БЕГОНАПАРАСТӢ ИФТИХОР НЕСТ

Нашр шуд korbar - пт, 04/02/2021 - 09:16

Амнияти фарҳангии мамлакат аз амнияти миллӣ ва давлатӣ мақоми камтар надорад. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

     Ҳар як давраи таърихӣ ба илму фарҳанги миллат таъсири хос дорад. Эҳё ва рушди фарҳангу суннатҳои миллӣ ба инкишофи илму техника, сиёсат, иқтисодиёт, болоравии сатҳи иҷтимоии миллат, ҷаҳонбинӣ ва афкори ҷомеа алоқаманд аст. Аммо миллатҳое, ки фарҳанги қадима доранд, рушд ва эҳтироми онҳо дар назди ҷаҳониён аз донистан ва эҳтироми фарҳанги аҷдодӣ, омӯзиши таърихи миллат, суннатҳои писандидаи ниёгонашон вобастагии бузург дорад. Миллате, ки дар давлатдорӣ – сиёсат, иқтисодиёт, таълиму тарбия, маишат, оиладорӣ ва дигар самтҳои зиндагии ҳаррӯзаи худ фарҳанги миллии худро эҳтиром мекунад, дар назди миллатҳои мутамаддини олам дар ҳар давру замон соҳиби обрӯю эътибор мебошад.

     Хеле хуб донистани фарҳанги худ барои роҳ надодан ба худсарона воридшавии ҷузъҳои номатлуби фарҳанги миллатҳои дигар ба фарҳанги миллӣ, ки бегона ва қобили қабул нестанд, мадад мерасонад. Табиист, ки дар давраҳои тағйирот ё сиёсӣ ё иқтисодӣ, ҷойи холигиро дар шуури миллӣ бояд чизе пур кунад. Ин мавриди хеле ҳассос аст. Истилогарони фарҳангии миллатҳои дигар ҳамин гуна мавридҳоро пайгирӣ мекунанд, то ки ба осонӣ ҷузъҳои фарҳанги худро ба фарҳанги миллатҳои дигар ворид намоянд. Ин амалро ба хотири чӣ анҷом медиҳанд, худи онҳо хуб медонанд. Ин ҳамеша ба манфиатҳои миллии ҳамонҳо ва ҷараёнҳои гуногуни мазҳабӣ мебошад, ки ҷанбаҳои мухталиф дорад. Ин мавзӯи баҳси дигар аст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша ҳушёрии сиёсию фарҳангӣ дошта бошем. Махсусан, дар замони ҷаҳонишавӣ. Суннатҳои писандидаи миллии худро эҳтиром ва ҳифз намоем, ба вайрон кардани меъёрҳои онҳо роҳ надиҳем, беҳтару хубтар будани ҷиҳатҳои фарҳанг ва суннатҳои миллии худро дар ҳамаи самтҳои амалан нишон диҳем, таблиғ кунем, исбот намоем. Ана пас аз ин, дигар миллатҳо фарҳангу суннатҳои миллии моро эҳтиром мекунанд, ба омӯзиши фарҳанги мо шурӯъ менамоянд. Ҳангоми ҳамкориҳои фарҳангӣ намунаҳои беҳтарини фарҳанги худро хеле эҳтиёткорона ба мо пешкаш менамоянд, то ки ҷузъҳои онҳо мухолифи расму оиниҳои мо набошанд, ки миллати мо аз ин ҳамкориҳо бурд мекунад. Мо ҳангоми ҳамкорӣ, нисбат ба ҳамаи он чизе ки дигарон пешкаш мекунанд, дар интихоби онҳо, бояд нуктасанҷ бошем. Ҳамаи паҳлӯҳои онҳоро омӯзем ва пас аз он ки ба қобили қабул будани онҳо эътимод ҳосил кардем, ба ворид намудани онҳо иҷозат диҳем.

     Якум, ин тарзи амал дар назди ҳамкорони хориҷӣ боиси баланд шудани обрӯю эътибори миллии мо мегардад.

     Дуюм, барои дарёфти манфиатҳои худ хориҷиёнро водор менамояд, ки дар ҳамкорӣ бо мо саҳлангорӣ накунанд ва барои бо фарҳанги мо мувофиқ кардани ҳамкориҳояшон, бояд фарҳанги моро хеле хуб омӯзанд.

     Ин омилҳо ба пешрафти ҷомеа ва болоравии маънавиёти миллати мо мусоидат карда метавонанд.

     Имрӯз мо дар ҳамаи соҳаҳо – сиёсат, иқтисодиёт ва ҳангоми ҳамкориҳо бо давлатҳои дигар ва Созмонҳои байналмилалӣ, бояд пеш аз ҳама манфиатҳои миллии худро ба эътибор гирем. Он пешниҳодҳое, ки боиси коҳиш ёфтани фарҳанг, суннатҳои миллии мо, хароб шудани муҳити табиати биҳиштосои мо мешаванд, бо ҳар қиммате ки набошад, қабул накунем. Ҳимояи фарҳангу суннатҳои миллӣ як ҷузъи хеле муҳими амниятӣ миллӣ мебошад. Зеро фарҳанг ва суннатҳои миллӣ, инҳо сарвати гаронбаҳои миллати мо мебошанд ва мо бо инҳо ифтихор мекунем. Ифтихори миллиро ҳимоя кардан ин ҳимояи амнияти миллӣ мебошад. Истилои фарҳангӣ аз истило бо аслиҳа даҳшатноктар аст. Инсон аз норасоии ғизо намемирад, аммо миллате, ки ба хотири дарёфти молу ғизо фарҳагу суннатҳои миллии худро поймол мекунад ё нодида мегирад, оқибат ҳамчун миллат мемирад. Ин фоҷиаи миллат аст. Инро таърих борҳо собит кардааст. Бояд ин нуктаҳоро, на танҳо дар сатҳи давлат, балки тамоми тоҷирону  соҳибкорони мо хеле хуб дарк намоянд ва ҳангоми бо шарикони хориҷии худ қарордод бастан, бунёд кардани корхонаҳои муштарак, сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталиф, бояд паҳлӯҳои фарҳангии ҳамкориҳои худро ба назар гиранд. Ба ин танҳо бо роҳи бедор кардани худшиносии миллӣ комёб шудан мумкин аст.

     Мо миллате ҳастем, ки аз замонҳои қадим ба тиҷорат машғул ҳастем. Мардуми мо дар маркази шоҳроҳи Абрешим сукунат дошт. Имрӯз ҳам мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавии кишвари мо аҳамияти муҳими сиёсӣ ва стратегӣ дорад. Сарватҳои табии сарзамини мо зиёд ва гаронбаҳоянд. Инро давлатҳои тараққикарда ва абарқудрати дунё хуб медонанд ва кӯшиш мекунанд, ки ҳар яке бо фароҳам омадани вазъи муносиб бо мо ҳамкории зичтар дошта бошанд ва манфиатҳои худро дар ин минтақаи олам устувортар намоянд. Ин бофтаи банда нест. Аз сарчашмаҳои таърихӣ медонем, ки мо яке аз аввалин тоҷирон дар дунё мебошем. Аксари миллатҳои дигар аз мо тиҷоратро омӯхтаанд. Ҳамаи ин нуктаҳоро ба хотири он таъкид кардам, ки мо имрӯз аз дигарон расму оини тиҷоратро меомӯзем. Ин хуб аст, вале дар баробари ин омӯзиш, мо бояд суннатҳои тиҷорати ниёгонамонро омӯзем. Наход ягон чизи писандидае аз расму оини тиҷорати ниёгонамон қобили қабул набошад? Аз ин рӯ, олимони иқтисоддони мо бояд ҷиҳатҳои беҳтарину писандидатарини фарҳанги тиҷорати ниёгонамонро омӯзанд ва эҳё намоянд. Ҳангоми бастани қарордодҳои байналмилалии соҳаи иқтисодӣ, чунин қарордодҳоро бояд олимони иқтисоддони хуби кишварамон (ин гуна олимон дар кишварамон хеле зиёданд) ҳаматарафа омӯзанд ва таҳлил намоянд, аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ–фарҳангу суннатҳои миллӣ, анъанаҳои беҳтарини мардумӣ, иқлим, муҳити зист қобили қабул будани онҳоро санҷанд ва пас манфиатҳои молии онҳро ба эътибор гирифта, барои имзо тавсия намоянд. Барои ин кор мо макони хеле пурқуввати илмӣ – Академияи илмҳо дорем. Дар ин даргоҳи илму маърифат олимоне кор мекунанд, ки сатҳи дониши онҳо ба сатҳи дониши олимони машҳури муосири дунё баробар ва шояд дар баъзе соҳаҳо баландтар бошад. Агар мо имрӯз насанҷида ва таҳлил накарда тамоми шарту шароити шарикони хориҷиамонро, ки ба манфиати пур кардани хазинаамон асту вале мухолифи суннатҳои миллии мо мебошад, қабул намоем, фардо миллатро ба гирдоби нобудӣ мекашем ва фарҳанги мардумамонро ба нестӣ мебарем. Пас куҷост ифтихори миллии мо? Мо бо чӣ дар назди оламиён фахр мекунем? Бунёди ҳар як миллат илму фарҳанги миллӣ, суннатҳои миллӣ аст. Чӣ тавре, ки Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Фарҳанг ҳастии миллат аст”.

     Маънавиёти миллат аз сиёсат, иқтисодиёт, илму фарҳанг ва суннатҳои милли худи вай баланд мешавад. Дар соҳаи сиёсат мо дар назди олмиён таҷрибаи хеле қадима дорем. 1100  - солагии Давлати Сомониён, ки мо бошукӯҳу шаҳомати беназир ҷашн гирифтем, исботи ин гуфтаҳо мебошад. Аз Давлати Сомониён ҳам пештар мо Давлат доштем. Ҳоло он ки дар ҳамон давру замон аксарияти миллатҳо дар ҷомеаи ибтидоӣ зиндагӣ мекарданд.

     Мо бо санъати меъмории ба худ хос шаҳрҳои машҳури дунё бунёд кардаем, ки осори ин меъморӣ ҳоло ҳам оламиёнро дар ҳайрат мегузорад. Мо суннатҳои шаҳрдорӣ доштем, ки имрӯз ҳамонҳоро дигарон ҳамчун чизи нав ба мо меомӯзанд. Тибби олмашумул дорем. “Ал-қонун фит-тиб” китоби болоимизии табибони Аврупо буд ва ҳаст, вале имрӯз дигарон ба мо тарзи табобати бемориҳоро меомӯзонанд. Фарҳанги волои сӯҳбату оиладорӣ доштем ва дорем, вале имрӯз ба мо тарзи сӯҳбат кардану оиладориро меомӯзонанд. Либосҳои шоҳона мепӯшидем ва дорем, вале имрӯз ба мо дигарон тарзи либоспӯширо меомӯзонанд.

     Гумон накунед, ки банда муқобили аз ҳисоби ҷузъҳои писандидаи илму фарҳанги миллатҳои дигар ғанитар гардонидани илму фарҳанги миллӣ ҳастам. Ҳаргиз. Пешниҳод мекунам, ки аз фарҳангу дастовардҳои илмию техникии имрӯзаи дигарон, фақат чизҳои писандидаю ба ахлоқи миллатамон мувофиқро санҷида, пас қабул кардан лозим аст. Мо бояд, аз раванди тараққиёти илму техникаи ҷаҳонӣ қафо намонем. Имрӯз олимони мо барои он заруранд, ки ба манфиати миллати худ кор кунанд, яъне дар баробари кашфиётҳои худ дастовардҳои илму техникаи муосири миллатҳои дигарро бо фарҳанг ва анъанаҳои миллии мо, то ҳадде ки имкон аст, мувофиқ намуда, ба хизмати миллати тоҷик пешниҳод намоянд. То ки наврасону ҷавонон–ояндаи миллатамон, ба ғайр аз он ки мутахассисони варзида шаванд, бояд дар рӯҳияе тарбия ёбанд, ки мағзи онро ифтихори миллӣ ташкил диҳад.

     Мо бояд аз фарҳанги давраи Сомониён баҳра бардорем. Агар мо худро вориси сохти давлатдории Сомониён шуморем, бояд аз фарҳанги аслии он давра ҳарф занем ва ҷиҳатҳои писандидаи фарҳангу суннатҳои миллии он давраи таърихии миллатамонро эҳё намоем. Он чизе, ки ба тарбияи насли наврас ва солимгардонии афкори ҷомеа мадад мерасонад, бояд қобили қабул бошад.

     Тарбияи насли наврас ва ҷавонон, чӣ тавре ки баъзаҳо ақида доранд, танҳо вазифаи кормандони соҳаи маориф ва оила нест. Тарбия вазифаи тамоми ҷомеа аст. Ҳукумат, матбуот ва пеш аз ҳама телевизион ва радиои миллӣ дар ин бобат масъулияти муҳим доранд. Мо бояд барои онҳо дунёи тоҷикӣ бунёд кунем, то ки муҳити зиндагии онҳо тоҷикона бошад. Вагарна дар замони имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, онҳо дар оянда, на танҳо фарҳангу суннатҳои миллӣ, балки ҳатто забони модарии худро гум мекунанд. Пеш аз ҳама парлумони касбии мо, бояд қонунҳои дахлдорро қабул намояд, ки гирифтани пеши роҳи бо ҷузъҳои номатлуби фарҳанги миллатҳои дигар олудашавии фарҳангу суннатҳои мардуми моро қонунӣ гардонад.

     Мо ки имрӯз давлати ҳуқуқбунёд месозем, бояд қонун аз ҳама чизи дигар волотар бошад. Аъзоёни ҷомеа имрӯз ба қонунҳо итоат мекунанд. Аз ин рӯ, бо қонунҳои хуб ин амалҳоро танзим кардан лозим аст.

     Имрӯз беҳтарин намунаҳои техникаи радио ва телевизион дар ҳар як хонадон ҳастанд. Тамоми сокинони ҷумҳурӣ, ҳам дар кинотеатрҳо ва ҳам дар хонаҳои худ филмҳои гуногунро тамошо мекунанд. Ин хеле хуб аст. Аммо чӣ гуна филмҳоро тамошо мекунанд, ин аҳамияти муҳим дорад. Дар дуконҳои сабтфурӯшии пойтахт ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ, бештар филмҳое ҳастанд, ки ба ҷуз ваҳшоният, зӯроварӣ ва фаҳшу фосиқӣ мазмуне надоранд. Аксари наврасону ҷавонон ҳамин гуна филмҳоро тамошо мекунанд. Боиси таассуф аст, ки ҳатто дар кинотеатрҳои пойтахт ҳамин гуна филмҳоро ҳам намоиш медиҳанд. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо барои рушд ва устувории фарҳанги миллӣ ин падидаи хеле хатарнок аст. Куҷост қонуне, ки ворид кардан, фурӯхтан ва намоиши чунин филмҳоро танзим кунад? Агар бошад ҳам механизми иҷрои ин қонун то кунун мавҷуд нест. Вазифаи муҳимтарини масъулони фарҳанги мамлакат, бояд пешгирӣ намудани воридшавии чунин филмҳо ва аз байн бурдани ин зуҳуроти барои миллат хатарнок бошад. Филмҳои мазкур ахлоқи ҷавононро, ҷаҳонбинии онҳоро вайрон мекунанд. Даҳшатнокаш он аст, ки аксари ҷавонону наврасон кӯшиш мекунанд, ки саҳнаҳои алоҳида, амалҳои қаҳрамонони ин филмҳоро дар зиндагӣ такрор намоянд. Онҳо аз ин амалҳояшон лаззат мебаранд. Оқибатҳои номатлуби ин амалҳоро насанҷида такрор кардан ба мусибатҳои фоҷиаовари ғайриинсонии гӯшношунид оварда мерасонад. Баъзан куштору роҳзанӣ ва таҷовуз ба номуси занону духтаронро шунида, дар ҳайрат мемонем ва ба худ савол медиҳем, ки ҷинояткорон тарзҳои даҳшатноки иҷрои ин амалҳоро аз куҷо омӯхта бошанд? Ҷавобаш ин аст. Аз филмҳое, ки аз хориҷи кишвар бе ягон иҷозату омӯзиш ба хотири сарват андӯхтан ба мамлакат ворид карда мешаванд. Баъзеҳо мегуянд, ки имрӯз иқтисодиётамон бозорӣ аст ва мо молҳоеро ба кишвар ворид мекунем, ки бозоргир бошанд. Ҳамватанони меҳрубон! Шумо бояд дарк кунед, ки дар зиндагӣ барои ҳар як шахс ғайр аз сарвату пул, боз арзиши аз ҳама волотар вуҷуд дорад, ки онро ифтихори миллӣ мегӯянд.

     Фахри миллиро бо ҳеҷ гуна сарвати дунё харидан мумкин нест. Ифтихори миллӣ сарвати бебаҳост. Фахри миллат – илму фарҳанг, адабиёт ва суннатҳои писандидаи миллӣ аст. Боиси таассуф аст, ки ҳатто аз тариқи телевизионҳо, баъзан чунин филмҳоро намоиш медиҳанд, ки гуноҳест набахшиданӣ. Ин филмҳо аксар мазмуну мундариҷа надоранд. Онҳо бидуни он ки ахлоқи моро вайрон мекунанд, дигар ҳеҷ чизи қобили таваҷҷӯҳ надоранд, ба ғайр аз вайрон намудани ҷомеаи мо аз дохили ҷомеа. Пас чаро мо дидаю дониста ба ин вабо роҳ медиҳем?

     Лаҳзаеро тасаввур намоед. Шумо ҳамроҳи аҳли оилаатон, бегоҳ дар атрофи дастархон нишаста, таоми шом хӯрда истодаед. Ногоҳ аз телевизион саҳнаеро мебинед, ки фаҳш аст тамошои он, ҳеҷ набошад, дар ҳузури фарзандони баркамоли шумо ҷоиз нест. Росташро бигӯед, дар ҳамин лаҳза шумо худро чӣ гуна ҳис мекунед? Ҳама сар ба пеш меафканед. Аз ин вазъи ногувор раҳоӣ меҷӯед.

     Бале, имрӯз мо бояд ҳамаамон якҷоя аз ин вазъи ногувор раҳи наҷот биҷӯем. Наҷоти фарҳангу суннатҳои миллӣ аз олудашавӣ ва фаношавӣ. Бале, тарзи баёни банда агар дағал бошад ҳам дуруст аст. Аз фаношавӣ наҷот додани миллат. Мо бояд ба воридшавии “ин гуна адабиёту санъат” қатъиян роҳ надиҳем. Парлумони касбии ҷумҳурӣ, бояд қонунҳои ба одобу ахлоқӣ миллати мо мувофиқро таҳия ва қабул намояд. Ба нусабардорӣ кардани намунаи қонунҳои кишварҳои дигар роҳ надиҳад. Табиист, ки қонунҳоро инсон эҷод мекунад. Инсон қонунҳоро ба хотири он эҷод менамояд, ки афкори сокинони ҷомеаро дар доираи манфиатҳои миллӣ солим нигоҳ дорад. Қонунҳо, бояд боиси нобудшавии миллат, фарҳангу суннатҳои миллӣ нагарданд, балки барои рушду камоли фарҳангу суннатҳои писандидаи миллӣ мадад расонанд. Назорати иҷрои қонунҳо, бояд хеле сахт бошад. Дар акси ҳол ин қонунҳо ба як порча коғази беаҳмият табдил меёбанд. Аз ин гуна қонунҳо муроде ҳосил намешавад.

     Мо имрӯз сарчашмаи пайдоиши ғоратгарӣ, роҳзанӣ, қатлу куштор, бадахлоқӣ, нашъамандиро дар самтҳои дигари зиндагӣ меҷӯем. Сарчашмаи асосии ин доғҳои ҷомеаи имрӯзаи мо бештар дар ҳамин “намунаҳои номатлуби фарҳанги бегона” аст. Агар аз мактаббачае пурсӣ, ки калон шавӣ кӣ мешавӣ, ҳатман ҷавоб медиҳад, ки мисли фалон қаҳрамони филми ҳангоматалаб. Ё мегӯяд “боевик” мешавам. Мо бояд дар ҳаёти воқеии худ нишон диҳем, ки касе мисли он “қаҳрамонҳо” ё “боевикҳо” рафтор мекунад, боиси нафрати омма мешавад. Мо бояд ин гуна ашхосро аз тариқи радиою телевизион ва воситаҳои ахбори омма таърифу тарғиб накунем. Ба шахсоне, ки ин гуна амалҳои номатлубро анҷом медиҳанд, ҷазои сангин диҳем, бегонапарастиро саркӯб ва решакан намоем. Боиси ифтихор будани олимону адибон ва ашхоси бомаърифатро дар ҷомеа, дар назди давлат тавсифу тарғиб намоем. Ба онҳо имтиёзҳои хуб диҳем, ки зиндагиаашон ҳам намуна бошад. Дар мактабу таълимгоҳҳо дар бораи обрӯю эътибори мардони хирадманд дар ҷомеа машғулияту сӯҳбатҳо гузаронем.

     Боз як намунаи номатлуби фарҳанги бегона тарзи либоспӯшии имрӯза дар ҷомеаи мо мебошад. Дар ҷойи кор, дар кӯчаю бозор ва ҷойҳои оммавӣ мо имрӯз либосҳое мепӯшем, ки ба одобу ахлоқӣ миллатамон мувофиқ нестанд. Баъзеҳо дар фасли баҳору тобистон дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, ҳатто дар мағозаҳо ва бозорҳо шимҳои кӯтоҳ (бо истилоҳ шорт) мепӯшанд. Ин тарзи либоспӯшӣ ба ахлоқи мардуми мо мувофиқ нест, Занҳои мо аз ин тарзи либоспӯшии мардон шарм мекунанд. Шарму ҳаё зиннат ва сарвати гаронбаҳои зани тоҷик аст. Занҳои тоҷик иффати ба худ хос доранд. Наход мо бо занону модарони худ беҳурматӣ намоем? Мо бояд намунаи либосҳои замонавӣ ва ба ахлоқу суннатҳои миллиамон мувофиқро интихоб намоем ва пӯшем. Мо бояд донем, ки дар куҷо чӣ гуна либос мепӯшанд. Либосҳои аз атласу чакан ва адрасу дигар матоъҳои миллӣ пӯшидани занони тоҷик сазовори таҳсин аст. Вале либосҳо аз ин матоъҳо, бояд тарҳ ва тарзи дӯхти тоҷикӣ дошта бошанд. Он гоҳ ба суннатҳои либоспӯшии занони мо мувофиқ мешаванд. Имрӯз аксари мардуми мо, албатта бештар ҷавонон дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ва ҳатто дар ҷойҳои корӣ, дар тӯйу маросимҳо либосҳои варзишӣ мепӯшанд. Ин тарзи либоспӯшӣ на танҳо дар наздит ҷомеаи мо, ҳатто дар назди хоириҷиёне, ки дар кишвари мо ҳастанд, паст будани сатҳи маънавии моро нишон медиҳанд. Ин гуна мисолҳо хеле зиёданд. Ҳар яки шумо агар ба атроф нуктасанҷона назар афканед, ин костагиҳои маънавии аксари мардуми моро дар ҳар як қадам мушоҳида мекунед. Ман гуфтани нестам, ки сатҳи маънавиёти тамоми ҷомеаи мо саросар паст аст. Не, ҳаргиз. Ҳастанд, касоне, ки завқи баланд доранд ва намунаи ҷомеаи имрӯзаи мо мебошанд. Вале дар муқоиса бо онҳое, ки сатҳи маънавиашон паст аст, хеле камшуморанд.

     Дар саҳна ҳунармандони мо бо завқу маҳорати баланд ҳунарнамоӣ мекунанд ва бештар ҳунари волои миллии моро намоиш медиҳанд. Ин сазовори ифтихори мо ва таҳсину дастгирӣ аст. Агар дар саҳна Одинаи Ҳошим, Зафар Нозим, Ҷурабек Муродов, Ҷурабек Назриев, Давлатманд Холов, Дона Баҳромов, Нуқра Раҳматова, Нигина Раупова ё санъаткорони мумтози имрӯзаи эстрадаи тоҷикро ба мисли Далер Назаров бубинем, як ҷаҳон лаззат мебарем ва ифтихор мекунем, ки чунин ҳунармандон дорем. Ҳаракатҳои дилчасп, либосҳои хеле зебою замонавӣ ва муносиб ба суннатҳои миллӣ дар бар доранд. Аксари гурӯҳҳои рақсӣ мо ҳамеша бо либосҳои шинаму зебоӣ миллӣ ҳунари аслии соф тоҷикиро пешкаши тамошобинон мекунанд. Баъзе ҳунармандони ҷавони шашмақомхони имрӯза дар саҳна бо ҳаракатҳои дилрабо ва либосҳои муносибу зебои миллӣ ва овози дилнишин ҳунари волои худро намоиш медиҳанд. Аз ин, ҳам тамошобини тоҷик ва ҳам тамошобинони миллатҳои дигар, ҳамчун намунаи беҳтарини тамаддуни миллати дигар лаззат мебаранд. Аксари дигари “ҳунармандони” мо, ки онҳоро бештар “ситораҳо” ном мебаранд, бо либосҳои ба фарҳангу суннатҳои барои миллати мо бегона ва номуносиб – тақлид ба ҳунармандони аврупоӣ ё миллатҳои дигар дар саҳна ҳунарнамоӣ мекунанд. Либоспӯшии онҳо барои тамошобини мо қобили қабул нест. Боз баъзе ҳунармандон дар саҳна, ҳангоми иҷрои таронаҳо ҳаракатҳое мекунанд, ки намоиши фаҳшу нопокӣ аст. Дар фарҳанги имрӯзаи Ғарб аз ин амалҳо тамошобинони аврупоӣ лаззат мебаранд. Зеро фарҳангу суннатҳои миллии онҳо ҳаминро тақозо мекунад. Вале барои завқи баланд ва ахлоқи ҳамидаи миллати қадимаи мо ин тарзи таронасароӣ ва либоспӯшӣ қобили қабул нест. Ин боиси вайрон шудани ахлоқ, афкори ҷавонон ва насли наврас мегардад. Масалан, фарзандони оилаҳои аврупоӣ дар хона дар назди падару модарони худ нимбараҳна озодона гаштугузор карда метавонанд. Ин тарзи рафтор барои онҳо як амали муқаррарӣ аст. Аммо барои хонадони боиффати миллати мо, ки фарҳагу суннатҳои ба худ хоси оиладорӣ дорад, ин амали номатлуб ва сазовори нафрат аст.

    Имрӯз бештари тоҷикон худро чунин таърифу тавсиф мекунанд. Ман хонаи сохти аврупоӣ бунёд кардам. Дар оилаи мо хон ва тарзи таом хӯрдани мо аврупоӣ аст. Рӯзгордории мо аврупоӣ аст, таъмири хонаи мо аврупоӣ аст ва ғайраҳо. Оё ин боиси ифтихор аст, ки тоҷик бо фарҳангу суннатҳои миллатҳои дигар фахр мекунад?  

     Аввал, чаро мо тарзи ҳаёти аврупоиҳоро меъёри баланд мешуморем?. Оё фарҳангу суннатҳои миллӣ, тарзи зиндагии мо аз онҳо баланд нест?                                                                    

    Масъалаи муносибати мардуми мо бо занон хеле нозук аст. Зан имрӯз ҳам мисли садсолаҳои пеш дар ҷомеаи мо мақоми хос дорад. Дар чанд соли охир масъалаи боз ҳам баланд бардоштани ҷойгаҳи зан дар ҷомеаи мо, бо сайъу кушиши Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи сиёсати давлатӣ расонида шуд. Имрӯз ҳам зан бузургтарин ва муқаддастарин мавҷудест, ки сарчашмаи офариниш аст. Дар ҳама давру замонҳо қонуну қоидаҳои нонавиштаи муносибат бо зан вуҷуд доштанд ва имрӯз ҳам мавҷуданд. Ин қонуну қоидаҳоро расму оинҳои миллӣ меноманд. Мо бояд мутобиқи ин расму оинҳо бо зан – модар муносибати боэҳтиромона дошта бошем. Аммо боиси таассуф аст, ки имрӯз баъзан дар кӯчаю бозорҳо ё дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, баъзеҳо ба занҳо, махсусан бо занҳои аз деҳот омада ё дар ҳузури онҳо суханҳои носазо мегӯянд. Имрӯз аксари занҳои боиффати мо барои беҳтар шудани рӯзгорашон ба бозор рӯй овардаанд. Дар бозору ҷойҳои ҷамъиятӣ модарони моро на намояндагони миллатҳои дигар, балки худи мо таҳқир мекунем ва носазо мегӯем. Боиси таассуф аст, ки баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷой он ки шаъну эътибори занҳоро ҳифз намоянд, баръакс онҳоро таҳқир мекунанд.       

     Имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ чунин қонунҳое амал мекунанд, ки бо занон боэҳтиромона муносибат карданро талаб менамоянд, Аз он ҷумла, Муоҳидаҳои Женева аз соли 1949, ки асоси Ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ мебошанд, ҳатто дар замони ҷанг давлатҳо ва ҳарбиёнро вазифадор мекунанд, ки нисбат ба занон назар ба мардҳо боэҳтиромона муносибат намоянд. Ҳатто дар мавриде, ки занҳо асири ҳарбӣ ҳам бошанд. Дар ҳуҷҷатҳо ва муоҳидаҳои дигаре, ки Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳуқуқҳои инсон қабул намудааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ин Созмони бонуфузи байналмилалӣ мебошад, ҳифзи шаъну эътибори зан ба тври шоиста дарҷ ёфтаанд. Аз ин рӯ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бояд ин қонунҳои байналмилалиро донанд ва дар кори ҳаррӯзаи худ дастури амал намоянд, ҳамзамон бо шахсоне, ки ин ҳуқуқҳоро вайрон мекунанд, муборизаи беамон баранд. Агар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ занҳоро дар ҷомеа аз таҳқир ва суханҳои носазо ҳифз намоянд, бо ин амали худ ҳам фарҳангу суннатҳои миллӣ, ҳам меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро риоя ва эҳтиром мекунанд. Ин боиси баланд шудани обрӯю эътибори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мешавад. Ин амалҳои ношоиста дар Кодеки ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷиби ҷазо мебошанд. Содир намудани ин амалҳои ношоиста ва риоя накардани қонун ба решаҳои давлати ҳуқуқбунёд теша мезананд.

     Дар ин ҷо нуқтаи назари худро нисбат ба баъзе асарҳои бадеӣ ва филмҳои филмофарандагони тоҷик, ки дар онҳо фарҳангу суннатҳои миллии мо инъикос шудаанд, гуфтанӣ ҳастам. Ин ба мавзӯи сӯҳбатамон, яъне ба тақдири фарҳангу суннатҳои миллии мо дахл дорад. Қабл аз ибрози фикри худам аз адибону филмофарандагон узр мепурсам. Зеро ҳар як эҷодкор барои офаридани як асар, хоҳ хуб бошад, хоҳ на он қадар писандида хуни дил мехӯрад. Аксари асарҳои адибони муосири мо миллатамонро хору залил, нотавону ҳақир ва бадахлоқ инъикос мекунанд. Гӯё мо садсолаҳо дар хонаҳои пасту хасин ва ифлос, бе ягон ҷиҳози муносиби зист, бе риояи наззофати рӯзгордорӣ ва бо либосҳои ифлосу безавқ дӯхташуда зиндагӣ кардаем. Гӯё фарҳанги зиндагии мо комилан ҳамин гуна аст. Мебинем, ки ҳатто сурфаи ғизохӯрии моро тавре нишон медиҳанд, ки мисли сурфаи одамони ҷамъияти ибтидоӣ аст. Инсоф кунед, дар покию озодагӣ ва рӯзгордорӣ мо аз бисёр миллатҳои мутамаддини олам дар сатҳи болотар ҷой дорем. Илова бар ин синамогарони мо ҳамин гуна асарҳоро ба навор гирифта пешкаши тамошобинони ватанӣ ва хориҷӣ мекунанд. Аксари эҷодкорони мо ақида доранд, ки бо тасвири шукӯҳу шаҳомати ҳаёт фалсафаи баланди зиндагии инсонро инъикос намудан ё пешкаши хонандаю тамошобин кардан имконнопазир аст. Гумон мекунанд, ки агар мо ҳамон қадар қаҳрамонҳоро хоксору нотавону хору залил нишон диҳем, таваҷҷӯҳи хонанда ва тамошобин ба ин асарҳо бештар мешавад. Ба дили хонандаю тамошобин зудтар роҳ меёбанд. Ба фикри ман ин ҳама ба хотири бегонапарастӣ аст. Вале воқеият ин тавр нест. Ба хонанда ва тамошобини имрӯза дар қатори хоксорӣ боз наззофат, хирад ва фарҳангу суннатҳои писандидаи зиндагӣ зарур аст. Фарҳанге, ки ибратомӯз аст. Гумон мекунед, ки тамошобинон манзилҳои хасину лоин, либосҳои безавқ дӯхташуда ва рӯзгори бенизоми моро дар саҳна дида ибрати зиндагӣ мегиранд? Фардо дар маҳфилҳои фарҳангӣ ва адабӣ аз ин дидаю шунидаашон ҳарф мезананд ё фарҳанги зиндагии моро боифтихор таблиғ мекунанд? Ҳаргиз не. Эҷодкор вазифадор аст, ки беҳтарин суннатҳо, волотарин анъанаҳои миллиро ба ҷаҳониён бо диди тоза нишон диҳад. Он ҷиҳатҳоеро, ки инсони оддӣ, ҳамчун чизи муқаррарӣ медонанду меҳисобанд, бо назокату таровати беамсол ба дигарон пешкаш намояд. Миллатро нотавону ҳақир инъикос кардан маънои дар назди миллатҳои дигар беғурӯр ва бефарҳанг будани ӯро нишон додан аст. Имрӯз мо дар марҳилаи нави эҳёи миллат қарор дорем. Аз ин рӯ, вазифаи муҳимтарини мо нишон додан ва таблиғ кардани беҳтарин фазилатҳои мардумамон мебошад, то ки миллатҳои дигар имрӯз моро ҳамчун ворисони ҳақиқии тамаддуни қадимаи ориёӣ бори дигар эътироф намоянд.

     Шояд касе ба андешаҳои банда розӣ набошад. Шояд дар ин масъала назари онҳо дигар бошад. Вале рӯи ин масъала кор кардан, роҳҳои дуруст ва оқилонаи ҳалли мушкилоти эҳёи илму фарҳанг ва суннатҳои миллиро дар ин марҳилаи тақдирсоз пайдо намудан, бояд вазифаи олӣ ва муқаддаси фарзандони баору бономуси миллат бошад.

А. Сангинов