ПАЙМОНЕ БАРОИ ЭҶОДИ ФИТНА ДАР ТОҶИКИСТОН

Нашр шуд korbar - ср, 09/01/2021 - 15:00

Дар ҷаҳони муосир ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бо сӯиистифода аз дину арзишҳои динӣ талоши ба даст овардани сарвати муфт ва нооромии ҷомеаҳоро мекунанд. Аз ҷумла, ташкилоти террористии ҲНИ аз зумраи аҳзобест, ки пайваста аз эътиқоду боварҳои динии мардум сӯиистифода кардаву бар замми ин талоши дар ҷомеаи Тоҷикистон таҳмил намудани мазҳаби бегонаро кардааст. Вақте бо гузашти солҳои парда аз рӯи аъмоли бешарафонаи ин ҳизби террористӣ бо роҳбарии Кабирӣ бардошта шуд, ӯву пайравонаш аз ватан фирор намуда, кишварҳои аврупоиро барои худ сарпаноҳ гирифтанд. Вақте Кабириву пайравонаш дар Тоҷикистон фаъолияти озод доштанду дар Парлумон соҳиби курсӣ буданд, ҳамеша ҳадафи ормониашон ташкили як давлате бо низоми исломӣ дар Тоҷикистон буд. Аз ин дидгоҳ, суолҳои фаъолони ҷомеаи мадании Тоҷикистон мантиқӣ буд, ки баъди фирори Кабирӣ мепурсиданд, бо он ҳама дилбастагие, ки ба низоми исломӣ доштед, чаро ба кишварҳои исломиву мусулмонӣ паноҳанда нашудед?. Воқеият ин аст, ки ислому мусулмонӣ барои Кабириву кабиримаобҳо аслан арзише надорад. Ин буд, ки вақте “аврупоӣ” шуданд, аз “исломӣ” будани ҳизбашон нангашон меомад. Аз ин рӯ, онро ба якчанд қисмат ҷудо намуда, ба он “номи замонавӣ” - “Паймони миллии Тоҷикистон” гузоштанд. Дар асл ин “паймон” ҳамон паймонест, ки наҳзатиёни ифротӣ бо сарпарастону хоҷагони хориҷиашон бастаанд. Паймоне барои ноором кардани вазъи Тоҷикистон, паймоне барои эҷоди фитна дар Тоҷикистон, паймоне барои таҳмили мазҳаби бегона дар Тоҷикистон, паймоне барои ба хоку хун кашидани кишвари азизи мо. Нишони ин гуфтаҳо суханрониҳои ахири худи Кабирӣ буд, ки аз ғалабаи як тӯдаи ифротӣ дар кишвари ба мо ҳамсоя – Афғонистон табли шодӣ мезад.

Аз ин нигоҳ, бояд мо ҳамаи талоши худро барои ҳифзи ҳамин сулҳу осоиштагие, ки дар кишвари худ дорем, сафарбар намоем. Зеро мо амалан ҳуқуқи маънавии иштибоҳ кардану фиреб хӯрданро надорем. Миллати мо аллакай як маротиба гирифтори макри наҳзату наҳзатмаобон гардида буд ва умед дорем, ки ин макри наҳзатиён ибрате барои аҳли ҷомеа гардида бошад. Зеро Паёмбар (с) мефармоянд: “Мусулмони воқеӣ аз як сӯрох ду маротиба газида намешавад”.

Диловар Шарифзода