ҚУРЪОН МЕГӮЯД, КИ БА ФОСИҚОН БОВАР НАКУНЕД. ЯЪНЕ БА КАБИРИҲОВУ МУҲАММАДИҚБОЛҲО...

Нашр шуд korbar - пн, 02/22/2021 - 15:07

Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо барои масъулон ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ, балки барои ҳар шаҳрванде, ки ба тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллати тоҷик бетараф нест, барномаи роҳнамо аст.

Мо имсол ҳам дар Паёми Сарвари давлат таҳлили раванди иҷрои вазифаҳои қаблан тарҳрезишуда ва барномаи мушаххасу дурбинона барои соли оянда ва солҳои баъдиро аз забони Пешвои хирадманди миллат бишнидем.

Бояд гуфт, ки ин Паём низ чун Паёмҳои қаблӣ ҳар як сокини Тоҷикистонро ба он умедвор менамояд, ки кишвари мо новобаста аз вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум сол ба сол зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоишта ва сулҳу амниятро тақвият мебахшад.

Паёми имсолаи Сарвари давлат маҳз аз таваҷҷуҳ ба масоили беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ оғоз гардид ва маълумоте, ки дар ин бора зикр гардид, далели рӯшани он аст, ки дар бахшҳои иҷтимоӣ, новобаста аз вазъияти баамаломада, Ҳукумати кишвар фаъолияти босамар доштааст. Пешвои миллат таъкид карданд, ки дар соли 2020, яъне соли паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар тамоми дунё, ки ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон таъсири манфии худро расонд, Тоҷикистони азизи мо дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ин албатта, натиҷаи андешидани як қатор чораҳои фаврӣ ҷиҳати пешгирӣ намудан аз паёмадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар мебошад.

Дар баробари ин ҳама, як нуктаи Паёми имсола маро ҳамчун як ходими дин ва ҳам як шаҳрванди ҳамин сарзамин сахт ба андеша водошт. Сарвари давлат зикр намуданд, ки:

 “Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд”.

Ба назари ман, мубориза бо хоинони миллат натанҳо вазифаи ниҳодҳои дахлдор ва ё кормандони давлатӣ, балки қарзи фарзандии ҳар як сокини ин марзу бум, махсусан мо, ходимони дин, аст. Зеро чӣ тавре, ки ҳамагон кам ё беш медонем, баъзе ашхос ва гурӯҳҳои муайян аз ҳуқуқу озодиҳои демократӣ суиистифода намуда, мехоҳанд ғаразҳои сиёсии худро аз мавқеи дин асоснок созанд. Ин зумра ба рӯи худ ниқоб кашида, худро олими дин ва ё як нафари батақво метарошанд, бо даъвоҳои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои мусалмонон, ҳифзи асолат ва ҳувияти динӣ, байни шаҳрвандони кишвар, махсусан ҷавонон, тухми тафриқаву нифоқ кошта, ба мафкураи онҳо таъсири манфӣ мерасонанд, суботи ҷомеа ва амнияти давлатро халалдор менамоянд ва ҳатто мехоҳанд маҷрои инкишофи ҷомеаро тағйир диҳанд. Бехабар аз он ки “саг меҷакаду корвон меравад...”

Бояд мо ба ҷавонон ҳамеша гӯшзад намоем, ки ислом дини ваҳдату рафоқат аст. Рисолати таърихии дин ҳам ваҳдату суботи ҷомеа мебошад.

Ҳамчунин Худованди мутаъол мефармояд: «Сулҳ хайр аст аз тафриқа ва парокандагӣ» (Сураи «Нисо» ояти128). Яъне Худованд дар Қуръони карим ваҳдату ягонагӣ ва сулҳро ситоиш карда, ба ваҳдату сулҳ амр ва супориш додааст.

Мазҳаби ҳанафӣ, ки аксари кулли тоҷикон пайрави онанд, омили муҳими ваҳдати умумиинсонӣ, ҳифзи субот ва амнияти низоми ҷамъиятӣ аст. Бингаред, Имоми Аъзам чӣ мефармояд: “Худои азза ва ҷалла расули худро ба инсоният ҳамчун раҳмат барои рафъи тафриқа ва афзудани дӯстӣ ва на барои тафриқаю ихтилофи гуфтор ва шӯронидани одамон бар зидди ҳамдигар фиристодааст”.       

Пас, онҳое, ки тухми нифоқу тафриқа мекоранд, чӣ ҳаққе доранд, ки аз номи дин ҳарф зананд? Бо кадом рӯ ба мардум аз Худову Пайғамбар мегӯянд? Оё онҳо воқеан ҳомии дин ҳастанд? Бояд тамоми ин масъалаҳоро ходимони дину имомхатибон ҳамеша дар мавъизаҳо ва суҳбатҳояшон ба аҳли ҷомеа таъкид намоянд.

Имрӯз дар баробари хоинони миллату давлати тоҷик, ки на саводи кофии динӣ доранд ва на дунявӣ, дунёро бесоҳиб пиндошта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ гӯё ба дигарон “панд” медиҳанду роҳи ростро менамоянд, ҳамчунин дар ҳаққи уламои дини мо ҳар гуна суханони носазо мегӯянд, хомӯш истодан ва бетараф будан, ба назари ман, ҳамсанги як ҷиноят аст. Зеро “агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст...” Ё аз ин ҳам бадтар, агар бубинӣ, ки дасисабозе чандин нафарро ба сӯи гумроҳӣ мехонад, бетараф будану наззора кардан бешарафист.

Ҳар як ходими дин, ҳар нафари огоҳ аз мазҳабу тариқат, ҳар шахси бафарҳангу миллатдӯст бояд аз хонаводаи худ, маҳаллаи худ, деҳа ва ё шаҳри худ сар карда, ба ҷавонону наврасон ғаразҳои нопоки хоинони миллатро фаҳмонад. Чунки насли калонсоол аллакай як бор заҳри суханони фиребандаи ин тоифаро дар солҳои навадуми асри гузашта чашидааст.

Бубинед, Худованд аз будани ин гуна тоифаҳо ва ҳам фиребу найранги онҳо 1400 сол пеш дар Қуръони азимушшаън муъминонро огоҳ кардааст, то ба гуфтаи фосиқону мунофиқон бовар накунанд:

“Эй касоне, ки имон овардаед, агар фосиқе бароятон хабаре овард, таҳқиқ кунед, мабодо аз рӯи нодонӣ ба мардум осебе бирасонед, он гоҳ аз коре, ки кардаед, пушаймон шавед” (сураи “Ҳуҷурот”, ояти 6).

 Магар Кабириҳову Муҳаммадиқболҳову Саидюнусҳо аз ҳамин тоифаи дар Қуръон таъкидшуда нестанд? Албатта, ҳаминҳоянд, ки мардумро мехоҳанд ба бадбахтиву тафриқа тела дода, гулӯи хоҷагони хориҷияшонро мулоим кунанд ва ба ин роҳ давлати ҳангуфт ба даст биёранд. Аммо ҳар фарди огоҳи Ватан вазифадор аст, ки бо як ҷавоби обдоре ба даҳони ин худбохтагон бизанад ва дар ин баробар аҳдофи нопоки онҳоро ба мардум рӯшан намояд, то оянда хомӯшиву бетарафӣ пушаймонӣ ба бор наорад.  

Абдуваҳҳоб Атоев,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи

Абубакри Сиддиқи ҷамоати Зайнабободи ноҳия Рӯдакӣ