ХИЁНАТИ НАҲЗАТ

Нашр шуд korbar - чт, 08/12/2021 - 08:52

Терроризму экстреризм ва фаъолияти гурўњњои ифротї аз масъалањое мањсуб меёбанд, ки љомеаи љањониро ба ташвиш овардааст. Барои мубориза бурдан бо ин зуњуроти номатлуб тамоми ќишрњои љомеаро мебояд дастаљамъона мубориза бурда, бо истифодаи зиракии сиёсии хеш  бар фанду фиреб ва ваъдањои бардуруѓи тарѓиботчиёни ин гуруњњо дода нашаванд.
       Имрӯз, ки дар Тоҷикистон вазъияти орому субот ҳукмрон аст ва мардуми кишвар дар атрофи сиёсати созандаи Сарвари давлат муттаҳиданду барои ободии Ватан талош мекунанд, вақти он расидааст, ки сабабгору гунаҳкори воқеаҳои февралии соли 1990 будани ҷинояткорони наҳзатиро ошкоро эълон кунем ва онҳоро қотеона маҳкум намоем. Нагузорем, ки дигар чунин амалҳои палидона ва нангин дар Ватани мо ба амал оянд.
         Ёдовар мегардем, ки дар ҳамаи давру замон барои аз байн бурдани амну осоиштагии мардум маҳз қувваҳои сеюм таъсиррасони мекунанд ва нофаҳмиву иғворо бармеангезонанд. Хусусан солҳои 90-ум бо чунин шакл таъсиррасониҳо буд, ки дар Тоҷикистон ҷанги бародаркуш ба миён омад ва «ТЭТ  ҲНИ» қувваи дукарата гирифта, барои ба даст овардани лаҷоми мансаб сайъ намуд. Дар такя ба гуфтаҳои яке аз қумандон ва пешсафони «ТЭТ  ҲНИ» Абдураҳим Каримов - мулақаб ба мулло Абдураҳим, гуфтан мумкин аст, ки ин қувваҳоро «ТЭТ  ҲНИ»  аз давлатҳои  хориҷии худ мегирифт. Барои ба мақсадҳои хеш расидан дастгирии хуби иқтисоди меёфт. Ин то ба ҳадде расид, ки амалҳои мудҳишона ва зараровар дар давлату миллат пиёда гардад.  Тамоми  фаъолиятҳои тахрибкорона, табоҳкорона ва сӯзандаи наҳзатиҳо дар Тоҷикистон маҳз аз воқеаҳои февралии соли 1990 шурӯъ шуда буданд. Оғози ифротгароӣ, терроризм, қатлу ғоратгарӣ ва дигар ҷиноятҳою даҳшатафкании наҳзатиҳо аз воқеаҳои февралӣ оғоз шуда буданд. Далелҳои аниқи раднопазир, хулосаи комиссияи тафтишотӣ, нақли садҳо шоҳидони он воқеот кори дасти наҳзатиҳо будани ҳодисаҳои феврали соли 1990 ва гунаҳкори он даҳшат будани онҳоро исбот кардаанд, ки дигар ягон шубҳае боқӣ намемонад.   
        Ба гуфтаи яке аз шоҳидҳои воқеоти моҳи феврали 1990 Қоҳор Маҳкамович, ки идораи давлат  дар зери назорати ин мард буд, шуруъ аз рузи 10-ми моҳи феврал аввалин бор дар назди бинои каминтети маркази талабаҳои мактабҳои касбомӯзи ва ҳунаромӯзи ҷамъ омаданд, мақсад ва баҳонаи онҳо барои чи хонаҳои моро ба Арманиҳо тақсим кардед, асл ин як баҳонаи бардуруғ буд. Баъди ҷустуҷуи асли масъала равшан шуд, ки асли кор аз сардорҳои ҳамонвақтаи «ТЭТ  ҲНИ»  сарчашма гирифтааст, ки мақсад баровардани мардум ба майдон буд. Рӯзи  дувум ба кушиш «ТЭТ  ҲНИ» мардуми Душанберо ба майдон бароварданд.  Дар он шабу рӯз бо ташабуси «ТЭТ  ҲНИ»  тарғибу ташвиқҳо ба фатвоҳои нодурусти шаръи “агар ба майдон набарои занат 3 талоқ мешавад” дар масҷидҳои Ҷумҳури бурда мешуд. То ҳатто кор ба ҷое расид, ки Ҳукумати ҳамон давраро муттаҳам ба қатли  ҷавоне карданд,  ки касе намедонист дар куҷо ба қатл расонида шудааст   то ки сабаби аз байн бурдани амнияти давлатӣ гардад.   Ва амали шуми онҳо дар охир ба муноқишаҳои дохилии давлати оварда расонид.   
          Баъди анљоми муноќишањои дохилї ин њизб парлумонї гардид, аммо набудани имконоти сари ќудрат омадан тавассути интихобот оќибат ниќоби чењраи аслии онњоро кушод. Охирин имконияти нањзатиён табаддулот буд, ки билохира дар он шикаст хўрданд. Чунин хулоса мешавад, ки сенарияи баъзе кишварњои хориљї оид ба ташкили табаддулот тавассути неруњои харобкори ифротї дар Тољикистон дар амалан татбиќ нагардид. Онњо бехабар аз он кї ягон амал ё кор ба њоли худ намемонад ва ин давлату миллат соњиб ва фарзандони бонангу номуси худро дорад, ки дар њифзи марзу бум, иззату эътибор ва фарњангу тамаддуни хеш чораандешї мекунанд. Мутассифона саркардањои ташкилоти экстремистию терористии «ТЭТ  ҲНИ»  бисёре аз нафаронеро, ки ба онњо бовар карда, баробарашон ќадам мондан мехостанд, дар амалишавии маќсадњои ѓаразнокашон истифода намуданд. Агарчї ин таљриба то ба њол барои мафкурапардозон сабаќ нашудааст, то кунун баъзе фирориёни ин њизби терористиву ифротї  эълон шуда дар хориља аз дин, «адолат», «наќзи њуќуќи инсон» даъво мекунанд, аммо боре нашуда , ки гиребони худро бў кардану амалњои хешро дар тарозуи воќеият баркашида, ба хулосае оянд, ки чї кори баде барои љомеаи Тољикситон ва чї хиёнате барои дин ва  миллат кардаанд. Дин бояд поку озодона бимонад, дин ба сони офтобест, ки аз нурхои чонбахши он хамагон истифода баранд ва дар нихоят диндорї як кори доимии шахс бо Худои хештан аст.
         Нањзатиён хостанд аз дини мубини ислом сўистифода кунанд, чунки хољагони хориҷиашон ин гуна муносибатро ба онҳо ҳам бо маблағ ва њам бо  рањнамоињои маънавї меомузониданд.
         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар ҳама  Паёмҳои худ бо нигорони аз тероризму эктреризм ва гуруҳҳои ифроти шуруъ намуданаш гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ин масъалаи ташвишовари хурду бузурги ҷомеаи имруз аст. Инро ба инобат гирифта, бояд ҳушёру дурандеш ва бо истифода аз зиракии сиёсии хеш амал намоем. 
           Нагузорем, ки дигар чунин амалҳои палидона ва нангин дар Ватани мо ба амал оянд. Бояд воқеаҳои февралӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон як дарсе бошад ва мо ҳушёр бошем, ки неруҳои бадхоҳ, табоҳкори наҳзатӣ дигар дар Ватани мо ҳузур пайдо накунанд ва нақшаҳои нопоки худро татбиқ карда натавонанд.
Мирзобеков Абдуљаббор
Сархатиби н. Мастчоњ