ИҒВО-ҲАДАФИ БАРНОМАВИИ ТЭТ ҲНИ

Нашр шуд korbar - чт, 04/08/2021 - 14:07

Ҳукумати Тоҷикистон аз дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ то имрӯз бо мардум аст. Пӯшида нест, ки низоми феълӣ бо пуштибонии мардум ва дастгирии холисонаи онҳо сари кор омад. Ҷои таассуф ин ҷост, ки агар чашми одамӣ нуқсон дошта бошад (дар мисоли саркардагони наҳзатӣ), воқеиятро намебинад. Бо сафсатагӯию масхаракунӣ ва суханони бемантиқу бемаъно наметавонед муҳаббати гарму ҷӯшони мардумро коста гардонед. Эродҳое ки шумо гирифтед, аз ин зиёдтар дар худи шумо ҳувайдост. Пайравонатон бо доду фиғон ва нолаву зорӣ аз паҳлуятон гурезонанд. Агар шумо табиби хуб бошед, худро табобат кунед, пайравони худро тақвият бахшед. Як бор пушти сари худ нигоҳ кунед, танҳо мондаед. Нафароне, ки шуморо ситоиш мекарданд, онҳо монанди лухтак забон во мекунанд, аммо риштаи ҳаракати он дар дасти дигарон аст. Шумо дасти ман не, дасти кампири ҳамсоя гуфта фақат айбҷӯӣ мекунед. Ин хислатҳои ноҷавонмардонаи худро то ба кай давом медода бошед?

Дар шароити имрӯза касеро ба коре ҷабр карда намешавад. Ҳамагӣ медонанд, ки чӣ кор кунанд. Одатан дар фасли баҳор табиат ранги дигар мегирад, манзараҳо дилрабову дилкаш мегарданд. Шумо бошед, аз табиати кӯру кар ҳам чизе намеомӯзед. Мардумро ба кадом фитнаи навбатӣ пеш мекунед. Боз хостори рехтани хуни мардум ҳастед. Шумо сӯзандаед, на созанда. Фаразан, аз шумо мепурсем, ки дар тӯли ҳаёт ва фаъолияти худ барои худ ва кишвар чӣ амали хайре анҷом додаед, нишон диҳед, ба ҷуз иғвоангезӣ чизе накардаед.

Икром Бегалиев,

сармутахассиси Кумита