ВОРУХ-ЯК ГӮШАИ ВАТАНАМ

Нашр шуд korbar - вт, 04/13/2021 - 13:14

Имрӯзҳо сару  садоҳо дар мавриди як гӯшаи ватани азиз-Ворух  дар шабакаҳои иҷтимоӣ баланд шуда,  тақрибан ҳама дар ин маврид чизе мегӯяду менависад. Агар гуфтаву навиштае барои  манфиати  Тоҷикистони  азиз  бошад, нур болои нур, аммо  мутаасифона  баъзе  шахсон  беасос  талош мекунанд то бо суханони рӯҳияшикане ғурури миллати моро шикананд. Маслалан, наҳзатиён ҳамеша иддао мекарданд, ки Ҳукумат аслан ба Ворух таваҷҷуҳ надорад, ҳатто иддаоҳои беасоси “тақдим” шудани Ворух ба ҳамсоякишварро пеш оварда буданд. Аммо вақте миллати мо муҳофизати ҳамаҷонибаи Ворухро дар мисоли сафари кории Роҳбари давлат ба ин мавзеъ шоҳид шуд, дигар наҳзатиён гунгу кар шуданд. Гӯё чизе нагуфта буданд. Ҳамагон  шоҳид  будем, ки  Пешвои  миллат  бо зикри мавқеи давлати Тоҷикистон ба ҳамаи сарусадоҳои беасоси душманон нуқта гузоштанд.  Умед дорем, ки минбаъд низ ҳамватанони азизи мо дар масъалаи ҳифзи марзу бум ва таҳкими фазои осудаи Ватан дар роҳи ҳифзи ваҳдату сарҷамъии миллат талоши бештар хоҳанд дошт.

Мустафо Амиров,

Сархатиби ноҳияи Рашт