БАРОИ НАҲЗАТИЁН ЧИЗЕ МУҚАДДАС НАМОНДААСТ

Нашр шуд korbar - пн, 04/12/2021 - 10:43

Дар шароити феълии раванди ҷаҳонишавӣ, ки баъзан аз сабаби буҳронҳои амиқи идеологӣ истиқлолияти иддае аз кишварҳо зери хатар қарор дорад, ҳар як фарди ҷомеаи моро зарур аст, ки ҳамеша бо соҳибватан будан ифтихор намояд ва ин ифтихорро бо кору амали худ дар роҳи бунёди фардои ободу дурахшони Ватан собит созад. Дар ҷаҳони муосир мо шоҳиди он ҳастем, ки иғвогарону туҳмагарону чилдурӯғон барои хизмат кардан ба хоҷагони хориҷии худ аз миллату ватану падару модари худ гузаштаанд. Чашмони онҳо ба ҷуз манфиатҳои шахсии худ чизи дигареро намебинад.

Имрӯзҳо мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди он ҳастем, ки иддае аз миллатфурӯшон бо иғвоангезӣ миёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул ҳастанд. Махсусан, чунин дасисаангезиҳо аз ҷониби Кабириву пайравони ватанфурӯшу миллатбезораш бештар ба чашм мехӯрад. Онҳо бо ин амали худ мехоҳанд фитнаҳои гуногунро миёни аҳолӣ барпо намоянд. Аммо мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки халқи тоҷик хуб нақшаи душманони миллатро дарк кардаанд ва намегузоранд, шахсе ё гурӯҳе аз номи онҳо суиистифода кунад. Чунончи Пешвои миллати мо борҳои таъкид доштаанд, ки «Ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳед». Зеро шахсони ҷоҳил ҳамеша барои худ ва барои дигарон ба ҷуз мушкилот чизи дигаре наметавонанд эҷод намоянд. Аз тарафи дигар ба ҳамагон маълум аст, ки танҳо бо ҳифзи сулҳу субот ва амнияти кишвари азизамон мо метавонем ба ҳадафҳои гуногунҷанбаи худ бирасем. Танҳо дар асоси сулҳу осоиштагӣ мо метавонем соҳиби зиндагонии шоиста гардем. Мо имрӯз ҳама гуна дасисабозиҳои наҳзатиёнро қотеона маҳкум карда, бар ин боварем, ки роҳбарону пайравони ин ҷараёни ифротию террористӣ ба хотири манфиати шахсиву гурӯҳӣ ҳозиранд, ҳама муқаддасотро ба фурӯш гузоранд.

Муслиҳиддин Хоҷамиров,

мутахассиси пешбари Кумита