
«Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, пас ободии ҳар як хонадон аз рўҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан – модар вобаста аст.”
Эмомалӣ Раҳмон
Тоҷикистон бо дарки муҳимияти падидаи оила дар ташаккул ва пешрафти давлат ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ дар сатҳи конститутсионӣ оиларо ҳамчун асоси ҷамъият эътироф намуда, ҳуқуқи ҳар шахс ба ташкили оила ва баробарҳуқуқии мардону занонро дар масъалаи оиладорӣ кафолат додааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи модар (шаҳри Душанбе, 8 марти соли 2021) ба маврид қайд намудаанд, ки: “Мо ҳамеша ба нерӯи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони баодобу соҳибмаърифат, инчунин, заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем.”
Баҳри таҳкими заминаҳои ташаккули институти оиладорӣ ва дастгирии оилаҳо бо дарназардошти арзишҳои фарҳанги миллӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пайваста чорабиниҳои маърифатӣ амалӣ карда мешаванд. Бо вуҷуди ин ҳам, яке аз масъалаи муҳими ҳаёти ҳаррӯзаи оилаҳо дар замони муосир ин ҳанӯз ҳам ҷой доштани доштани хурофот оид ба ҳуқуқи занон дар ҷомеа ва раво дидани хушунату зӯроварӣ дар оила мебошад, ки ҳаёти аъзои оиларо душвор намуда, оқибат ба ҷудошавии оилаҳо, поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила ва коҳиш ёфтани арзишҳои оилавӣ оварда мерасонад. Дар сатҳи зарурӣ дарк накардани арзишҳои оилавӣ, ки сарчашмаи дӯстию вафодорӣ, иззату эҳтиром ва дастгирию ҳамдигарфаҳмӣ байни аъзои оила мебошад, фаҳмиши аслии мафҳуми оиларо заиф мегардонад.
Дар баробари ин суръат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки арзишҳои асосии фарҳанги оиладории миллӣ ҳифз карда шуда, баҳри боло бурдани маърифати оиладории ҷавонон чораҳои самаранок андешида шаванд. Расидан ба ин ҳадафҳо дар ҳолате муяссар мешавад, ки дар баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, пешгирии хушунати хонаводагӣ ва коҳиш додани сатҳи ҷудошавии оилаҳои ҷавон фаъолияти дастаҷамъонаи ҳамаи мутахассисону фаъолони ҷомеа дар заминаи ҳамкории муштарак роҳандозӣ карда шавад.
Аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросим бо мақсади амалисозии барномаҳои давлатӣ дар самти таҳкими фарҳанги оиладорӣ, бартарафсозии қолабҳои гендерӣ ва зӯроварии хонаводагӣ пайваста чорабиниҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ва семинарҳои омӯзишии мухталиф байни аҳолӣ ва ходимони дин гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, дар давоми солҳои охир дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ташкилоту лоиҳаҳои ғайридавлатӣ бо ҷалби масъулини соҳаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, занон, маориф, раисони маҳаллаҳо, зиёиён, ходимони дин, падару модарон, донишҷӯён, ҷавонон ва фаъолон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбату мулоқотҳо баргузор гардида, пешбурди корҳои тарбиявӣ дар байни шаҳрвандон дар самти таблиғи арзишҳои миллӣ, фарҳанги оиладорӣ, аз байн бурдани хушунати оилавӣ ва пешгирии никоҳи бармаҳал, тарғиби тарзи ҳаёти солим, танзими анъана ва ҷашну маросим ба роҳ шудаанд.
Аз ҷониби масъулини Кумита баҳри муайян намудани нақши кормандони соҳа ва ходимони дин дар раванди расонидани кȳмаку машварат ба ҷабрдидагон аз зȳроварӣ дар оила, таҳлили муваффақиятҳои ба дастоварда ва тарҳрезӣ намудани дурнамоҳои оянда дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 3 то 27 феврали соли 2021 мониторинги умумиҷумҳуриявӣ гузаронида шуд.
Мониторинги мазкур дар доираи ҳамкориҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Лоиҳаи Пешгирии Зȳроварии Хонаводагӣ (PDV) баҳри амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 сурат гирифт. Дар рафти мониторинг бо кормандони бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сархатибони масҷидҳои ҷомеи марказӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва имомони масҷидҳои панҷвақта доир ба амалисозии барномаҳои давлатӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила муколама анҷом дода шуд.
Шумораи иштирокчиён дар маҷмȳъ аз шаҳру ноҳияҳо 137 нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 42 нафар аз вилояти Суғд, 68 нафар аз вилояти Хатлон ва 27 нафар аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошад. Вобаста ба синну соли иштирокчиён бояд қайд кард, ки аз шумораи умумии онҳо 11 нафар – 8 % то 30 сола, 68 нафар – 49,6 % аз 30 сола то 50 сола ва 58 нафар – 42,4 % аз 50 сола боло мебошанд. Вобаста ба вазифаҳои иштирокчиён бояд қайд кард, ки аз шумораи умумии онҳо 29 нафар – 21,2 % дар шуъбаю бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, 17 нафар – 12,4 % ҳамчун сархатиб дар масҷидҳои ҷомеи марказӣ, 77 нафар – 56,2 % ҳамчун имомхатиб дар масҷидҳои ҷомеъ ва 14 нафар – 10,2 % ҳамчун имомони панҷвақта дар масҷидҳои панҷвақта фаъолият доранд.
Қобили тазаккур аст, ки тибқи таҳлили натиҷаи мониторинг дар сурати муайян намудани ҳолатҳои зȳроварӣ дар оила кормандони соҳа дар ҳамкорӣ бо масъулони дигар сохторҳои давлатӣ ва инчунин бо ҷалби ходимони дин баҳри пешгирӣ намудани он пайваста кȳшиш мекунанд. Кормандони соҳа дар доираи ваколатҳои хизматиашон зимни муроҷиати ҷабрдидагон аз зȳроварӣ дар оила бо риояи принсипҳои башардȳстона эҳтироми шаъну шарафи инсонӣ ва дастгирии иҷтимоӣ ба онҳо кȳмак мерасонанд. Дар самти пешгирии ҳодисаҳои зȳроварӣ дар оила ва ҳалли низоъҳои оилавӣ ходимони дин бо навхонадорон, падару модари онҳо ва дигар аъзои оила тавассути машваратҳои фардӣ ва сȳҳбатҳо ҷиҳати беҳтар намудани муносибати оилавӣ байни ҳамсарон, кȳдакон, падару модарон ва дигар аъзои оила корбарӣ менамоянд.
Дар рафти муколамаҳо ҳамаи 137 нафар иштирокчиён – 100 % изҳор доштанд, ки дар раванди пешгирии зȳроварӣ дар оила бетараф набуда, дар расонидаи кȳмаку машварат ба ҷабрдидагон аз зȳроварӣ дар оила саҳмгузор мебошанд. Инчунин, 129 нафар – 94,1 % таъкид намуданд, ки ҳодисаҳои зȳроварӣ дар оила бо сабаби низоъҳои оилавӣ сар зада, онҳо дар ҳалли муноқишаҳои оилаҳо ба муроҷиаткунандагон кȳмак мерасонанд. Дар ин радиф, бояд қайд кард, ки аз шумораи умумии иштирокчиён 27 нафар – 19,7 % аъзои гурȳҳҳои кории ноҳиявӣ дар самти таҳкими фарҳанги оиладорӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо ва зȳроварӣ дар оила мебошанд.
Аксаран дар шаҳру ноҳияҳое, ки дар он ҷо чорабиниҳои маърифатии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт роҳандозӣ гардидааст, вокуниши кормандони соҳа ва ходимони дин ба ҳодисаҳои зȳроварӣ дар оила ва расонидани кȳмаку машварат ба ҷабрдидагон аз зȳроварӣ дар оила дар сатҳи баландтар қарор дорад.
Дар рафти муколамаҳо иштирокчиён баён намуданд, ки сабабҳои умумии хушунат дар оила инҳо мебошанд: фарҳанги пасти ахлоқу рафтор, нафаҳмидани эҳтиёҷоти маънавии ҳамдигар дар оила, дахолати дигар аъзои оила ба ҳаёти навхонадорон, одатҳои бади иҷтимоӣ-маишӣ, вазъияти мушкили иқтисодии оилавӣ, бекорӣ, стреотипҳо - қолабҳои шахшудаи ҷамъиятӣ, ҳамдигарнофаҳмии ҷавонон, истифодаи нодурусти телефони мобилӣ ва монанди инҳо. Тибқи иттилои иштирокчиён сабабҳои мазкур ба таври умумӣ зикр гардида, дар ҳаёти оилавӣ ҳолатҳои мухталифи сар задани зȳроварӣ дар оила ба мушоҳида расидааст.
Маъмулан сар задани ҳодисаҳои зȳроварӣ дар оила оқибат ба ҷудошавии оилаҳо бурда мерасонад. Дар навбати худ, иштирокчиён сабабҳои асосии пошхȳрии оилаҳоро дар бармаҳал оиладор кардани навхонадорон, омода набудани онҳо ба ҳаёти мустақилона, надонистани эҳтироми ҳамдигар, таъсири фарҳанги бегона ба ҳаёти оилавӣ, вобастагии молиявии онҳо аз дигарон, муҳоҷирати меҳнатӣ, дахолати хешовандони наздик ва монанди инҳо зикр намуданд.
Аз таҳлили натиҷаи мониторинг маълум гардид, ки аз шумораи умумии иштирокчиён 108 нафар – 78,8 % бо раисони маҳалла, 55 нафар – 40,1 % бо масъулини шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оила дар шаҳру ноҳияҳо, 50 нафар – 36,5% бо масъулони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муовинони раиси ҷамоат ва кормандони дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, 46 нафар – 33,6 % бо дигар масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, 31 нафар – 22,6 % бо нозирони минтақавӣ дар маҳал ва 23 нафар – 16,8 % бо мақомоти судӣ, инчунин 67 нафар – 48,9 % бо дигар масъулони соҳаи маориф, ҷавонон, тандурустӣ, фаъолони ҷомеа, фаъолзанон ва монанди инҳо дар ин самт ҳамкорӣ доранд. Ҳолати мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамкории кормандони соҳа ва ходимони дин дар самти пешгирии зȳроварӣ дар оила бо дигар масъулони сатҳи маҳал, махсусан бо раисони маҳалла ва кормандони бахшҳои кор бо занон ва оила дар ноҳияҳо хеле назаррас мебошад.
Қобили тазаккур аст, ки дар шароити кунунӣ дар ҷумҳурӣ беш аз чор ҳазор иттиҳодияҳои динӣ барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти динии мардуми кишвар фаъолият доранд. Бо дарназардошти он, ки дар раванди пешгирии зȳроварӣ дар оила ва таҳкими фарҳанги оиладорӣ дар ҷомеа кормандони соҳа ва ходимони дин нақши муайян доранд, истифодаи имкониятҳои иттилоотию таблиғотии онҳо баҳри амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ дар ин самт ва коҳиш додани сатҳи ҷудошавии оилаҳо муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар рафти мониторинг аз иштирокчиён хоҳиш карда шуд, ки оиди боз ҳам самаранок гардонидани пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷомеа, беҳтар намудани чорабиниҳои маърифатӣ - омӯзишии мақоми ваколатдор, таҳким бахшидани раванди расонидани кȳмаку машварат ба ҷабрдидагон аз зȳроварӣ дар оила ва густариши ҳамкории байнисоҳавӣ дар ин самт тавсияву пешниҳодҳои худро изҳор намоянд:
1) Дар маҷмȳъ аз шумораи умумии иштирокчиён 56 нафар – 40,9 фоиз пешниҳод намуданд, ки дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти пешгирии зȳроварӣ дар оила баргузории мулоқоту суҳбатҳо бо ҷалби кормандони соҳа ва ходимони дин вобаста ба таҳкими фарҳанги оиладорӣ, мустаҳкамии оилаҳо, коҳиши сатҳи ҷудошавии оилаҳо ва пешгирии хушунати хонаводагӣ дар маҳалҳо бештар карда шавад.
2) Дар навбати худ, 42 нафар – 30,7 фоизи иштирокчиён пешниҳод карданд, ки баргузории семинарҳои омȳзишӣ барои кормандони соҳаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, сархатибони масҷидҳои ҷомеи марказӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва имомони масҷидҳои панҷвақта идома дода шавад. Қобили тазаккур аст, ки сатҳи маълумотнокии нафарони дар семинарҳои омȳзишии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан иштирокдошта назар ба нафарони дар чунин семинарҳо иштирокнадошта баландтар мебошад.
3) Аз шумораи умумии иштирокчиён 38 нафар – 27,7 фоиз пешниҳод намуданд, ки барои аҳли ҷомеа доир ба таҳкими фарҳанги оиладорӣ ва пешгирии хушунати хонаводагӣ маводҳои иттилоотӣ, аз қабили дастурамалҳо, роҳнамоҳо, буклету брошюраҳо таҳия ва пешниҳод карда шавад. Илова бар он, 30 нафар – 21,9 фоиз таҳия ва нашри китобҳоро бо фарогирии мавзȳъҳои оиладорӣ, арзишҳои оилавӣ, эҳтироми ҳамсарон, ҳуқуқҳои зану мард дар оила, тарбияи фарзандон ва рушди институти оила дар ҷомеа мувофиқи мақсад ҳисобиданд. Таҳия намудани китобу маводҳои иттилоотӣ ва дастрас гардидани онҳо ба кормандони соҳа, ходимони дин, масъулони соҳаҳои иҷтимоӣ, навхонадорон, падару модари онҳо ва дигар шаҳрвандон баҳри пешгирии ҳодисаҳои зȳроварӣ дар оила дорои аҳамияти судманд мебошад.
4) Аз ҷониби 25 нафар – 18,2 фоизи иштирокчиён пешниҳод шуд, ки барои сархатибони масҷидҳои ҷомеи марказӣ ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ мавъизаҳо дар самти оиладорӣ, ҳифзи арзишҳои оилавӣ, тарбияи дурусти фарзандон, эҳтироми ҳамдигар дар оила ва пешгирии хушунати хонаводагӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби ходимони дин зимни баргузории маросими ақди никоҳи динӣ ба машваратдиҳии навхонадорон ва насиҳати падару модари онҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.
5) Аз шумораи умумии иштирокчиён 14 нафар – 10,2 фоиз пешниҳод намуданд, ки вобаста ба мавзȳъҳои мубрами рӯз, аз ҷумла таҳкими фарҳанги оиладорӣ, эҳтироми падару модар ва ҳамсарон, танзими анъана ва ҷашну маросим, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва пешгирии хушунати хонаводагӣ барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ пахш гардад ва барои аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонону наврасон саҳначаҳои тарбиявӣ ба намоиш гузошта шавад.
6) Дар ин радиф, 12 нафар – 8,7 фоизи иштирокчиён пешниҳод намуданд, ки соатҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ оиди оиладорӣ ва арзишҳои оилавӣ бештар карда шуда, дар дарсҳои маърифати оиладорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба масъалаҳои эҳтироми падару модар ва ҳамсарон дар оила, ҳифзи ҳуқуқи зану шавҳар, тарбияи дурусти фарзандон ва пешгирии хушунати хонаводагӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.
7) Илова бар пешниҳодҳои зикршуда, 25 нафар – 18,2 фоизи иштирокчиён таклифҳои мухталифро вобаста ба таҳким бахшидани раванди вокуниши кормандони соҳа ва ходимони дин ба ҳодисаҳои зȳроварӣ дар оила, аз қабили кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ба таълим фаро гирифтани ҷавондухтарон, татбиқи амалии аҳдномаи никоҳ, расонидани кȳмакҳои иҷтимоӣ ба ҷабрдидагон аз зȳроварӣ дар оила ва монанди инҳо пешниҳод карданд. Боқимонда 6 нафар – 4,4 фоизи иштирокчиён бинобар сабаби нав таъин гардидан ба вазифа ва дорои таҷрибаи кам будан дар ин соҳа аз ироаи пешниҳод худдорӣ намуданд.
Дар натиҷаи гузаронидани мониторинги мазкур маълум гардид, ки кормандони соҳаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, сархатибони масҷидҳои ҷомеи марказӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва имомони масҷидҳои панҷвақтаи шаҳру ноҳияҳо баҳри расонидани кȳмаку машварат ба ҷабрдидагон аз зȳроварӣ дар оила нақши муҳим дошта, фаъолияти пурсамарро дар ин самт анҷом медиҳанд.
Масъулини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди вокуниши кормандони соҳа ва ходимони дин ба ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оиларо мавриди таҳлили ҳамешагӣ қарор дода, минбаъд низ баҳри иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 чораҷӯӣ менамоянд.
ЮНУСЗОДА БАХТИЁР АЛӢ
мудири бахши ҳуқуқи Кумитаи дин,
танзими анъана ва ҷашну маросими
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон