ДУНБОЛИ САРОБ ДАВИДАНУ ТАШНА МУРДАН… Ё НИДО БА ТОИФАИ КАЖДУМСИРИШТ

Нашр шуд korbar - пт, 04/09/2021 - 08:26

Шояд аз унвони ин нигоштаи хоксорона ҳайрон гардидӣ, хонандаи гиромӣ, ки чаро дунболи сароб давидан, вале дар ниҳоят ташна мурдан?! Хеле дарди ҷонкоҳ аст, дар суроғи об роҳи тӯлониро тай кардану дар анҷом об наёфтану аз ташнагӣ мурдан. Бале, ин воқеияти кору зиндагии сардаргуми ба ном «мухолифин» - ест, ки дар хориҷ аз кишвар зери панҷаи хоҷагони худ қарор доранд ва ҳамвора ба Ватану миллату мардуми худ буҳтону туҳмату таҳқирро раво мебинанд. 

Ин тоифаи каждумсиришт монанди нафари дар ҷустуҷӯи об саргардонбуда мебошанд, ки дар ниҳоят ташна хоҳанд мурд. Дар ягон давру замон ҳеҷ миллат ва давлате хоинони худро набахшидаасту нахоҳад бахшид. Ин гурӯҳи бадкешу бадкин чунон аз Ватану ватандорӣ сухан меронанд, ки касро дар як навбат тааҷҷуб ва дар ҳолати дигар ханда фаро мегирад. Аз дур истода лофи ватандорӣ задан кори саҳлу сода ва дар айни ҳол аҳмақист. Ба қавли Лоҳутии бузург:

Ҳама лофи ватандорӣ зананд, аммо намедонам,

Ватандорӣ ба гуфтор аст ё кирдор, ё ҳар ду?

 

Ин иддаи ба ном мухолиф заҳрпечакеанд, ки мехоҳанд ба мағзу андешаи ҷавонони мо худро печонанд ва чун худ ҳамаро бадбахту беватан гардонанд. Ҳайҳот, ки ин хаёлпардозиҳои бемантиқу аҳмақонаатонро ба гӯр мебаред. Ҷавонони имрӯза ҷавонони солҳои 90 – уми асри гузашта нестанд, ки ба даъватҳои пучу бемаънии шумо барин «доҳиён» дода шаванд. Ин миллат ва ҷавонони он хуб дарк кардаанд, ки хоиноне чун наҳзатиҳо ва дигар худбохтагон ба дарди онҳо намехӯранд. Ҷуз хиёнат, қатлу куштор, дарбадарию беватанӣ ва қаҳтиву гуруснагӣ чизе дар «корнома» - ашон ин лухтакони дасти хориҷӣ надоранд. Бинобар ин, лофи ватандорӣ задан ва гӯё ғамхору мушфиқи мардум будан шайтанатест, ки мехоҳанд бо ин роҳ ба боварии мардум дароянд, ки ҳеҷ гоҳ ба онҳо муяссар намегардад. Гӯё шоири шаҳиди тоҷик – Искандари Хатлонӣ ин мисраъҳои олиро баҳри ин тоифаи хоину худбохта эҷод карда бошад:

Ватанхоҳони худхоҳу дурӯғин

Лагоми ёваро сар дода имрӯз.

Даҳоншон каф кунад аз доду фарёд,

Ба хилват лек хомӯшанду мармуз.

 

Оре, пеши экранҳои компютер аз муҳаббат ба Ватану миллат суханронӣ мекунанд, вале чун бо хоҷагони худ хилват менамоянд, нақшаи пора – пора сохтани давлату миллати тоҷикро тарҳрезӣ мекунанд:

Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Шерафган САНГОВ, устоди ДДОТ ба номи С. Айнӣ

(бознашр аз "Ҷумҳурият")