ҲАМА ВОРУХИЕМ!

Нашр шуд korbar - пт, 04/30/2021 - 13:19

Ростӣ, бо назар кардан ба саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаргиз чунин рӯҳия намегирифтам, ки имрӯзҳо. Хеле хушоянд аст, ки хурду бузурги миллати мо ва ҳамаи тоҷикистониён сухан дар боби марзу буми аҷдодӣ мегӯянд. Ҳифзи марзу бумро қарзи имонии худ медонанд.

Воқеан, дар ҳамин рӯзҳо мо бояд ваҳдату ҳамбастагии худро ҳифз кунем. Ворух имрӯз хонаи муштараки ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Ворух нангу номуси мост. Аз ин хотир, мо бояд ҳар лаҳза ба бародарони ворухии худ паём диҳем, ки онҳо ҳаргиз танҳо нестанд. Имрӯз мо ҳама ворухием. Набояд имкон диҳем, ки аз вазъи баамаломада ҳар гуна гурӯҳу ҳизбе сӯистифода намояд. Хеле ҷои нанг аст, ки наҳзатиҳои террорист ба ҷои ҳифзи мавқеи манфиати миллӣ ба ҳар гуна дасисабозиҳо машғуланд. Аммо вақте сухан дар бораи нангу номус меравад, набояд ба мувофиқу мухолиф ҷудо шавем. Имрӯз бояд ҳама Тоҷикстонӣ ва ҳама Ворухӣ бошем ва ҳифзи Ватанро дар мадди аввал қарор диҳем.

Маъруф Шонасурдинов