ВОҚЕИЯТИ ТАЪСИСИ ТЭТ ҲНИ

Нашр шуд korbar - пн, 08/09/2021 - 16:13

Барои ҳар як инсони андешаманд маълум аст, ки ташкилоти террористии наҳзати исломӣ аз сӯи ҷонибҳои манфиатдор бо ҳадафи нотинҷиву нооромии Тоҷикистон ва таҳмили андешаву эътиқоди бегона таъсис ёфтааст.

         Роҳбарону бунёдгузорони ин ҳизби террористӣ иддао доранд, ки бояд дар Тоҷикистон “наҳзати ислом” ё ҳамон бедориву эҳёи ислом сурат бигирад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё ислом дар Тоҷикистон нобуд шудааст ва мардуми Тоҷикистон мусулмон нестанд? Воқеият ин аст, ки онҳо умуман дар бораи исломи анъанавии Тоҷикистон фикр надоштанд. Рафтор ва кирдорҳои роҳбарони наҳзат ба «исломбизнес» шабеҳият дорад. Ислом барои онҳо воситаи ба даст овардани сармояи молиявӣ ва ноил гардидан ба ҳадафҳои нопоки худ буд, ҳаст ва мемонад. 

         Имрӯз мо-мардуми Тоҷикистонро зарур аст, ки ба хотири сулҳу субот ва таъмини амният дар кишвар ҳушёрию зиракиро аз даст надода, аз нақшаҳои душманони миллат огоҳу бохабар бошем. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд як гуқтаи муҳимро ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки шарти муҳимтарини хушбахтии инсон ин зиндагии ором дар ватани осудаву обод мебошад. Бинобар ҳамин, мо тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд шукрона аз он кунем, ки ватани тинҷу ором дорем ва дар фазои тинҷиву оромӣ ҳаёти осоишта ва зиндагии аразанда дорем. Ин сулҳу субот бояд бо баҳои ҷон ҳифз шавад. 

М.Усмонов,

ходими дин