"НАҲЗАТ" Ё ҲИЗБИ МАМНӮЕ, КИ АЗ ИБТИДО ХИСЛАТИ ИРТИҶОӢ ДОШТ

Нашр шуд korbar - ср, 08/11/2021 - 10:25

Аслан пайдоиши ҳизбҳои сиёсӣ дар ҶумҳурииТоҷикистон ҳамчун падидаи нави демократӣхуб арзёбӣ мегардад. Вале дар ибтидои зуҳурва ташаккулёбӣ қисме аз онҳо ба ҳаёти сиёсииҷомеа таъсири манфӣ расонда, дар ниҳоят басар задани ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 - 1997 сабаб шуданд. Мисоли барҷастаи инсобиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ кӯшишҳоиавомфиребонаи худро дар мавриди дастгирииҳаракатҳои исломии як қатор кишварҳоихориҷӣ идома дода, дар  шомилшавии ҷавононба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ташвиқифарҳанги бегона, таҳқири давлат ва Ҳукуматимамлакат, поймол намудани ҳуқуқи занонсаҳми фаъол мегузошт. 
Дар мавриди фаъолияти солҳои ахири ТЭТ ҲНИ метавон гуфт, ки дар арафаи ҳамамаъракаҳои муҳими сиёсии кишвар, назири интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонва Маҷлиси Олӣ, ин ҳизб бо истифода азтарғиботи  идеологии худ, ба даст оварданинуфузи сиёсиро ҳадаф қарор медод. Пешрафту дастовардҳои кишварро дарсоҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нодидамегирифт. Барои роҳбарияти ин ҳизбихтилофоти ҷаҳонишавӣ ва афзудани таҳдидухатарҳои гурӯҳҳои ифротӣ, зуҳуротиноматлуби экстремистӣ - террористӣ вафарогирии ҷавонон ба онҳо ҳеҷ гуна амалихавфнок ҳисобида намешуд. Баъдтар, пас азошкорсозии ҷиноятҳои содиршуда ба ҳамагонмаълум гашт, ки назар ва андешаи онҳохилофи ҳама гуна тартиботи қонунӣ, амалиандешамандонаи инсонӣ ва рафториэътирофгардидаи исломӣ мебошад.  
Дар ҳодисаҳои пурташвиш ва амалисодирнамудаи террористии нимаи аввалимоҳи сентябри соли 2015, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат рух доданд ва дар инзамина оромиву суботи кишвар то ҷойехалалдор гардид, даст доштани ТЭТ ҲНИошкор шуд. Маълум гардид, ки ин ҳизб аз рӯзитаъсисаш хислати иртиҷоӣ - динӣ ваэкстремистӣ - террористӣ дошта, бароиинкишофи раванди сиёсии Тоҷикистон вамустаҳкам намудани принсипҳои демократӣдар шароити тағйирпазирии ҷомеа монеаҳоизиёде эҷод намудааст. Зиёда аз ин, бо чунинфаъолият ҳамчун ҳизби дорои хислатиэкстремистӣ - террористидошта дар ҷаҳоншинохта шуд. 
Имрӯзҳо, қисме аз роҳбарони ин ҳизбимамнӯъ дар мисоли роҳбари он Кабирӣ берун аз Тоҷикистон бо дастгирӣ ва сарпарастиихоҷагони хориҷиашон ва бо истифода аз ҳаргуна буҳтон ва танқидҳои беасос ба воситаинашрия ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз худ даракмедиҳанд. Бо ин кирдорашон мехоҳанд фазоиорому осудаи кишварамонро аз нав халалдорсозанд. Вале онҳо ва пайравонашон бояд даркнамоянд, ки сокинони мамлакат аз кирдорҳоиразилонаи ин ҳизб дар фоҷиаи ҷангишаҳрвандӣ ва минбаъд дар замони сулҳуоромӣ воқиф мебошанд. Дар симои он ҳизби иртиҷоӣ - динӣ ва экстремистию террористиромебинанд, ки мехост бо истифода аз иғво вадигар амалҳои тахрибкоронаи хеш баҳадафҳои сиёсӣ даст ёбад. 
Пиралӣ НАЗАРОВ, 
номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент