АЗ МАКРИ НАҲЗАТ ОГОҲ БОШЕМ

Нашр шуд korbar - вт, 08/10/2021 - 14:25

Худованди бузург дар Қуръони карим дар чандин ҷо дар боби масъулияти падару модар амр фармудааст аз ҷумла мефармояд: “Эй касоне, ки имон ба Худо доред, наҷот бидиҳед ҷонҳои худро ва аҳли хонаводаи худро аз оташи дӯзах. Яъне ки Худованд моро бар он таъкид мекунад, ки дар баробари тарс аз Худо ва тақвову парҳез ва анҷоми амалҳои солеҳ ва парҳез кардан аз амалҳои зишти ғайриинсонию ғайриисломӣ, одобу ахлоқи ҳамида дошта ва инчунин дар баробари тамоми мардум одобу ахлоқ ва муносибати хуб дошта бошем. 

   Ва инчунин Пайғамбари Худо Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с)  дар ҳадиси муборакашон моро хитоб карда мегӯянд: «Куллукум роъин ва куллукум масъулун ъан раъиятиҳи» Яъне ҳар як кадоми шумо ба манзалаи чӯпон дар хонаводаатон ҳастед ва дар рӯзи қиёмат дар пешгоҳи Парвардигор аз тамоми аҳли хонаводаатон пурсида мешавед. Яъне Худо ва Расулаш масъулияти аҳли хонаводаро бар дӯши мо мусалмонҳо гузоштаанд.

Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистони азизи мо бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2-юми августи соли 2011 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро қабул кард, ки ин як такони хубро ба вуҷуд овард ва дар ин ҳафт соли татбиқи Қонун натиҷаҳои хуб ба даст омад, ки мо инро баръало мушоҳида мекунем. 

Дар сурати таълиму тарбияи дуруст надодан ба фарзандон мо ба пешгирии гаравидани љавонон ба њизбу њаракатњои экстремистї, ки вазифаи муқаддаси ҳар як аъзои ҷомеа аст,ноил шуда метавонем.

Зеро иддае аз ватанфурӯшони хоин, аз ҷумла роҳбарону пайравони ҳизби мамнуъи ифротии наҳзат ки дар беруни кишвар сухан аз ватандорї мезананд, набояд ба ҳадафҳои фосиду иғвоангези хуб бирасанд. Ҳама огоҳем, ки наҳзатиҳо коре ба ѓайр аз макру фитнаю фасод ва иѓовоангезї ба субот нарасонидаанд. Аз ин лиҳоз, мо ҳамеша бояд аз макри онҳо огоҳ бошему саривқт ба онҳо ҷавоби сазовор диҳем. 

Мардуми шарифи Тољикистон, бахусус ходимони динї ин амалу рафтори ѓайриинсонии ин гуна љараёнњоро мањкум намуда, намегузоранд, ки ба сулњу суботи Ватани азизамон газанде ворид гардад.

Муҳаммадшарифи Бақозода

Имомхатиби масҷиди ҷомеи

шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт