
Дар ҷомеаи муосир ва раванди афзоиши ихтилофу зиддиятҳои гуногуни милливу мазҳабӣ, зуҳури ҳизбу ҳаракат, созмону гуруҳҳои ифротиву иртиҷоӣ ва дигар равияҳои номатлуб ҳамаи аъзои ҷомеа ва бахусус ходимони динро мебояд, ки беш аз пеш баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби оромиву субот, ваҳдату ягонагӣ ҷаҳду талош намоянд. Хушбахтона иддае аз ходимони дин бо такя ба сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту шукуфоии кишвари маҳбуб, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, ба роҳ мондани амалҳои неку писандида, ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифтани оилаҳои ниёзманду барҷомонда, дастгирии ятимону барҷомондагон саҳми хешро гузошта, дар ин амри хайру савоб ҳамватанони азизро даъват намуда истодаанд. Мо сокинони кишвар шукргузорӣ аз он менамоем, ки зери сиёсати оқилонаву бобарори Пешвои муаззами миллат имрўзҳо баҳри рушди тамоми соҳаҳои кишвар шароиту заминаи мусоид фароҳам гардида, рўз то рўз ба истиқболи ҷашни фархундаву умумимиллиамон 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳру деҳоти мамлакат гул-гул мешукуфад.
Соли 2020 бори дигар шоҳиди он гардидем, ки роҳи дурусту бебозгашт ва сиёсати беназири роҳбарияти олии Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол мардумро атрофи андешаи “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол Ватани ҳамаи мост” муттаҳидтар намуда, хушбахтона дар як фурсати кутоҳ ва бо камтарин талафот аз чанги вабои аср раҳо гардидем. Ин дар ҳолест, ки то кунун дар бархе аз кишварҳои мутараққӣ ва пешрафта чораҳои пешгирикунандаро пайдо карда наметавонанд. Барҳақ дар ин маврид шоир мефармояд, ки:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт,
Ба он миллат сарукоре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Боиси ифтихору саодатмандист, ки ташаббус ва иқдомҳои умедбахшу бобарор ва инсондўстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри расидан ба ҳаллу фасли мушкилоти аҳолии сайёра, пешгирии омилҳои номатлуб, сарҷамъ намудани иқтидору андешаи сокинони олам дар мубориза зидди ҳамагуна неруҳои манфиатхоҳу ташкилоту созмонҳои террористиву экстремистӣ ҷонибдориву ҳамовозӣ пайдо намуда, дар саросари ҷаҳон Пешвои тоҷикони ҷаҳонро ҳамчун роҳбари оқилу хирадпеша ва инсондўсту ташаббускор эътироф мекунанду мешиносанд.
Мутаассифона бархе аз нотавонбинону каждумони зери бурё, ки зиндагии осоиштаву рўзгори обод, фазои хурраму осуда ва хонаи тинҷу оромро пушти по зада, тарки Ватан карданд, имрўзҳо кўшиш намуда истодаанд, ки бо ҳар роҳу восита бо чашми ғараз бар аҳли башар аз рушду пешрафти Тоҷикистон шикоят баранду ҷавоби он ҷонканиҳояшон маблағҳои бедардимиён ба даст оваранд. Пас аз манъи фаъолияти пасипардагиву иғвогароёна ва фитнаҷўёнаи ин тангназарон, ки бо омезиш бо номи поки дини мубини ислом ба роҳ монда мешуд, имрўзҳо ин ноҷавонмардон дар ошёни хоҷагони хориҷиашон лона гузошта, аз он тўтивор бар зидди Ватану миллат ва кишвари аҷдодиву бобоии худ санги маломат мезананд.
Аз табори чунин хиёнатпешагони террорист Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Ҳусейн Ашўров ва дигарон ба ҳисоб мераванд, ки агар рўзе бар муқобили Тоҷикистон ва ё нафаре аз кишвар туҳмату буҳтон наяфкананд ором намегиранд. Ин бадандешон бо ҳар роҳу восита ҳамчун лошахўрони иҷтимоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ камин гирифта, бо лаҳни “нарму меҳрубонона” наврасону ҷавонон ва сокинони кишварро ба доми худ мекашанду ҳаёти босаодати онҳо ва зиндагии тинҷу осудаҳолонаи онҳоро ба коми бадбахтиву ноумедиҳо мебаранд.
Аз ҷумла мудири сомонаи экстремистӣ эълоншудаи “Ислоҳ” ва яке аз дастпарварону пасмондаҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз чунин мубаллиғини иҷтимоии наҳзати наҳс мебошад, ки бо ҳар роҳу восита мехоҳад ба низоми давлатдории муосири миллии мо халал расонида, мардумро бори дигар ба ноамниву яъсу ноумедӣ раҳнамоӣ намоянд. Ин бор Муҳаммадиқболи Садриддин имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Ҳоҷӣ Абдулғаффори маҳаллаи “Нонвойи поён”-и шаҳри Кўлоб Маҳмадсодиқ Саидовро ба доми фитнаву найранги худ дароварда, ӯро ба сифати ҷосуси худ истифода кардааст.
Бо вуҷуди бовариву эътимоди давлату миллат, мардум ва намозгузорон Маҳмадсодиқ Саидов дидаю дониста бо ифротгароёну хиёнатпешагон ҳамкорӣ намуда, шаъну шараф ва нуфузу эътибори ходимони динро паст задааст, ки мо ходимони дин ин аъмоли зиштро шадидан маҳкум менамоем. Ҳол он ки аҳкоми шариат ва таълимоти бузурги Қуръони карим, ҳадисҳои Пайғамбари акрам (с) фитнаву найранг, паст задани шаъну шарафи инсон, хиёнаткориву ифротгароиро маҳкум намуда, баръакс некиву накукорӣ, ростқавливу садоқатмандӣ ва тарғиби оромиву осудаҳолиро фаро гирифтааст.
Агар ба ин рафтори ходими дин ва ҳам кирдори Муҳаммадиқболи Садриддин, ки худро ҳимоятгари дини мубини ислом унвон медиҳад, аз нигоҳи аҳкоми шариат баҳо диҳем, чунин дармеёбем, ки ифротгароиву таассуб ба асли таълимоти дини мубини ислом ва мазҳаби Имоми Аъзам Абўҳанифа мухолифат дорад. Дини мубини ислом дини башардўстӣ, таҳаммулпазирӣ, тараннумгари осоишу иттиҳод, ваҳдату ҳамзистӣ ва оромиву суботи саросарӣ буда, ҳамагуна ихтилоф, беназмиву бенизомӣ, зулму ғоратгарӣ, фитнаву найрангро маҳкум менамояд.
Дар ин маврид дар ояти 90-уми сураи “Наҳл” омадааст, ки: “Ҳамоно Худо ба инсофу некукорӣ ва ато кардан ба хешовандон мефармояд ва аз беҳаёӣ ва кори нописандида ва бедодӣ манъ мекунад; шуморо панд медиҳад, то бувад, ки шумо пандпазир шавед”.
Ҳамзамон аз Абўҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Пайғамбари Худо (с) мегўяд: “Мусулмон бародари мусулмон аст, ўро хиёнат накунад. Худотарсӣ дар дил аст ва бо ангуштонаш ба тарафи синааш се маротиба ишора мекард. Ҳуқуқи ҳар як мусулмон, хуни ў, моли ў ва шарафу номуси ў назди мусулмони дигар муқаддас аст”.
Аз Абдуллоҳ ибни Аббос ривоят аст, ки Пайғамбари Худо (с) хитоб мекунад, ки: “Эй мардум, аз ифрот дар дин ҳазар кунед, зеро умматони пеш аз шуморо ифротгароӣ дар динашон ҳалок кардааст”.
Дар робита ба ин рафтори ходими дин Маҳмадсодиқ Саидов андеаши донишманде ба хотир меояд, ки:
Бо душмани ман чу дўст бисёр нишаст,
Бо дўст набоядам дигар бор нишаст.
Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт,
Бигрез аз он магас, ки бо мор нишаст.
Аз ин нуқтаи назар ва бо дарки он, ки наҳзатиёни ҳангомаҷўй барои ба даст овардани нуфузу эътибор назди хоҷагонашон ба тамоми рафтору кирдори ғайриинсонӣ қодир ҳастанд ва ҳатто чанде қабл бобои Донаро ба гирдоби разолату ҷаҳолат ва фитнаи хеш кашидаву имрўз ҳаёти босаодати боз як нафар ходими динро сўзониданд, ба наврасону ҷавонон ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвари азизамон муроҷиат намуда, изҳор медорам, ки ба ҳар гуна туҳмату буҳтон, фитнаву найранги бадхоҳону хоинони миллат дода нашуда, ҳаёти осоиштаи худ ва наздикону пайвандонашонро зери хатар нагузоранд.
Муҳаммадюсуф Қозиев,
имомхатиби масҷиди ҷомеи
ба номи Имоми Аъзами шаҳри Бўстон