СӮИИСТИФОДАИ НАҲЗАТ АЗ ДИНДОРИИ МАРДУМ

Нашр шуд korbar - пн, 08/09/2021 - 11:37

Воқеаҳои моҳи феврали соли 1990, ки дар шаҳри Душанбе воқеъ шуд, дар сафҳаи таърих бо номи "Баҳманмоҳи хунин" сабт шудааст ва ҳар замоне ки банда ба айёми гузашта назар мекунам, он рӯзҳои мудҳиш ба ёдам меояд. Ба майдон баромадан, шиор партофтан, талаби истефои роҳбарони ҳукумат аз куҷо ва  таҷрибаи кӣ аст? иғвогарони пешбар киҳо ва дар паси парда хоҷагони асосӣ киҳоянд?
Баъди эълони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаҳои ноороми солҳои наваду яку наваду дӯ ба ин саволҳо ҷавоб дод ва пардаро аз рӯи муллоҳои хиёнаткор ва хоҷагони хориҷиашон бардошт, ки сабабгори саршавии ин бесарусомониҳо Ҳизби хиёнаткори Наҳзат бо роҳбарии муассисонаш ва хоҷагони хоричиаш мебошад. Ҳадафи нопоки роҳбарони ин ҳизби террористӣ, ки аз хориҷ роҳнамоӣ мегирифтанд, аввал ноором кардани як гӯшаи Иттиҳоди Шӯравӣ, яъне Тоҷикистони Советӣ, сониян ғасби ҳокимияти давлатӣ буд.
Афсӯс, ки аксари он нафароне, ки аз дасти маккори наҳзатиён гумроҳ шуда, манфаати миллату кишварро пеши по мезаданд, дар ин издиҳомҳо иштирок мекарданд, аз суиистифода шудани дини ислом бехабар буданд ва баъдан ин майдонбароиҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид ва сабаби рехтани хуни ҳазорон мардуми бегуноҳ гардид.
Аз ин ҳодисаҳо алакай сӣ сол гузаштааст, аксари ҷавонони то сисола, ки дар замони тинҷу оромӣ зиндагонӣ мекунанд, онро аз саҳфаи таърих мехонанд.
Бояд имрӯз мо-мардуми Тоҷикистон шукронаи тинҷию оромии  давру замон ва шукронаи адолати Пешвои миллат кунем ва таманно кунем, ки Ватани азизи мо Тоҷикистон обод ва таҳти роҳбарии одилонаи Ҷаноби Олӣ, миллати тоҷик сарҷамъ бошад, мардуми Тоҷикистон дигар рӯи ҷангро набинад!
   ҲОҶӢ ҲУСАЙН МӮСОЗОДА
   ходими дин