Дӯстдории Ватан танҳо дар гуфтор набояд бошад...

Нашр шуд korbar - сб, 08/07/2021 - 14:55

Аммо дӯст доштани Ватан танҳо дар гуфтор набояд бошад. Чӣ тавре, ки Пешвои миллат таъкид доштаанд:

“Фарзандони бонангу номуси миллат ва кулли шаҳрвандони кишвар вазифадоранд, ки бо шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол ва Ватани соҳибихтиёрамон ба хотири ҳимояи истиқлолияту озодӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллату давлатамон саъю талош намоянд”.

Яъне муҳимтарин хосияти ватандӯстӣ ин аст, ки инсони солимандеша нисбат ба пешрафту мушкилоти меҳанаш бепарво ва бетараф буда натавонад. Пешрафти давлаташро аз они хеш ва камбуду нуқсони ӯро низ ҳамчун мушкилоти хештан арзёбӣ мекунад. Нисбат ба ҳимояти марзу бум ва моликияти давлативу ҷамъиятӣ, саҳм гузоштан дар ободии кишвар ва таъмини суботу амнияти сартосарӣ ба таври масъулиятшиносона муносибат намояд ва масъулияти ватандориро дарк кунад.   

Танҳо дар ҳамин ҳолат инсон ба доми фиребу тазвираҳои хоинони миллат намеафтад ва барои меҳани худ ҳамеша фарзанди содиқу вафодор мемонад.

Набояд фаромӯш кард, ки тарғиби ватандӯстиву ватандорӣ низ нишони муҳаббат ба меҳану сарзамини хеш аст. Вазифаи тамоми ниҳодҳои зидахл ва умуман ҳар фарди бедордил  аст,  ки расидан ба қадри Сулҳу Ваҳдат ва Истиқлолро ба кулли сокинони кишвар талқин намоем.

А. Муродов,

ходими дин