Террористон на тарбият доранду на дин

Нашр шуд korbar - сб, 08/07/2021 - 11:36

Террорист, барҳақ, мазҳаб надорад. Чаро? Чунки ё онро нашинохтааст ва ё ба андак чизе фурӯхтааст. Ӯ дар ин ҳол на мақоми худро медонад ва на мақоми пешвои мазҳабашро. Ба ҷаҳолату фиреб чун аз он маҳрум гардидааст, пайравиро карда наметавонад ва ҳам аз он ор дорад. Бар гузаштаи нек, имомони ростин, муҷтаҳидони асил, ки беш аз ҳазор сол бо раҳнамоияшон дину шариат пойдор мебошанд, кулӯх меандозанду фаҳм намесозанд, ки ҳатман подошашон санг аст. Бар рӯи олимони асили дин, устодон ва падарони худ меситезанду онҳоро нодону гумроҳ мехонанд. Ин афрод равияву гурӯҳҳову ташкилотҳои зиддимазҳабиро наҷотдиҳандаи худ ва мисли худашон донистаанд. Бешак, ин гуна афроди бемазҳаб ба иҷрои ҳар кор: қатлу ғорат, хароб намудан бо як ифтихори барояшон хос рӯ меоранду мепиндоранд, ки қаҳрамони давранд.

Баъзе аз ҷавонон барои ба даст овардани пули калон, қисмати дигар бо мақсади ширкат дар «ҷиҳод» ба ин гуна гурӯҳҳо ҳамроҳ шуданд.  Дар байни  онҳо ҷавононе ҳастанд,  ки  мактаби миёнаро нав хатм  карда,  аз тариқи  шабакаҳои интернетӣ ба доми ифротиҳо афтодаанд. Табиист, ки ин гуна фарзандон волидони худро дар байни мардум сархам намуда, ояндаи худро зери суол мебаранд. Агар оиладор бошанд, фарзандон аз тарбия дур гардида, тафаккур ва ҷаҳонбиниашон ноқис мемонад.

Барои он ки  фарзанд  ба  роҳи  рост  равад, бояд ӯро аз хурдӣ тарбияи дуруст кард, то ин ки дар пирӣ такягоҳи падару модар гардад. Тавре ки шоир фармудааст:

Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

 

Р. Усмонзода