БА ДАСИСАИ ПАЙРАВОНИ НАҲЗАТ НАБОЯД БОВАР КАРД

Нашр шуд korbar - ср, 08/11/2021 - 15:02

Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯзҳо аъзоёни созмони террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом дар мисоли худбохтагоне чун М. Садриддин ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа сомонаҳои бесомонеро таъсис додаанд, ки ҳадафи он иғвобарангезӣ мебошад. Ҳар як навишат ва матлабҳои чопнамудаи ин сомонаро агар бубинем, дарк мекунем, ки воқеан ҳам М. Садриддин девонае беш нест.Ҳоло ӯ ҳамчун саги девонаи занҷирбанд намедонад аз  пои кӣ маҳкам газард. Зеро ягон вақт инсони солим ва дорои савод чунин тӯҳмат ва бӯҳтон намекунад ва чунин аблаҳона наменависад.

Ин гуна дасисабозиҳо барои наҳзатиён таҷрибаи нав набуда, балки дар гузаштаи начандон дур чунин иғвоҷӯиву иғвоангезиҳои онҳо боиси бадбахтиҳои бузурге гашта буд. Аз ин рӯ, набояд ба чунин дасисаҳои номардонаи нафароне чун М. Садриддин дода шавем. 

Бурҳониддин Аминов,

Мутахассиси Кумита