МУАРРИФИИ ЧАҲРАИ МАНФУРИ НАҲЗАТ БАРОЯМОН ФАРЗУ ҚАРЗ АСТ

Нашр шуд korbar - ср, 08/11/2021 - 13:11

Тоҷикистон  Ватани азизу маҳбуби мост ва Ватанро азиз доштан, ободу шукуфо гардонидан ҳам фарзу ҳам қарзи  ҳар шаҳрванд аст . Ба бахти мардуми мо дар сапедадами истиқлоли кишвар вакилонимардумӣ дар иҷлосияи  16-ми Шӯрои Олии кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон интихоб карданд

Ӯ аз рӯзҳои аввали роҳбарияш ба мардум ваъда дод, ки “Ман ба шумо сулҳ меорам”ва   ӯ ба аҳди худ вафо кард. Барномаи  асосии роҳбари давлат барномаи  ваҳдату ягонагӣ, рушди  иқтисодию иҷтимоӣ, кафолати хуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва озодии баён буд. Пешвои миллати мо барои татбиқи ин барномаҳо пайгирона саъю талош варзиданд, ки имрӯздар кишвари мо сулҳу амонӣ ва оромишу осоиш ҳукмфармост. Аз ин хотир, месазад барои фарои орому осудаи ин Ватан ҳарчи бештар аз сиёсат ва иқдомҳои Пешвои муаззами миллат ҷонибдоркунем. Зеро ин амр фармудаи дину мазҳаби аҷдодии мо мебошад. Мувофиқи таълимоти дини мубини ислом итоат ба Худо ва паёмбару фармонравоён воҷиб мебошад. Худои бузруг дар ояти     59-умисураи Нисо меформояд:

Эй муъминон, Худоро  фармонбардорӣ кунед ва пайғамбару фармонравоёнро аз ҷинси хеш фармонбардорӣ кунед. Тибқи ривоёти Табаронӣ, Байҳақӣ ва Суютӣ аз ҳазрати Абубакр ривоят аст, киПаёмбар (с) фармуданд: Подшоҳи одил дар рӯи замин сояи худо аст. Ҳар касе чунин подшоҳро эҳтиром кунад.худоро эҳтиром намудаст ва ҳар касе чунин подшоҳро эҳтиром накунад, Худоро эҳтиром накардаст".  

Ояти сареҳи раббонӣ ва аҳодиси саҳеҳи набавӣ маҳз ба хотири он аст, ки мардум дар меҳани худ бо мусолиҳаву муоҳода ҳамзистии мусолиматомезро ба роҳ монанд ва дар рушду тавсеаи самтҳоигуногуни ҳаёти ҷомеа саъю талош варзанд .

Қадамҳои аввалини истиқлолият дар кишвари мо бо ҷанги хонумонсӯз оғоз гардид, ки аз ҷониби  ТЭТ ҲНИ роҳондозӣ шуда, яксаду панҷоҳ ҳазор кушта, 1-миллион гуреза ва беш аз 8 миллиардхисороти молӣ дар пай гузошт.

Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва сарвари давлат пайваста толош меварзиданд, то осудагию оромӣ дар мамлакат ҳукмфармогарданд.

Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Пешвои миллат 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид ва он рӯзи муборак рӯзи ваҳдати миллй эълоншуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷрибаи пешқадами сулҳи тоҷиконро меомӯзад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.

Худованд дар Қуръони карим мефармояд: "Ва сулҳ (барои шумо) беҳтар аст".

Аммо сад афсӯс ҳизбе, ки баъд аз бахшидани тамоми гуноҳонаш соли 2015 бори дигар кӯшиши табаддулоти давлатӣ намуд, акнун бо ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ мехост дар сатҳи ҷаҳонӣ ба обрӯиТоҷикистон зарба занад. ТЭТ Ҳизби наҳзат бо ин амалаш  мехост сайёҳонро аз Тоҷикистон дур сохта, ватани моро ҳамчун минтақаи ноамн муаррифӣ созад. Мо хуб дар хотир дорем, ки ТЭТ ҳизбинаҳзати ислом соли 1992 кишвари амну осударо ба харобзор табдил дода, ҳазорон мардуми бегуноҳро бо мудҳиштарин воситаҳо ба қатл расонида буд.

Пас, бо дарназардошти ин, ҳамаи моро ҳам фарзу ҳам суннат аст, ки ёру дӯстон, хешу ақрабо тамоми ҳамватанонро аз макру ҳила ва найрангбозии гурӯҳҳои террористии ба ном исломӣ, махсусанТЭТ ҲНИ огоҳ созем. Зеро дини ислом динест, ки мардумро ба сӯи иттифоқу ваҳдат даъват намуда, одамонро аз тафриқа , ихтилофу ифрот ва тафрит иғвогарӣ боз медорад.

Фахриддин Зоиров,

имомхатиби масҷиди ҷомеи н.Шаҳритус