ДАР МАСЪАЛАИ ҲИФЗИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ИҶТИНОБ АЗ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ

Нашр шуд korbar - ср, 04/21/2021 - 10:58

Худованди таъоло дар Қуръони карим барои мунофиқон мақоми хосе ҷудо намуда, дар оёти мутавотир онҳоро сифат намудааст: «Иннал мунофиқина фи – д - даркил асфали минан нор» - Ҳамоно мунофиқон дар табақаи поёнтарини дӯзах қарор мегиранд.

Мунофиқ дар дини ислом барои он манфур ва мардуд аст, ки худро дӯсту ғамхор вонамуд карда, дар асл, дар замири худ ниятҳои нопок дорад. Одамон ба гуфтори хуши мунофиқон фирефта шуда, ба онҳо бовар мекунанд, эҳтиромашон мекунанд, дар паҳлӯи худ ҷой дода, як бурда нонро бо ҳам мебинанд. Аммо мунофиқ ҳамеша дар пайи тавтеа аст, интизори фурсати муносиб, то ин ки дар лаҳзаи даркорӣ, бо сӯиистифода аз боварии мардум, одамонро ба майдон кашад ва хуни бегуноҳонро резад. Агар дар ҷамоате як мунофиқ бошад, барои иғвогарӣ кифоя аст. Аммо агар дар кишваре гурӯҳи муташаккили мунофиқон, дар рӯй ниқоби ҳомии ислом, дар замир тинати аҳреманӣ бошад, қариб аст, ки ҷомеа ба хоку хун кашида шавад.

Чунин гурӯҳҳои ба ном исломӣ дар ҳар давру замон вуҷуд доштанд ва дар баъзе ҳолатҳо давлатҳои ободро хароб ва ҳукуматҳои адолатпешаро сарнагун месохтанд.

Дар замони мо, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ чунин як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ арзи ҳастӣ намуда, аз ибтидои солҳои ҳаштодум дар байни мардум кор мебурд. Ин тоифаи шайтонӣ худро Ҳизби наҳзати исломӣ унвон намуда, дар асл як гурӯҳи авбошон, ҷинояткорон ва ҷаллодон буданд.

Мутаассифона, баъзе ҷавонони гумроҳ ба ояту ҳадис”-ҳои бофта ё таъвилкардаи ҳизбиён бовар карда, ба он ақида буданд, ки дар роҳи ростанд. Роҳбарони ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати ба ном исломӣ аз хориҷа маблағҳои ҳангуфт гирифта, муқобили ватан ва мардуми худ нақшаи  хунин тарҳрезӣ менамуданд.

Баъд аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ борҳо гуфта мешуд, ки дар ислом ҳизб нест, таъкид мегардид, ки маҳз Ҳизби наҳзат сабабгори бадбахтии мардуми тоҷик аст, аммо мутаассифона баъзе одамон бовар намекарданд.

Аксари рӯҳониён дар баромадҳои худ симои воқеии ҳизби номбурдаро ошкор сохта, такрор ба такрор пешниҳод менамуданд, ки ТЭТ «ҲНИ» бояд баста шавад. Чунонки мегӯянд, вақт довар аст. Имрӯз гуфтаҳои рӯҳониён тасдиқ гардиданд – мунофиқони наҳзатӣ ба нияти амалӣ сохтани ғаразҳои худ, яъне барҳам додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сардории Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим қиём намуда, хостанд ватани моро ноором ва давлату ҳукуматро сарнагун созанд.

Пайравони ТЭТ «ҲНИ» соли 1991 ҳамаро террор намуда, қариб буд, ки давлати соҳибистиқлоли моро бори дигар несту нобуд кунанд.

Дар ҳамаи ин ҳолатҳо давлат онҳоро бахшид – ба хотири ваҳдати миллӣ, ба хотири тинҷиву амонӣ, ба хотири сулҳу субот. Аммо бубинед, ки ин бадхоҳон дар симои ТЭТ «ҲНИ» боз ба кори худ идома доданд. Дигар барои чунин афрод бахшиш нест. Ба гуфти Саъдии бузург:

Тараҳҳум бар паланги тездандон,

Ситамгорӣ бувад бар гӯсфандон.

Оре, тараҳхум бар душмани ошкор, ситам бар мардуми осоишта мебошад. Агар мо боз ба ин тоифаи ҷиноятпеша раҳм кунем, бори дигар онҳоро бахшем, ин дафъа халқ моро намебахшад. Душманро боре бахшидем, баъд аз бист сол боз ҳуҷум кард, агар ин дафъа низ ба доду фиғони адув бовар кунем, зомини фарзандони миллат мешавем.

Абдусамеъ Ҳодиев,

ходими дин