МО БО ВОРУХЕМ!

Нашр шуд korbar - вт, 04/13/2021 - 08:18

Охири моҳи марти соли равон раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон дар нишасти матбуотие пешниҳоди иваз кардани Ворухро намудааст, ки воқеан боиси нигаронист. Нигаронӣ аз он аст, ки вақте Тоҷикистон ба тамоми оинҳои дӯстиву ҳамсоягӣ пойбанд асту кӯшиш менамояд, ки пойдории равобити дӯстӣ, корӣ ва дипломатиро бо кишварҳои ҳамҷавораш ҳифз намояд, аммо кишваре чун Қирғизистон пешниҳоди ивази Ворухро мекунад. Суоле ба миён меояд, ки кадом падару модар фарзанди ҷигарбандашро иваз кардааст ё фурӯхтааст? Қирғизистон чӣ гуна тавонист чунин пешниҳоди ғайримумкинро диҳад! Ворух Ватани мост! Пас, дӯст доштани Ватан аз имондории мост! Муъмин бародари муъмин аст! Пас, ворухиён бародарону хоҳарони мо мебошанд! Мо ҳамеша дар паҳлуи бародарону хоҳарони хешем ва аз онҳо ҳимоят мекунем! Пешниҳоди Қирғизистон сару садоҳои зиёдеро дар интернет ба бор овард, ки дар натиҷа ҳар кас ба таври худ дар ин маврид андешаронӣ мекард. Баъзе нохалафону зархаридоне дар мисоли наҳзатиҳо ҳар рӯз дар зимни суханрониҳои интернетии худ Ворухро муфт ба Қирғизистон медоданд, аммо бештарин ватандӯстон буданд, ки аз Ворух ҳимоят мекарданд. Расонаҳои мухолиф ва хоинони миллат аз фурсат истифода намуда, фитна хезонданианд, ки хушбахтона муваффақ нашуданд ва намешаванд. Чунки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии хеш бо сокинони Ворух дар ин бора таъкид карданд, ки ҳаргиз масъалаи иваз намудани Ворух дар ҳеҷ давраи музокирот ҷой надоштааст ва ҷой дошта ҳам наметавонад.

Ин сухани хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат тавонист ба ҳама сару садоҳо ва фитнаҳо нуқта гузорад ва ба мардуми кишвару сокинони Ворух қуввати дил бахшад. Воқеан, Пешвои миллат дар фикри мардуми тоҷик ва шаҳрвандони кишвар ҳастанд. Ҳар ҷо мушкилоте барои мардуми тоҷик барояд, ҷиҳати ҳалли он ҷони худро дареғ надошта, мешитобанд ва он мушкилотро бартараф мекунанд. Боиси хушнудӣ ва ифтихор аст, ки мо – тоҷикон, чунин Сарвар дорем! Боиси шукргузорист, ки зери сояи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат тинҷу осуда зиндагонӣ ба сар мебарем!

Мо-имомону имомхатибон ва кулли шаҳрвандонро лозим аст, ки бо раҳнамоиҳои Роҳбари давлат дар паҳлуи сокинони Ворух нотарсона истем ва барои ҳифзу ҳимояи Ватани азизу маҳбубамон ҷони худро дареғ надорем.

Имомиддин Солиев,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи

 «Мавлоно Фатҳуллоҳи Чустӣ»-и н. Шаҳринав