Осори Абӯалӣ ибни Сино ба забони давлатӣ тарҷума мешавад

Нашр шуд korbar - пт, 04/19/2019 - 13:47

«Ба даст овардани илм барои ҳамаи соҳибдилон воҷиб ва зарур аст. Илм зидди ҷаҳолат аст ва нодонӣ аз хосиятҳои торикист. Нодонӣ мисли кӯрӣ ва торикист, дар ҳоле ки илму дониш дидаи биност».

Абӯалӣ ибни Сино

 Тибқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 1040-солагии олим, табиб ва мутафаккири бузурги тоҷику форс Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино таҷлил мешавад. Вобаста ба ин, бо мақсади бузургдошт, омӯзиш ва ташвиқи андешаҳои инсондӯстона ва илм­парваронаи Абӯалӣ ибни Сино 5-уми апрели соли 2019 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази синошиносии он конфронси ҷумҳуриявӣ зери унвони «Нақши Абӯалӣ ибни Сино дар рушди фалсафа, илм ва тамаддуни ҷаҳонӣ» баргузор гардид.

Президенти АИ ҶТ Фарҳод Раҳимӣ оид ба масъалаҳои калидии мероси илмию фалсафӣ ва тиббиву фарҳангии Шайхурраис изҳор дошт, ки ҳанӯз баҳсу мунозираҳо дар бораи мансубияти мутафаккири намоён ба ин ё он қавму миллат идома дорад ва бояд бо далелҳои муътамад ворисони аслии Сино буданро собит созем. Инчунин, Фарҳод Раҳимӣ зикр кард, ки бори аввал тасмим гирифта шуд, ки осори Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синоро ба забони давлатӣ тарҷума ва дастраси хонандагон гардонида шавад. Ин корро Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ бар дӯш дорад ва итминон дорем, ки то ҷашни 1040 –солагии Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ба сомон мерасад.

Мӯсо Диноршоев – академики АИ ҶТ дар мавзӯи «Нақши Абӯалӣ ибни Сино дар тамаддуни ҷаҳонӣ», Муҳаммад Абураҳмон Наврӯз — узви вобастаи АИ ҶТ дар мавзӯи «Фалсафаи варзишии Абӯалӣ ибни Сино» ва Кароматулло Олимов — академики АИ ҶТ дар мавзӯи «Баҳсҳои ҳастишиносии аҳли тасаввуф бо даҳриён, муътазилиён ва асҳоби ҳаюлот» баромад карданд.

Умуман, дар ҷамъомад зиёда аз 20 маърӯзаву гузориш оид ба масъалаҳои омӯзиши осори Абӯалӣ ибни Сино, масоили раванди ташаккули андешаҳои илмӣ – фалсафӣ дар шарҳи асримиёнагӣ, саҳми Абӯалӣ ибни Сино дар таърихи фалсафа, тиб, табиатшиносӣ, мантиқ ва ташаккулёбии назари илмии олам мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА