҳар рӯз ба миқдори 650 - 800 тн ва ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд  ба миқдори  500  - 600 м3 ҷойгир карда мешаванд. Намуди партовгоҳҳо идорашаванда буда, партовҳо асосан бо ёрии техника (булдозер) бояд тахту ҳамвор ва қабат ба қабат ҷойгир кунонида шаванд, вале тартиби мазкур на дар ҳамаи партовгоҳҳо риоя карда мешаванд. Дар бахши идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 6-лоиҳа амалӣ шуда истодааст. Идоркунии партовҳои сахти маишӣ  дар ҷумҳурӣ беҳтар шуда бошад ҳам, мутаасифона дар бисёр шаҳру ноҳияҳо масъулони соҳа партовгоҳҳоро ба ҳоли худ гузошта, нисбати камбудиҳои ҷойдошта саривақт чораҳои зарурӣ андешида намешаванд.

       Проблемаҳои ҳалталаби экологӣ, ки имрӯзҳо дар самти муомилот бо партовҳо мавҷуд аст, ин ба навъҳо ҷудо намудани партовҳои сахти маишӣ дар нуқтаҳои муваққатии партовнигоҳдорӣ, ташкил намудани нуқтаҳои муваққатии партовнигаҳдорӣ дар ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, дар назди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳо ҷумҳурӣ ташкил намудани КВД, “Нақлиёти махсус оид ба кашонидани партовҳои сахти маишӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди такрории партовҳои сахти маишӣ ва дигар партовҳо, ба роҳ мондани коркарду безараргардонии пурраи партовҳои тиббӣ мебошад.

Хотирасон бояд намуд, ки гӯронидани партовҳо дар ҳудуди шаҳрҳо ва дигар маҳаллаҳои аҳолинишин, минтақаҳои бешабоғ, истироҳатгоҳҳо, ҷойҳои табобатию беҳдоштӣ ва дамгирӣ, дар ҳудуди ҳавзҳо, чашмаҳои зеризаминӣ, ки барои корҳои хоҷагию нӯшидан истифода бурда мешаванд, инчунин дар мавзеъҳои конҳои канданиҳои фоиданок ва ҷойҳои маъданковӣ (дар мавриди таҳдид ва бехатарии корҳои маъданковӣ ва харобии конҳо) манъ аст.

 Дар ҷаҳон роҳҳои мухталифи нобудсозии партовҳо вуҷуд дорад, яке аз ин роҳҳо тариқи сӯзондан нобуд сохтани онҳо мебошад. Партовҳоро дар печкаҳои аз ҳад зиёд гармидошта месӯзонанд, ки дар натиҷа он ба гази заҳрноке табдил ёфта, боз ҳам тариқи ҳаво ва об ба муҳити зист таъсири манфии худро мерасонад. Як шакли дигари нестсозӣ -  ин нобудсозии барқӣ ба шумор меравад, ки он низ норасоиву камбудиҳои худро дорост, аз он ба атмосфера моддаҳои кимиёвӣ, ба монанди диоксинҳо – моддаҳои хлордор ҷудо мешавад. Он яке аз ксенобиотикҳое мебошад, ки таъсирбахшии зиёди заҳрогинро доро аст. Аз ҷониби коршиносон чунин хулоса бароварда шудааст, ки аз 50 то 80 фоизи ифлосшавии умумии сайёра аз диоксинҳо, ки  тавассути партовҳои ихроҷнамудаи корхонаҳои партовсӯзонӣ ҳосил мешавад, ба амал меояд. Аҷибаш он аст, ки ҳатто Арктика- як қисмати хеле сард ва яхбастаи рӯи замин,  яке аз ҷойҳои аз диоксин заҳролудшудаи олам ба шумор меравад. Сабаб он аст, ки дар тӯли 20 соли охир, аз ҳисоби гармшавии глобалӣ, моддаҳои зарарноке, ки дар қабати пиряхҳои қутбӣ маҳфӯз монда буданд, аз сари нав ба муҳити зист паҳн мешаванд. 

Хотирнишон бояд сохт, ки диоксинҳо ба таври содда ба таркиби ғизо ва гиёҳҳо меафтанд ва дар одамон бемориҳои зиёдеро (яке аз онҳо саратон) ба вуҷуд меоранд. Тадқиқотҳо нишон додаанд, ки говҳо дар тӯли рӯз он қадар заҳрҳоеро дар натиҷаи истеъмоли алаф қабул мекардаанд, ки инсон онро дар тӯли солҳои зиёд нафас мегирад. Пас, он қадар маводи ғизоии ширӣ, ки ҳамарӯза мо истеъмол мекунем, ба организмамон чӣ гуна таъсире мерасонида бошад?!  

Зарари халтаҳои селофанӣ ё ашёи пластикӣ

Дар олам истифодаи халтаҳои селофанӣ ва ашёи полиэтиленӣ ба таври васеъ ба роҳ мононда шудааст. Мо тамоми харидҳои худро чӣ аз бозор, чӣ аз мағоза бо халтаҳои селофанӣ анҷом медиҳем, шояд то ҳол аз зарари он бехабарем ва ё нисбати саломатии худ низ  бепарвоем. Бештари мамлакатҳо аз истифодаи пакетҳои якдафъаинаи полиэтиленӣ даст кашида истодаанд. Дар баъзе аз мамолик ҳатто барои сайёҳе, ки нафаҳмида халтаи селофанӣ ҳамроҳ мегирад, ҷарима  муайян карда шудааст.  

Аз рӯи маълумоти сомонаи Tourister, махсусан чораҳои ҳуқуқии хеле ҷиддӣ бар зидди истифодаи маводи пластикӣ дар Кения, Австралия, Тайланд ва Африқои Ҷанубӣ фаъол мебошанд. Агар ба Кения сафар намоед, бо худ ҳамроҳ гирифтани дилхоҳ намуди пакетҳои селофанӣ  боиси ҷарима шудан ва дар ҳолати такроршавии ин амал маҳбас  шуморо таҳдид менамояд. Дар Квинсленди Австралия низ барои истифодаи пакетҳои селофанӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.  Дар Африқои Ҷанубӣ низ барои савдои халтаҳои пластикии якдафъаина тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда ба маҳбас афтидан мумкин аст. Аз апрели соли 2020 манъи  истеҳсол ва савдои пакетҳои пластикӣ дар Гурҷистон шуруъ гашт. Аз оғози соли ҷорӣ дар ҳамсоякишвари мо - Ӯзбекистон низ истеҳсол ва воридсозии пакетҳои пластикӣ манъ карда шуд. 

   Ҷамшед Қурбонов - мутахассиси  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мо гуфт, ки яке аз мушкилоте, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, истифодаи зарфу борҷомаҳои пластикӣ мебошад ва аз ин масъала ҷомеаи Тоҷикистон низ истисно нест. Шуруъ аз солҳои 90-уми асри гузашта ба зарф ва пакетҳои пластикӣ бинобар  сабаби арзон будан ва имкони истифодабарӣ барои нигоҳубини ҳама гуна маҳсулот талабот зиёд гашт. Аммо таъсири манфии пакетҳои пластикӣ ба муҳити зист ба зудӣ эҳсос гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои даст кашидан аз истифодаи онҳо чораҷӯӣ мекунанд. Тибқи ташхисҳои коршиносон дар як сол беш аз 4 триллион пекети пластикӣ дар гардиш қарор мегирад, ки аз таъсири он ҳамасола 1 милион парандаҳо, 100 ҳазор ҳайвоноти баҳрӣ ва шумораи зиёди моҳиҳо ба нестӣ мерасанд.

      Ҳамчунин мутахассисону коршиносон таъкид менамоянд, ки зарфу борҷомаҳои пластикӣ ва полиэтилениро набояд баъд аз истифода  сӯзонда ва ё дар кӯчаҳо партофт, зеро онҳо аз худ заррачаҳои махсуси заҳролудро хориҷ мекунанд, ки ҳам ба муҳити зист ва ҳам ба худи инсон таъсири манфӣ мерасонанд. Вобаста ба масъалаи мазкур, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2020 ва аз 8 феврали соли 2021, ҷиҳати давра ба давра то соли 2023 даст кашидан аз истеҳсол, воридот ва истифодаи зарфу борҷомаҳои пластикӣ ва полиэтилении ғафсиаш то 15 микрон ирсол гардидааст, ки мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дорад.

- Дар кишвари мо масъалаи коркарди партовҳо (ба маҳсулоти дигар табдил додани онҳо) чи гуна ба роҳ монда шудааст?

      Тибқи маълумотҳои дастрасшуда ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар ҷумҳурӣ 42 адад корхонаҳои коркарди партовҳо фаъолият доранд, ки шумораи онҳо чунин аст:

- корхонаҳои коркарди партовҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ - 19 адад;

- корхонаҳои коркарди партовҳои қоғази ташноб ва қуттиҳои картонӣ - 4  адад;

- корхонаҳои коркарди алюмини - 2 адад;

- корхонаҳои коркарди маҳсулоти нафтӣ- 1 адад;

- корхонаҳои коркарди партовҳои оҳан - 12  адад;

- ба хелҳо ҷудо намудани партовҳо -1 адад;

- коркарди латтапораҳо- 1 адад;

- коркарди шишамайда -2 адад;

 Вале, мутаассифона шумори корхонаҳои коркарди дуюмбораи партовҳо  на он қадар бузург буда, талаботи имрӯзаро қонеъ гардонида наметавонад. 

Мушоҳидаҳо тасдиқ менамоянд, ки тӯли солҳои охир бемориҳои мухталифи душвортабобатшаванда ва ё ки табобатнашаванда (бемориҳои бадсифати саратонӣ, сироятӣ, бемориҳои пӯст ва ғ.) миёни мардум дар ҳоли афзудан аст. Дар ин радиф метавонем бемории сироятии ҳамагири Ковид- 19, (коронавирус) - ро низ мисол биёрем. Таърих, сабабҳои пайдоиш ва паҳншавии ин беморӣ ҳанӯз ҳам чун як асрори нокушодае боқӣ мемонад, шояд замоне он пурра омӯхта хоҳад шуд ва омилҳои пайдоиш ва роҳҳои бартарафсозиаш низ бозкушоӣ мешавад, аммо далели нигаронсозанда ва раднопазир он аст, ки дар сайёраи Замин ҳамарӯза дар натиҷаи фарогирии ин вирус талафоти зиёди ҷонӣ ба мушоҳида мерасад...

Коршиносон мегӯянд, ки аз партовгоҳҳо дар масофаи 3 километр дуртар зистан, одамонро метавонад бо хатари тавлидёбии атфол бо иллатҳои модарзодӣ таҳдид намояд. Аммо мутаассифона, дар бештари мавзеъҳо аҳолӣ дар масофаҳои на он қадар дур аз партовгоҳҳо ҳаёт ба сар мебаранд.  

Усули нобудсозии партовҳо хеле куҳна шудааст, масъулони партовгоҳҳо бештари вақт даъво мекунанд, ки дар фазо абрҳои заҳролудаи партовӣ вуҷуд надорад ва дар ҳолати набудани онҳо рух задани хатарҳо низ амри маҳол аст, аммо мардуми таҳҷоӣ ва гирду атроф аз вуҷуд доштани чунин хатарҳо ҳамеша дар ҳаросанд. Бархе бошанд,  ҳатто парво надоранд, ки партовҳо дар куҷо ва чи хел партофта мешаванд.

Коршиносон маслиҳат медиҳанд, ки яке аз роҳҳои ҳифз намудан аз зарарҳои таҳдидкунанда нисбат ба муҳити атроф - ин сохтани қабатдеворҳои гилин дар атрофи партовгоҳҳо, барои нагузаштани моддаҳои зарарнок ба обҳои  зеризаминӣ мебошад.  Аммо ин амал низ дар таҷрибаҳо натиҷаи кам  додааст, чунки сохтани чунин саддҳо мустаҳкаму дерпой намебошанд. Даҳшатовар он аст, ки таъсири манфӣ аз куҳпартовҳои зараровар  метавонад садҳо сол идома ёбад. Ҳатто партовгоҳҳои сифатан хуб сохташуда низ мушкилот ба бор меоранд. Ба он хотире, ки бодҳои гардон ва шамолҳои пуршиддат  метавонанд заҳри партовҳоро то ба шаҳру деҳоти атроф расонад.

Масъалаи тозагии экологӣ зич вобастагӣ дорад ба хислат ва дидгоҳи аҳолии ҳар минтақа ва сарзамин. Имрӯзҳо агар ба бархе аз  ҷӯйҳо ва заҳбурҳои минтақаҳои аҳолинишин назар андозед, албатта шумори беадади партофтаҳои пластикиву полиэтиленӣ, ба монанди буталҳо ва дигар зарфҳоро мебинед, ки  ҳусну қубҳи маҳалро мекоҳонанд ва ҳам боиси ба миён омадани моддаҳои зараровар, вирусҳо ва мушкилоти зиёди пайдарҳами дигари зиндагӣ  мешаванд… Хуллас, ин гуна мисолҳо хеле зиёданд, ки метавон аз он таҷриба гирифта, дар зиндагонии худ  истифода барем ва аз хатарҳои экологӣ муҳити зист ва ҷону номи худро эмин нигоҳ дорем.

Моҳсафари Яҳёзод

муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Дин ва ҷомеа»