ВАҚТЕ КАБИРӢ АЗ ТЕРРОРИСТОН ҲИМОЯ МЕКУНАД...

Нашр шуд korbar - чт, 04/22/2021 - 08:51

Роҳбарони ТЭТ ҲНИ ва пайравонаш имрӯзҳо бо ҳар роҳу васила мехоҳанд амнияти мамлакат ва низоми сулҳу ваҳдати Ватани маҳбубамонро тибқи дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷии худ халалдор намудан, дар миёни аҳли ҷомеа фитнаю ошубҳоро роҳандозӣ менамоянд.

Ин хоинону ватанфурӯшон ва душманони миллати тоҷик ба мисли Кабирӣ ва пайравони ТЭТ ҲНИ аз хориҷи кишвар истода, тарафдории  аъзоёни гуруҳи бо ном “Ихвониён”- ро намуда истодаанд.

Имрӯзҳо М. Кабирӣ ҳарораташ баланд шудаасту ба гуфти худаш дифо аз аъзоёни ТЭТ “Ихвон-ул-муслимин” мекунад, ки ин кораш бори дигар шаҳодат  аз он медиҳад, ки Кабирӣ бо ихвониён ҳаммаслак асту исломро ҳамчун василае ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ қарор додааст.

Бархӯрди ӯ ба масъалаи боздошти як гурӯҳи пайравони ТЭТ “Ихвон-ул-муслимин”  нишон медиҳад, ки Кабирӣ мехоҳад ҷинояткорон бе ҷазо бошанду ҳар кас чи коре хоҳад кардан гирад. Кору бори Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ҳамеша фитнаву бадбинист, на чизи дигар.

Нафароне, ки бо ҷурми аъзо будан ба ташкилоти экстремистӣ-террористии “Ихвон-ул-муслимин” ҷазо гирифтаанд, гуноҳашон исбот шуда, нисбати онҳо аз ҷониби суд қарор баромадааст. Ҳар нафаре, ки даст ба ҷиноят зада бошад, бояд дар назди қонун ва халқ ҷавоб диҳад.

Симои аслии хоинони  ватану миллат борҳо ба мардум ошкор шудаасту боз ошкортар шуда истодааст. Аз ин рӯ, дигар ҳеҷ кас ба ин хоинон бовар надорад.

Бурҳониддин Аминов,

корманди Кумита