РАМАЗОН-МОҲИ ДАСТГИРИИ ҲАМДИГАРӢ

Нашр шуд korbar - пт, 04/09/2021 - 11:58

Мо дар арафаи моҳи шарифи Рамазон қарор дорем ва ҳар як шахси мусулмон талош мекунад, дар ин моҳи шариф ба анҷом додани корҳои хайру савоб, худсозӣ ва такмили шахсияти худ бипардозад.

Тибқи шариати исломӣ ҳар инсоне, ки хайру садақаро ба ниёзмандону муҳтоҷон афзун мекунад, Худованд баракатро дар моли ӯ бештар мегардонад. Алоҳ таъоло дар Қуръони маҷид дар чандин оятҳо ба ятим тараҳҳум карданро фармудааст. Дар хусуси ятимпарварии Сарвари Коинот Муҳаммад (с) чанд ҳадиси мубораки эшон далолат мекунад. Ҳадиси машҳӯри “ҳеҷ моле бо додани садақа кам намегардад” далели ин гуфта аст. Пас, бояд ҳар як мусулмон айёми моҳи шарифро бо арнҷом додани кори неке ғанимат донад.

Азамов Ф.

имомхатиби масҷиди ҷомеи н. Қубодиён