САДОҚАТ БА ПЕШВО САДОҚАТ БА ВАТАН АСТ!

Нашр шуд korbar - чт, 04/01/2021 - 11:36

Тоҷикистон дар оғози истиқлолияти худ бо ҷурми як зумра худхоҳону мансабталошон ба низоъҳои даҳшатборе печид, ки ҳастии  миллатро  дар  вартаи  нестӣ  қарор  дод ва низ ҳар лаҳза хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба миён омада буд. Мардумро дилсардиву ноумедӣ фаро мегирифт. Халқи азияткашидаи тоҷик интизори сарваре буд, ки  тавонад  ӯро  аз ин гирифториҳо  раҳо  бахшад,  армони  дерин,  орзуи  ширинашро  ҷомаи  амал  пӯшонад. Оқибат, Худованди  Карим  ба  ин  миллати соҳибмаърифат,  хайрхоҳу  некуманиш чунин шахсро дар симои Эмомалӣ Раҳмон эҳдо намуд. Пас, Пешвои  маҳбуби миллат, ки  тавонистанд  Тоҷикистонро  аз  вартаи  ҳалокат  наҷот  бахшанд, сазовори таърифу ситоишанд ва фаъолияти  созандаву бунёдкоронаашон боиси пайравист.
Имрӯзҳо мо – ҳамагон, аз ҷумла ҷавонони кишвари озоду соҳибистиқлол, дар  майдонҳо, гулгашту  хиёбонҳои хурраму навбунёди Ватани маҳбубамон хушбахтона қадам мезанем ва пайваста даст ба дуоем, ки он рӯзгори  нангини   таърихамон  ба  фаромӯшхонаи  таърих  фурӯ равад.
Чуноне шоҳидем, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони барои ҳар якамон азиз сол ба сол зебову ободтар мешавад, дар тамоми ҷабҳаҳо ба комёбиҳо ноил мегардад ва обрӯву нуфузаш дар арсаи байналмилалӣ  беш аз пеш меафзояд.
Барҳақ, танҳо инсони худодод метавонад  бо  камоли  хирад, ҷасорат, кордонӣ,  бо  муҳаббату садоқати бепоён ба Ватану миллаташ  ҷоннисорона  хизмат  кунад. Аз  куҷост ин  неру,  ин шуҷоат? Ба  гумони  ман, аз  сиришти  ватандӯстонаи  худ,  аз қалбе,  ки  саршори  муҳаббат ба  халқу  Ватан  аст. Муҳаббати Пешвои миллат  ба  сарзамини  худ, ба  халқи худ  самимиву  бепоён аст. Вақте  Сарвари муаззам дар  бораи  Тоҷикистон – Ватани маҳбуб ва миллати  куҳанбунёдамон сухан мегӯянд, ин  муҳаббату самимият  ба мардум мегузарад, ба  онҳо бовар  ва  неру  мебахшад. Ин  ҳама  ҷоннисориҳо, ин  ҳама сарсупурдагиҳо, ин  ҳама  садоқати  бепоёни Пешвои  миллат намунаи ибрати  ҳар  фарди равшанзамир, худогоҳ  ва  ватандӯстдор  аст. Корномаи  ин  марди  хирад  дастури боэътимодест  барои ҳар ҷавони  меҳандӯст, барои ҳар нафаре, ки мехоҳад  саҳми худро  дар  пешравии Тоҷикистон  гузорад.  Аз ин лиҳоз, барои  исботи  садоқати худ  ба  ин  Ватан, ба  ин миллат бояд  ҳама дар  атрофи  Пешвои муаззами  худ  муттаҳид  бошем,  даст ба дасти  ҳам барои  боз ҳам ривоҷу равнақ ёфтани кишвари  азизи худ  саъю кӯшиш  кунем.

Ф
. АСОЗОДА