Истиқлол моро ба ҷаҳон шиносонд

Нашр шуд korbar - пн, 08/09/2021 - 15:42

Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳаёти миллати   тоҷик гардиши куллиеро ба бор оварда, арзишҳои волои озодиро арзонӣ   дошт. Бузургтарин дастоварди Истиқлолият истиқрори  сулҳ   ва  ба даст овардани Ваҳдати комили миллӣ мебошад.

Истиқлолият халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуи  сарнавишти худ    намуда , ҷомеаи моро ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба   таърихи   аҳли   башар пайванд намуд. Маҳз ба шарофати он мо  худогоҳу    худшинос   гардидем   ва   ба қадри ин марзу бум, ватани аҷдодӣ ва забони модариамон ба таври   бояду   шояд мерасидагӣ шудем. Шукронаи он мекунем , ки маҳз ҳамин рӯёдоди  таърихӣ   моро аз    тамоми      бандҳо   раҳо    намуд.  Аз     минбари     созмонҳои    баландтарини байналмилалӣ , ба вижа , Созмон Милали Муттаҳид садо додани забони тоҷикӣ , давлати тозаистиқлоли моро  дар   ақсои   олам    муаррифӣ    намуд.  Ҳатто   касе тасаввур карда наметавонист ,ки ба чунин рӯзи неку фархунда  мерасем . Таҷлили бошукуҳи 1100- солагии Давлати Сомониён , 1310 – солагии бунёдгузори  мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам Абу Ҳанифа , бо забони тоҷикӣ тарҷума  ва    нашр   шудани китоби муқаддассамон  Қурони    Карим , номгӯи     мухтасари    дастовардҳои оламшумули мо дар даврони Истиқлолият мебошанд. Ҷои     ифтихор    аст, ки   ба шарофати роҳу нақбҳои нави мувофиқ ба меъёрҳои   ҷаҳонӣ , Тоҷикистони    азизи мо аз тариқи роҳҳои заминӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ    пайваст    гардида,    мо бошем, аз    бунбасти коммуникатсионӣ халос   шудем. Бунёди    нодиртарин сохтмони   давр – Неругоҳи барқи обии Роғун аз ҳиммати  баланду ҷавонмардии бемислу монанди Пешвои миллат гувоҳӣ   медиҳад.

Насли имрӯзи ҷавонони тоҷик ба анъанаи гузаштагони худ  содиқона   барои мустаҳкам намудани пояҳои истиқлолият устуворона  ва  шуҷоатмандона кору пайкор менамоянд.

Он рӯз дер нест, ки Тоҷикистонро дар радифи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бубинем.

Исматулло Забуров