НУРИВУ ҚИЁМИДДИНИ ҒОЗИИ НАВ КИСТАНД?

Нашр шуд korbar - ср, 04/14/2021 - 14:38

Хатари  ифротгароиву даҳшатафканиро Пешвои  миллат  дар  ҳар  суханронии  худ чӣ дар дохили  кишвар ва чӣ дар хориҷ аз он баён  менамояд. Мо ҳар рӯз аз тариқи  васоити  ахбор  амалҳои  тахрибкорӣ,  одамкушӣ ва дигар амалҳои зиштро шоҳидем. Ин ҳама нооромиҳои сиёсӣ дар ҳолеанд, ки мо-халқи Тоҷикистон худ бевосита натиҷаи чунин кашмакашиҳои сиёсиро дар гузаштаи начандон дури таърихӣ дар зиндагии худ шоҳид будем. Тамъи талхи ҷанги бародаркуш ҳаргиз аз коми мо зудуда намешавад. Ҷанги бародаркуши таҳмилӣ, ки бо фитнаи чанд наҳзатии ҳувиятгумкарда оғоз шуд, бояд ҳамеша моро ба андеша водор намояд. Набояд фаромӯш кунем, ки боқимондаҳои ҳамон наҳзати ифротию ирҳобӣ имрӯз дар хоки Аврупо боз ҳам ҷониби давлату миллат камин гирифтаанд. Пас, бояд хеле зирак бошем, ба афсонаҳои Кабириву Муҳаммадиқбол, ки ҳамакнун нақши Нуриву Қиёмиддини Ғозиро иҷро карда истодаанд, бовар накунем. Зеро бовар ба чунин афсонаҳо як маротиба қариб ба нобудии миллат мерасонд. Мо бояд ба ҳар як туҳмати эҷодкардаи наҳзатиён ҷавоби  дандон шикан  диҳем  ва  нагузорем, онҳо  аз  беруни  Ватан  “чӣ гуна  зиндагӣ кардан”-ро ба мо ёд диҳанд.

Назруддин Азизов,

имомхатиби шаҳраки Навободи н. Рашт