ҲАСАДУ БУҲТОН. ДУ АСЛЕ, КИ САРМАШҚИ КОРИ НАҲЗАТИЁН АСТ

Нашр шуд korbar - вт, 08/10/2021 - 10:09

Ҳасад яке аз сифатҳои ношоистаест, ки гоҳинсон дучораш мешавад ва дар худаш заминаи бисёре аз гуноҳони дигарро фароҳам мегардонад. Ин сифат, ки дар зумраи хулқиёти разила қарор дорад, чунон бад ва зараровар аст, ки Худованд ба Паёмбари Аъзам (с) ва мӯъминон мефармояд:

Бигӯ: Паноҳ мебарам ба Парвардигори сапедадам, … Ва аз бадии  ҳасуд, он гоҳ ки ҳасад варзад». (Сураи «Фалақ»,ояти 1 ва 5)
      Шахси ҳасадхӯр дар баробари пешравӣ ва бартарии дигарон беқарор мегардад ва барои зоил ва нобуд кардани он бартариҳо, ҳар коре, ки дар тавонаш бошад анҷом медиҳад. Чунон, ки аз маорифи қуръонӣ ва одобу ахлоқ ба даст меояд, шахси ҳасадхӯр бо гуфтору рафтор нисбати дигарон нигоҳи бадбинӣ, ҷосусӣ, ғайбат ва туҳмат эҷод мекунад, то ҷойгоҳи ӯро поин ва аз худро болотар бибарад. 

       Чунин як рӯҳияи паст ва разилона имрӯз дар хоини миллат аъзои ташкилоти террористии наҳзат бо номи М. Садриддин пайдо гардидааст, ки бо суханҳои аблаҳонаи худ дар шабакаҳои интернетӣ нисбат ба зодрӯзи Пешвои миллат  бадгӯиҳо кардаст. Ин шахс дар худ як рӯҳияи паст ва разилона дорад, ки намехоҳад саодату пешравии дигареро бинад.

        Аммо ин аблаҳи фиребхӯрда фаромӯш кардааст, ки дар шароити феълӣ фиреб додани мардум амри муҳол аст, зеро ғолибан тамоми мардуми равшанфикр ва боинсоф ҳама чизро дида, таҳлили худро кардаанд ва шукрона аз он мекунанд, ки дар давлати орому пешрафта зиндагӣ доранд ва чунин як Пешвои одилу раъиятпарвар доранд.

А. Ҳомидов,

ходими дин